УСТОД ВА ОЛИМИ ВАРЗИДА

290

21 сентябри соли 2022 доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти ДМТ Абдуллоев Ҳ.М. ба синни мубораки 70 қадам мениҳад. Мавсуф дар ш. Душанбе таваллуд ёфта, соли 1974 пас аз бо дипломи аъло хатм намудани факултети физикаи Университети давлатии Тоҷикистон дар вазифаи муҳандиси Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо ба кор қабул гардид. Дар тӯли солҳои 1974-1989 ӯ дар вазифаҳои ходими хурд (1978), калон (1985), пешбари илмӣ (1988) ва мудири лабораторияи мазкур адои хизмат намудааст. Пас аз хатми шӯъбаи ғоибонаи аспирантура, соли 1984 ӯ дар Шӯрои диссертатсионии Институти илмӣ-таҳқиқотии ба номи Л.Я. Карпови ш. Москва рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Соли 1989 ӯ ба вазифаи дотсенти кафедраи физика ва механикаи полимерҳо интихоб гардид. Соли 1996 Абдуллоев Ҳ.М. ба докторантура дохил гардида, таҳқиқоти илмиашро дар ҳамкорӣ бо олимони Институти нафту химияи АИ ФР давом дод ва соли 2000 рисолаи докториашро ҳимоя намуд. Пас аз хатми докторантура, соли 1999 Абдуллоев Ҳ.М. ба вазифаи дотсенти кафедраи физикаю механикаи полимерҳо ба кор қабул гардид. Солҳои 2001-2007 вазифаи муовини декан оид ба корҳои илмии факултети физикаро ба ӯҳда дошт. Соли 2002 ба вазифаи профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт интихоб гардид. Тӯли солҳои 2007-2009 Абдуллоев Ҳ.М. вазифаи декани факултети физика ва солҳои 2009-2018 вазифаи мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахтро ба ӯҳда дошта, аз 02.04.2018 то ҳол дар вазифаи профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт фаъолият менамояд. Абдуллоев Ҳ.М. олими шинохтаи соҳаи физикаю механикаи полимерҳо аст. Таҳқиқоти илмии ӯ ба масъалаҳои сохтор, реомеханика ва хосиятҳои физикии полимерҳо, нанотехнология ва наномаводҳои полимерӣ бахшида шудаанд. Мавсуф бо истифода аз маҷмӯи усулҳои физикӣ таҳқиқоти бисёрҷанбаи сохтор, хосиятҳои релаксатсионӣ, мустаҳкамӣ-деформатсионӣ ва ноқилияти лавҳаҳои полимерии фуллерендоштаи консентратсияашон гуногунро, ки дар ҳалкунандаҳои ароматии гуногун ҳосил шудаанд, омӯхта, робитаи мустақими байни сохтори сополиэфирҳои термотропӣ дар ҳолатҳои моеъ ва сахт, рафтори релаксатсионии онҳо, хосиятҳои часпаку чандирии гудохтаҳо ва мустаҳкамии маводҳои аз онҳо тайёр кардашударо ошкор намудааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 180 асарҳои илмӣ, 2 монография, 2 ихтироот ва 8 дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Абдуллоев Ҳ.М. дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмию омӯзгорӣ саҳми босазо гузоштааст. Дар тӯли фаъолияташ дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои илмӣ ӯ сарпарастии командаи олимпии факултетро ба ӯҳда дошта, донишҷӯёни факултет дар Олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ 5 маротиба ғолиб ва 1 маротиба ҷойи дуюмро сазовор гаштанд. Шогирдони устод дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» сазовори ҷоизаҳо гардидаанд. Соли 2012 бо ташаббуси Абдуллоев Ҳ.М., дастгирии садорати факултет ва раёсати Донишгоҳ дар назди кафедра ихтисоси метрология, стандартонӣ ва сертификатсия ба фаъолият оғоз намуд, ки имрӯз дар факултет он яке аз ихтисосҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад. Абдуллоев Ҳ.М. ҳамчун мутахассиси соҳибкасб дар бурсҳои Маркази байналмилалии илмӣ-техникии ДМТ ва Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИ Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, саҳмаш барои дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ назаррас мебошад. Дар таҳти роҳбарии Абдуллоев Ҳ.М. 4 унвонҷӯ рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя кардаанд. Ду нафар корҳояшонро ба итмом расонида, рисолаҳояшонро ба Шӯрои диссертатсионӣ барои дифоъ пешниҳод намудаанд. Абдуллоев Ҳ.М. эксперти АМИ Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди ҶТ оид ба лоиҳаҳо дар соҳаи илмҳои физикаю математика ва техникӣ мебошад. Дар тӯли солҳои 2008-2018 ӯ узви комиссияи АМИ Тоҷикистон оид ба ҷоизаи ба номи С.У. Умаров дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ буд. Абдуллоев Ҳ.М. аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон» буда, дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд. Ӯ аъзои Шӯрои олимони факултети физика, аъзои Шӯроҳои диссертатсионии Д 99.0.057.02 ва 6D.КОА-056 доир ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ мебошад. Мавсуф дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» буда, бо ордени «Шараф» дараҷаи II, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои ҶТ ва Донишгоҳи миллӣ мукофотонида шудааст.

Декани факултети физика Қодирзода З.

Мудири КФҶС Қодиров Р.Т.

Дотсенти КФҶС Табаров С.Х.