Устодони кафедра

Умаров Султон (1908-1964), физикдон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, яке аз муассисони илм дар Узбекистон ва Тоҷикистон ,академики АИ Узбекистон(1943) ва академики АИ Тоҷикистон(1957), Арбоби шоистаи илми РСС Тоҷикистон. Хатмкардаи Академияи педагогии самарқанд (1931) . Собиқаи Фаъолияти корию илмиаш: солҳои 1963-1941-дотсенти факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Узбекистон (Самарқанд): 1941-1942- аввал муовин сипас директори Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд : 1942-1943 ва 1945-1950-ректори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Тошканд ):1950-1956-мудири Шӯъбаи физикаи назариявии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ Узбекистон , 1956-1957- директори ҳамин Пажӯҳишгоҳ. Солҳои 1957-1964 (то поении умр )- Президенти АИ РСС Тоҷикистон ва дар як вақт мудири кафедраи физикаи назарии ДДТ буд. Таълифоти илмии Умаров ба мехханикаи статистӣ физикаи ядро (ҳастта) электроникаи физикӣ, наз- арпияи олоти нимноқилӣ ва фалсафаи табиатшиносӣ оинанд .Ҳамчунин , ба забони узбекӣ чанд асарри свҳнавӣ ва шеърҳо навиштааст. Дар давраи сарвари АИ РСС Тоҷикистон будани Умаров дар пешрафти илми тоҷик таккони ҷиддй ба амал омад. Умаров Султон бунёдгузори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ Тоҷикистон аст, ки ин дам мусаммо ба номи ӯст. Умаров узви Кумитаи иқтисодии Шӯрои миллатҳои Шӯрои Вазирони СССР,Комиссияи умуми иттифоқии аттестатсионӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти илмии академияҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раиси Шӯрои илмӣ оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Маърӯзаҳои АИ Тоҷикистон »буд .Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ,чандин медал ,ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии РСС Узбекистон ва РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст .

Адҳамов Акобир (1928-1990), физикдон доктори илмҳои физикаю математика (1964),профессор (1966),академики АИ ҶТ (1968). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1949). Фаъолияти меҳнатиашро дар ДДТ оғоз кврда, дар вазифаҳои муаллими калон (1953-1954), декани факултаи физикаю математика (1953-1954) кор кардааст . Фаъолияти минбаъдаи меҳнатиаш дар вазифаҳои директории Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ ҶТ, саркотиби илмии АИ Ҷаённ кардааст. (1965-1968) . Адҳамов Акобир ба сектори физикаи назарриявӣ ва силсилаи лабораторияҳои ултрасадо, таҳлили рентгенӣ – сохторӣ , таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ ва криогенӣ дар Пажӯҳишгоҳи фавқуззикр асос гузоштааст. Тадқиқоти илмии Акобир ба акутикаи молеекулӣ ва назарияи кинетики паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъҳо кор карда баромадааст . Назарияи кинетики эластикӣ ва ғилзати моддаҳои ғайриякҷиса ва падидаҳои интиқорлро тарҳрезӣ намудааст . Адҳамов Акобир муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва чандин китобу дастурҳои таълимӣ аст . Узви Шӯрои олимони АИ СССР , Шӯрои олимони ВДОММ СССР , Шӯрои олимони ДДМТ буд. Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ »,медалҳои « барои меҳнати шоён » ва «Собиқадорӣ меҳнат» аст.

