ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

242

Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҳанӯз аз давраҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиштагӣ, соҳибихтиёриву фазои оштии миллӣ даст ёфта маҳз дар ин замина пояи давлатдории худро мустаҳкам намудааст. Ваҳдати миллӣ яке аз унсури асосии ба даст овардани сулҳи тоҷикон буда, талошу заҳматҳои фарзандони содиқи Ватан дар роҳи худшиносиву ҳувияти миллӣ ниҳоят арзишманд маҳсуб мешавад. Зеро халқи тоҷик ҳануз аз замони сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрванди дар солҳои 90- ум вазъиятеро аз сар мегузарониданд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон чунин ҳодисаи нохуш ба вуқӯъ напайваста буд. Аз соли 1990 ин ҷониб маҳз қувваҳои мухолифини давлат бо супориши хоҷагони худ вазъи орому осоиштаи кишварро ноустувор сохта, дар ҳама манотиқи кишвар митингҳои давомдоро ташкил намуданд. Маҳз дар он замон нобаробариву маҳалчигӣ дар байни ҷомеаи то рафт зуҳур мекард, ки оқибат ба ҷангу хунрезиҳои зиёд табдил ёфт. Дар ин миён танҳо нақшаҳои террористии наҳзатиёни хоҷапараст дар кишвар амалӣ мешуданд. Онҳо танҳо як мақсаду маром доштанд, кишваро ба оғуши хун кашида, миллатро ба парокандагӣ оварданӣ буданд. Маҳз дар солҳои навадум вақте, ки бо айби роҳбарон ва пешвоëни ТТЭ ҲНИ ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ сар зад вазъияти кишвар рӯз ба рӯз мураккаб мешуд. Қатлу куштор ва золмии ин раҳбарони хоҷапараст бар сари мардуми тоҷик меафзуд. Мардумро бераҳмона ва ба таври ваҳшоният ба қатл мерасониданд. Дигар хуни инсонҳо ҳеҷ арзише надошт барои онҳо. Мардум танҳо як роҳ доштанд фирор аз ватани аҷдодии худ. Лекин дар таърих нест ҷанге, ки оқибаташ сулҳ нашуда бошад. Вақте, ки бераҳмиву бародаркушӣ дар кишвар дар авҷ буд. Худованди мутаол ба гирияи талхи кудакону ятимон оҳу нолаи кампирону модарон ва муйсафедон посух гуфт. Воқеан ҳам дар ҳаëти тақдирсози мамлакат шахсе вориди арсаи амал шуд, ки нахустин паëмаш ба мардум ин буд. “Ман ба шумо сулҳ меоварам” Ӯ ҳамон сарвар аст, ҳамон сарваре, ки бо арзиши ҷони худ ба халқу миллати худ хизмат намуда ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид. Ӯ ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар кишвари ҷангзадаи мо сулҳ офарид ваҳдат офарид ва амну осоиштагиро дар мамлакат устувор гардонид. Дар вазъияти бисёр ҳам ҳасос, ки тақдири амнияти давлат дар хатар буд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилотҳои вазнин диққат надода бо талошу матонати мардонагӣ барои имзо гардонидани Созишномаи истиқрори сулҳ нахустинбор ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуд. Дар лаҳзаи нахустин роҳбарони мухолифини кишвари Тоҷикистон барои имзо гардонидани ин созишнома ризоияти худро надода буданд. Аммо бо талошҳои бевоситаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуфтушунид бо роҳбари ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид ва ҷонибҳо барои имзо намудани Созишномаи сулҳ қарорҳои мушаххасро ба имзо расониданд. Сипас соли 1994 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия бори аввал “Созишномаи истиқрори сулҳ” ба имзо расид. Ва ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ба оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида бо ҳам қарори оташбасро дар кишвар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Пас аз имзои ин санади муҳим дар кишвар фармони оташбас содир шуд, ва оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои ҳамеша дар кишвар хомӯш гардид. Зимни мулоқот роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон Саид Абдулоҳи Нурӣ барои имзои Созишномаи истиқрори сулҳ санаду қарорҳои зеринро ба имзо расонидаанд:— Созишномаи умумӣ оид ба таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон;— Протокол оиди ҳамдигарфаҳмӣ миёни президент Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин Саид Абдуллоҳ Нурӣ;— Изҳороти дар Маскав тасвиб шудаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифин Тоҷикистон Саид Абдуллоҳ Нурӣ ва намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ. Д. Меррема.— Созишномаи умумӣ оид ба таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин 9 ҳуҷҷати дигарро дар бар мегирифт.- Протокол оиди қонунҳои асосии таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон;-Созишномаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ Нурӣ дар ҷамъбасти гуфтугӯҳо дар шаҳри Маскав 23 юми декабри соли 1996;-Протокол дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ;-Низомнома дар бораи Комиссияи оштии миллӣ;-Протоколи иловагӣ ба протокол “Дар бораи вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ”;-Протокол дар бораи гурезаҳо;-Протокол дар бораи мушкилоти низомӣ;-Протокол дар бораи масъалаҳои сиёсӣ;-Протокол дар бораи татбиқи кафолати созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.Ваҳдати миллӣ асоси пешрафти ҷомеа, ягонагиву хештаншиносӣ сулҳпарастиву соҳибихтиёриро дар кишвари Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст. Маҳз бо ба даст овардани ин неъмати бебаҳои миллат рушди устувори осоиштагиву амнияти миллӣ дар ҷомеа рушд намуда, ба ташаккули давлатдории мо мусоидат намудааст. Ваҳдати миллӣ ягона омилӣ муҳими самарабахши суботи ҷомеа дониста шуда, дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар пешрафту ободонии ва рушди босуботи кишвар замина гузоштааст. Дар ҳамин раванд асоси ба даст овардани соҳибихтиёриву ваҳдати миллӣ маҳз хизматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин замина нақши ниҳоят арзишманд гузоштааст. Ҳамасола дар кишвар 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, ки бо омадани ин санаи муҳим ҳисси тамомуларзии ваҳдатсолориву оини якдигарфаҳмии ҳар як фарди ҷомеа зинда мегардад. Имсол аз қабули ин ҷашни муҳими сиёсӣ расо 26 сол пур мешавад, ки ҳама ҳодисаву воқеаҳои бар сари миллати тоҷик омадаро дар таърихи давлатдории мо сабт намудааст.

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети физика Имомов Н.

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети таърих Шарофуддинов С.

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети журналистика М. Аминзода.