ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

175

Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети физика ҷиҳати ҷоннок намудани таълиму тарбияи донишҷӯён санаҳои 14 ва 15.12.2023 дар бинои таълимии факултет вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои амалкунанда баргузор гардид. Дар ҷаласа декани факултет н.и.ф.м., дотсент Қодирзода З.А. ва раиси ассотсиатсияи волидайн Асомиддинов З., муовини декан оид ба тарбия Одинаев Қ., муовини декан оид ба таълим Авази М., Лутфуллоев Н.А., мудирони кафедраҳои тахассусӣ, раиси Шурои занони факултет Иматшоева Н. ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. Зимни вохӯриҳо аз ҷараёни хониш ва давомоти донишҷӯён масаъалаҳо баррасӣ шуданд.Зимнан волидайни донишҷӯнро декани факултети физика, дотсент Қодирзода Зафар Абдуламин хайрамақдам намуда, маълумот дар бораи шарту шароитхои факултет, имконияҳо, дастовардҳои устодону донишҷӯён, ҳамкориҳо бо марказҳои илми ва донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва ғайра манузр намуданд ва баъдан оид ба аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарбияи дурусти насли наврас суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.Мудирони кафедраҳои тахассуси низ вобаста ба рафтору одоби донишҷӯён фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд. Сипас сарпарастони гурӯҳҳои академӣ доир ба хислат, рафтор иштирок дар дарсҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.Дар охири ҷаласа ба донишҷӯёне, ки бо дониши хуб ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд бо ифтихорнома ва ба волидайни онҳо бо сипосномаи факултет қадрдонӣ шуданд.