ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ САРҶАМЪИВУ ХУШБАХТИИ ИМРӮЗУ ОЯНДА

260

Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,

Осмонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст.

Ҳар гулу ҳар сабзаву ҳар ҷӯяки оби равон

Раҳкушову раҳсипору раҳнамои ваҳдат аст.

Оби софи чашмаҳои шаҳдрезаш ҷӯ ба ҷӯ

Ҳамсуруду ҳамдуруду ҳамсадои ваҳдат аст.

Ин куҳанмарзи азизон зодгоҳи бахти мост,

Бахти нурафшони мо андар ҷилои ваҳдат аст.

Ваҳдати миллӣ чист? Ваҳдати миллӣ ҳамдигарфаҳфӣ, ҳамсириштӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва пойдории як халқ, як миллат аст. Ваҳдати миллӣ бешубҳа, ҳамчун кафили эътимод ба ояндаи нек ва хушбахтии мардуми Тоҷикистон мебошад. Чӣ қадар дахсолаҳо гузарад ҳам, кимату аҳамияти ин комёбӣ боз ҳам афзунтар мешавад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи муттаҳидии халқи тоҷик буда садди ҳар гуна таҷовуз ба соҳибихтиёрӣ ва истиклолияти давлати точикон мебошад. Ба шарофати ин комёбӣ, инчунин устувории рӯҳияи пойдор халқи тоҷик тавонист соҳибихтиёрии кишвар, тамомияти арзии онро ҳифз карда, ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ризоияти шаҳрвандӣ ноил гардид. Вазъият баъди ба даст овардани истиқлолият дар мамлакат хуб набуд. Бӯҳрон тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифт, аммо ҳарчанд вазъият душвору хатарнок ба назар мерасид, барои баромадан аз он муносибати солим ва оқилона лозим буд. Бояд мо дарк кунем, ки халқи тоҷик барои расидан ба ваҳдати миллӣ як таҷрибаи душвор ва сангинро пушти сар кард. Пас аз имзои санади истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, ки барои халқу давлати мо тақдирсоз буд, дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Дар ин замина, мехоҳам зикр намоям, ки ба шарофати хирадмандии мардуми тоҷик ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имкон пайдо шуд, ки худи мавҷудияти миллат, давлати миллӣ, забон ва фарҳанги асил ҳифз карда шавад. То имрӯз дар кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатӣ тадриҷан шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда истодааст. Дар натиҷаи заҳматҳои фидокорона ва пурмаҳсули тамоми тоҷикон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ваҳдати миллӣ ва ҳамфикрӣ ба вуҷуд омад, ки ба рушду тақвияти давлатдории кишвар мусоидат намуд. Бояд гуфт, ки ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон, ки асосгузораш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ҷумлаи дарсҳои арзишмандест, ки дар ҳалли низоъҳои мусаллаҳ дар ҷаҳон эътироф гардида, ба таври васеъ истифода кардан мумкин аст ва ин далел аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳифз, азиз ва қадрдонӣ намояд, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пойдории арзишҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ саъй намояд, ҷавононро ба қадршиносӣ ва ҳифзи Ватани худ раҳнамоӣ намояд. Бояд донист, ки Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, пеши роҳи аз байн рафтани аввалин давлати миллии дунявии тоҷиконро гирифта миллатро аз пора-пора шудан наҷот додааст. Имрӯз мо бо ифтихор изҳор менамоем, ки ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар баҳри таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди давлатдорӣ ва ободии Ватани маҳбубамон саъю талош меварзанд. Чун кабӯтар сулҳи тоҷикон парафшон дар самост, — Бар ҳама дунё паёми мо салои ваҳдат аст. Он чи фардо парчами моро ба кайҳон мебарад, Дасти азми халқи мо – дасти расои ваҳдат аст. Бегазанду ҷовидонӣ бод он халқе, ки ӯ Сӯи фардояш равона по ба пои ваҳдат аст. Тоҷикистон маркази сулҳу амонии ҷаҳон, Пешвои миллати мо – Пешвои ваҳдат аст!

Қодирзода З.А. н.и.ф-м., дотсент декани факултети физикаи ДМТ

Латипова С.З., муовини декан оид ба таҳсилоти фосилавӣ

Лутфуллоев Н.А., муовини декан оид ба таълим