ВАҲДАТ – ИТТИҲОДИ МИЛЛАТ

198

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати сохибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.Сулҳу оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст.Вахдат бошад ба хам омадан , сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму поктинату миллатдӯст будан.Вахдат-беҳтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон , нумуи даврон хастии инсон дар хар замину замон аст.Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатхои ҳамзамони берунмарзи мавқеу мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат,якдигарфахмии истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбуди меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».Он даарахте , ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳтдодаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оарда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа – Кулоб сохмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи укёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям.Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини хамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида,такягох аст.

Сабринаи Мавлон – магистранти соли аввали факултети физикаи ДМТ