ҲУДУДИ 400 НАФАР ХАТМКУНАНДАИ ДОНИШГОҲ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

169

Имрӯз хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданро вазифаи шаҳрвандӣ ва ҷонии хеш шумориданд. Имрӯз (29.04.2023) дар фазои тантанавӣ ҳудуди 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар Шаҳраки донишҷӯён ва дар толори калони донишгоҳ бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, роҳбарияти донишгоҳ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарони донишҷӯён чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. зимни суханронӣ иброз дошт, ки “хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад”.«Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ифтихорманду сарфарозем, ки имрӯз аксари ҷавононамон ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардии хеш ҳозир мешаванд.Ҷавонони бо ору номуси миллат, Шумо фарзандони содиқи Тоҷикистон ҳастед. Рисолати асосии мову Шумо аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро дӯст дошта, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматро содиқона ба ҷо орем ва дар ҳифзи Ватан ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузорем. Бигузор, хизмати шоиста ва содиқонаи Шумо боиси ифтихори падару модарон, наздикону пайвандон ва аҳли ҷомеа гардад»- афзуд Собирзода Н.М..Дар чорабинӣ сардори Раёсати ташкили сафарбарии ситоди генералии ҚМ ҶТ Одиназода М., муовини сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Шарифзода Ф., ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе Абдуллозода С., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Ш. низ иштирок ва суханронӣ намуданд.Гуфта шуд, ки мо ба матонату далерии афсарону сарбозони шуҷои Ватан эътимод дорем ва ифтихор мекунам, ки имрӯз донишҷӯён-хатмкунандагон ҳамчун ҷавонмардони асил ба сафи муҳофизони Ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд. Чорабинӣ бо гирифтани акси хотиравӣ ва барномаи фарҳангии омоданамудани ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ ҷамъбаст шуд.Ихтиёран рафтани хатмкунандагони донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихор мост!