Ҳакимов Фотеҳ Холиқович (20.04.1937) дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёиён ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1954 ба факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо дипломи аъло соли 1959 хатм намудааст. Дар соли 1960 ба аспирантураи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дохил шуда, онро соли 1963 ба итмом мерасонад. Аз соли 1963 Ҳакимов Ф.Х. дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ мепардозад. Соли 1964 натиҷаи корҳои илмии худро таҳти роҳбарии профессор Власов А.А. дар мавзӯъи “Оиди хосиятҳои статсионарии плазмаи комилан ионизатсияшуда дар майдони магнитии диполӣ бо назардошти чархиш” ҷамъбаст намуда, дар Донишгоҳи давлатии Маскав рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Соли 1964 ба вазифаи декани факултаи физикаю-математика таъин шуда буд. Пас аз як сол Ҳакимов Ф.Х. ба вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявӣ таъин мегардад. Солҳои 1969-1973 боз дар вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявӣ кор карда буд. Солҳои 1973-1975 ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи физикаи Академияи Илмҳои ИҶШС, солҳои 1976-1979 ҳамчун мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кору фаъолият бурда буд. Соли 1980 дар пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии физикаи хастаи Донишгоҳи давлатии Маскав дар мавзӯъи “Масъалаҳои назарияи плазмаи турбулентӣ” (турбуленти қавӣ) рисолаи докториро ҳимоя намуд. Солҳои 1981-1987 мудири кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1987-1998 декани факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1992-1996 мудири кафедраи физикаи назариявии факултаи физика фаъолият бурдааст. Инҷунин Ҳакимов Ф.Х. муаллифи зиёда аз 300 мақола, аз ҷумла 27 бо забони хориҷӣ, 7 монография ва 16 адад китобҳои дарсӣ мебошад. Тадқиқотҳои асосии Ҳакимов Ф.Х. ба физикаи плазмаи турбулентӣ ва муҳити конденсатсияшуда бахшида шудааст. Ҳакимов Ф.Х. дар давоми фаъолияти худ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии мактабҳои олии ИҶШС, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии информатика, равандҳои информатсионию технологӣ, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Абдуллоев Ҳабибулло (1946-2020), физикдон . доктори илмҳои физикаю математика (1912), профессор (1996). Узви вобастаи АИ ҶТ Хатмкардаи ДДТ. Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (2000). Фаъолияти меҳнатиаш дар ДДТ аз ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ оғоз гардида (1968 – 1972), минбаъд дар вазифаҳои дотсент (1972 – 1994), профессор(1994) кор кардааст ва аз соли 1996 то соли 2011 мудири ҳамин кафедра кор кардааст. Тадқиқоти илмии Абдуллоев Ба назарияи сохторҳои ғайрихатии системаҳои магнитӣ мансубааст. Абдуллолев тасвири назариявии бархурди ғайричандирии солитонҳо, сохтори ҳолатҳои умумикардашудаи когерентиро нисбат ба гуруҳҳои пешниҳод намудааст. Абдуллоев муаллифи зиёда аз 260 маrолаи илм, 3 монография ва 12 китоби дарсӣ мебошад. Сазовори медали «Хизмати шоиста» (2006), Арбоби илм ва техникаи ҶТ (2011). Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.У. Умаров (2014) гаштааст.

Одинаев Саидмуҳамад, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви Академияи илмҳои Ню-Йорк, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, 19 октябри соли 1942 дар ноҳияи Ховалинги таваллуд шудаааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб, соли 1960 ба факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин ба ихтисоси физика дохил шуда, онро соли 1965 хатм намудааст. Аз соли 1965 то с.1966 ба ҳайси асистенти кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи мазкур фаъолият намуда, аз соли 1966 то соли 1967 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат карданд. Аз соли 1967 то соли 1969 муаллими физика ва методисти Шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ фаъолият намудааст. Аз соли 1969 то соли 1979 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1979 то соли 1999 дар кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз вазифаи дотсент то профессори кафедра фаъолият намудааст. Баъд, аз соли 1999 то соли 2001 ба сифати директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2005-ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, аз соли 2005 то соли 2008–ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 то соли 2016 ба сифати ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Шӯъбаи физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз декабри соли 2016 то ҳол вазифаи сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, ва ҳамзамон профессори кафедраи физикаи назариявии ДМТ-ро ба ӯҳда дорад. Тадқиқотҳои илмии профессор С. Одинаев асосан ба масъалаҳои омӯзиши сохтор, ҳодисаи интиқол, табиати равандҳои релаксатсионӣ ва хосиятҳои чандирию акустикии моеъҳои сода, бисёратома, ионӣ, магнитӣ ва маҳлулҳои электролитӣ бахшида шудаанд. Натиҷаи пажӯҳиши илмии ӯ дар 300 маводи илмӣ, аз он ҷумла дар 1 монография ва 5 васоити таълимӣ интишор гардидаанд. Саҳми профессор Саидмуҳамад Одинаев дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос калон аст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 7 нафар рисолаи номзадpo ҳимоя кардаанд. Ӯ ҳоло роҳбарии кори илмии як аспирант, ду унвонҷӯ ба ӯҳда дошта, машваратчии илмии ду докторант мебошанд. С.Одинаев аз соли 2003 то 2007 раиси Шӯрои махсусгардонидашудаи назди Комиссияи Олии Атестатсионии Федератсияи Россия доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои «Теплофизика ва теплотехникаи назариявӣ» дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ буданд, ки 17 нафар рисолаҳои номзадии худро дар ин Шӯро ҳимоя намуданд.

Солиҳов Давлат (тав. 15. 01. 1956, н. Ҳамадонӣ), физик, номзади илмҳои физикаю математика(1987), дотсент (1988). Хатмкардаи ДДТ (1981). Фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин донишгоҳ аз вазифаи ассистенти кафедраи физикаи назарявӣ оғоз кардааст. Баъдтар муаллимикалони ҳамин кафедра (1981). Солҳои 1991-2001 муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи физика, сардори қисми илмии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буд. Аз с. 2002-дотсенти кафедраи физикаи назариявии ДДМТ, профессор (2017). Корҳои илмии ӯ ба тадқиқи назарияи равандҳои пароканиши маҷбурии мавҷҳои электромагнити дар плазма оиданд. С. Муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, 15 дастури таълимӣ ва як китоби дарси мебошад. Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон, ва медали «Хизмати шоиста» сазовор гаштааст.

