ВОХУРӢ БО ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАИ ДДТ

172

Дар доираи барномаи Форуми байналмилалӣ “Оид ба сиёсати устувор, мустақилияти бисёрвекторӣ ва технологӣ дар шароити муосир”, бахшида ба 145 солагии фаъолияти Донишгоҳи давлатии Томск дар шаҳри Томски Федератсияи Россия декани факултет Файзуллозода Э.Ф. ҳамроҳ бо профессори факултети физика Хоҷазода Т.А. бо декани #ФАКУЛТЕТИ_ФИЗИКАИ ДДТ вохурӣ намуданд.Факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Томск соли 1948 таъсис ёфтааст, ки аз рӯйи 2 ихтисосҳои зерин мутахассис (бакалавр, мутахассис ва магистр) омода мекунад:физика;системаҳои иттилотӣ ва технологӣ;Дар факултет барои таълими донишҷӯён ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 120 академикон, профессорон, дотсентон ва омӯзгорону муҳандис-барномасозон кор ва фаъолият мекунанд.Факултет дорои пойгоҳи мустаҳками илмӣ-таҳқиқотӣ буда, аз он донишҷӯён, магистрантон ва муҳақиқон васеъ истифода мебаранд.