ВАҲДАТ – ТАВОНОТАРИН ОМИЛИ УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

352

Ваҳдат тавонотарин омили устувории миллат, шаҳсутуни бахти миллат, шӯҳрату шону тахти миллат аст. Ваҳдат хандаи ширин ба лаб ва ҳам меҳр дар қалбҳост. Миллати номвари точик, дар марҳалаи навини тақдирсози хеш ваҳдаташро чун гавҳари нобу пок ҳифз намуд ва ин буда, ки ба рӯзгорони саодатбору тарабафзо расид. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, дар ин марҳилаи пурҳаводис раҳнамою пешбар ва рӯҳбаландсозу парчамафрози аҳли Ватан буд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози кули мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, дар ҷумҳуриамон таҳдоби ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои рушди сатҳи зиндагии мардум, ободиву суботи давлати соҳибистиқлоли мо заминаи мусоид фарохам созад.

Имруз кули мардуми Тоҷикистон аз бистушашумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил ба амал меоваранд. 27 июни соли 1997 ба таърих сахфаи чун даврони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид шудааст. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамгирои ва осоиш дар кишвар, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти феъливу ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Аз самими қалб ба Шумо дустони азизи шунаванда, точикони Точикистону тамомии чахон солимиву сахатманди ва пешрафту муваффақият ба хотири рушди механи махбуб таманно дорем. Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, асоси рузгори хушу наку ва эътимоди рушду суботи Ватани азиз мебошад.

Ваҳдати тоҷик садои миллат аст,

Ваҳдати тоҷик дуои миллат аст.

Парчами Ваҳдат парафшонӣ кунад,

Ваҳдати тоҷик Худои миллат аст.

Тасвиби Созишномаи сулх имкон фарохам овард то мунокишоти дохили ва муковимоти мусаллахона дар кишвар поён ёбад ва ба мархалаи навини Точикистон – гузоштани тахдоби сулх, таъмини вахдати милли ва дар ин чараён ба эътидол овардани фаъолияти сохоти мухталифи Точикистон ва рушди онхо огоз гардад. Вахдати милли як омили муттахидсози тамомии мардуми Точикистон шароит фарохам овард, ки бо истифода аз арзишхои аз суи чомеаи чахони эътирофшуда дар кишвар зербинои рушди чомеаи шахрванди гузошта ва барои бехбудии сатхи зиндагии мардум, ободи ва ояндаи давлати сохибистиклол заминаи мусоид фарохам омад.

Ваҳдати миллӣ чун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони тоза овард ва дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда афрухт ва қалби хурду бузурги кишварро мамлуъ аз шодиву фараҳ намуд. Хамчунин рӯйдоди нодири таърихӣ дар калбу шуъури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор ва ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад.

Бо назардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз махсуб ёфта , асоси хушбахтӣ ва саодати онхо низ мебошад. Вазифаи ҳар шахси бедордилу огаҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бояд заруроти таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъол бошем. Ҳар як фарзанди Тоҷикистон, ки ин марзу буми аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хадафи аслии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи мардуму Ватани азизи мо хидмат намояд. Мавриди тазаккур аст,ки ҳар миллатро тавассути фарҳанги оламшумулаш мешиносанду эҳтиром мекунанд. Тоҷикистон бо таърихи пурғановати худ, осори гаронбаҳои моддиву маънавӣ ва ёдгориҳои беназири таърихиву фарханги дар миёни қавму миллатҳои ҷаҳони муосир мавқеи хос касб карда, ки ин боиси ифтихори кули миллати точик мебошад.

Шоимов Э.Ҷ., н.и.ф-м, дотсенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физикаи ДМТ

Ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика Маҳмадуллоев Д.З.