Комилов Қосим (тав. 26. 04. 1945, н. Хуросон), физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1978), дотсент (1983). Хатмкардаи ДДТ (1967) ва аспирантураи он (1975). Фаъолияти меҳнатиаш дар кафедраи физикаи назарявӣ оғоз ёфта, дар вазифаи ассистент (1967), муаллими калон (1975), дотсент (1983), мудири кафедраи физикаи назарявӣ (1987), бори дигар дотсент (1992), муовини декани факултаи физика оид ба таълим (1999, 2001), декани факултаи физика (2001-2007) кор кардааст. Аз с. 2007-дотсенти кафедраи физикаи назарявӣ. Декани факултаи физика (2009-). Тадқиқоти илмии Комилов Қосим ба физикаи плазма, назарияи молекулави-кинетикии моэъҳои магнитӣ мансубанд. К. муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ ва чанд дастури методӣ, дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста» (2018) мебошад.

Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон 29-уми январи соли 1980 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 2003 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии ДМТ оғоз гашта, дар назди ҳамин кафедра солҳои 2005-2007 дар аспирантура таҳсил намудааст. Баъди хатми аспирантара дар вазифаи ассистенти ҳамин кафедра фаъолияташро давом дода, соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои магнитӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявии ДМТ ва аз соли 2015 инҷониб ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият намуда истодааст. Китобҳои «Механикаи назариявӣ (қисми 1), Асосҳои таҳлили векторӣ ва ҳисобҳои тензорӣ, Ҳалли масъалаҳо аз физика» аз чоп баромадааст. Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ. Бо усули молекулавӣ-кинетикӣ системаи муодилаҳои гидродинамикаро бо назардошти майдони магнитии беруна барои моеъҳои магнитӣ тартиб дода, муодилаи Смолуховскийро барои зичии бинарии зарраҳои моеъи магнитӣ ҳосил намуда, ҳалли умумии онро ёфтааст.

Хоҷаев Алиҳмад Абдуғафорович (31.08.1987, н. Ҳамадонӣ) соли 2005 ба факултети физикаи ДМТ дохил шуда соли 2010 онро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявӣ ба ҳайси лабаранти калони кафедра фаъолият оғоз намуда, аз соли 2011 инҷониб ассистенти кафедра мебошад. Хоҷаев Алиҳмад алакай пас аз хатми донишгоҳ ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ машғул буда, аз моҳи январи соли 2014 то 31-якум декабри соли 2016 ҳамчун аспиранти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ таҳсил намуд. Аз моҳи январи соли 2017 инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ фаъолият намуда истодааст. Рисолаи илмии ӯ ба мавзӯи «Ташаккули салоҳиятнокии касбии омӯзгорони оянда ба фаъолияти мустақилонаи эҷодкорӣ» бахшида шудааст.

Алишери Маҳмадлатиф (12.07.1990 с.тав. н. Шаҳринав) соли 2008 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2013 бо дипломи аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба кафедраи физикаи назариявӣ факултети физика ба ҳайси ассистент ба кор омадааст. То имрӯз ба донишҷӯён аз фанҳои гуногуни физикаи назариявӣ дарс мегӯяд. Ҳамзамон соли 2014 ба аспирантураи шӯъбаи ғоибонаи Институти илмии тадқиқоти шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ ДМТ дохил шуда, онро соли 2018 хатм намуда, моҳи апрели 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Пажвоки ғайрихаттии фотоакустикии xисмҳои сахти як ва дуқабатаи ғайриякxинсаи оптикӣ» ҳимоя кардааст. Инчунин дар мавзӯъҳои лоиҳавии «Акустикаи радиатсионӣ» берун аз каферда аъзо буда ба таҳқиқотҳои илмӣ машғул аст. Зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз чоп баромадаанд.

Қодирзода Зафар Абдуламин (07.09.1992 тав. н. Ховалинг) соли 2010 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2015 бо дипломи аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба кафедраи физикаи назариявӣ факултети физика ба ҳайси ассистент ба кор омадааст. Аз моҳи январи соли 2017 ба шуъбаи аспирантураи ДМТдохил шуда, онро соли 2020 хатм карда, моҳи майи 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Сохтори майдони электромагнитӣ ва резонансҳо дар тахлияи ғунҷоиши баландбасомад бо фишори паст» дифоъ намуд. Зиёда аз 21 мақолаҳои илмӣ ва тезисҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аз чоп баромадаанд.