ВОХӮРӢ БО ВОЛИДАЙН

463

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» садорати факултети физика вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯйёни курсҳои 2 – юм ва 3 – юмро баргузор намуд.

Вохӯрӣ бо ибтикори мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳусниддин ва раиси шурои волидайни факултет профессор, Махсудов Б.И. гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа декани факултет доктори илмҳои физикаю математика профессор Солеҳов Д.Қ. суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.