Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст

292

Ҳамасола дар моҳи март мардуми ба иқболи тоҷик дар фазои сулҳу суботи оромӣ ду ҷашни бузург – Рӯзи Модар ва Наврӯзи гетиафрӯзро таҷлил мекунанд. Гиромидошти ин идвораи муқаддас дар диёри озод ва ободи тоҷик бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнвора унвони Рӯзи Модарро гирифт. Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад. Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо болу парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад. Зан-модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.Бе зан чӣ бувад, зиндагиву зист дар олам, Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.Зан беҳтарин мӯъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар арафаи фарорасии Иди бонувон, ошноӣ пайдо намудан бо ҳаёту фаъолияти кории онҳо аз манфиат холӣ нест. Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона хизмат доранд. Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, имрӯз мо дар мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд. Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Умуман занони тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст». Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.. Илова бар ин, занон, ки имрӯз як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд. Дар байни сохторҳои қудратӣ шояд мақомоти корҳои дохилӣ бо доштани теъдоди зиёди занон фарқ кунад. Ва бояд қайд намуд, ки сафи занон дар мақомот рӯз аз рӯз боз ҳам зиёд шуда истодааст. Ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда пешбарӣ ва таъин намудани занони бомаърифату бофарҳанги тоҷик дар мақомоти корҳои дохилӣ тақозои замон аст.Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гаштааст ва хело хуб амал дорад. Бояд қайд кард, ки маҳз зан-модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад. Зан офарандаи ҳаёту мамот ва зиндагист, зеро бе зан ҳаёт маъно надорад. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар байтҳои зер фармудаанд:Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем, Варна чун санги сари аҳром мемондем мо.Занро ба оташ ташбеҳ додани бузургон беҳуда нест, чунки бе оташ ҳарорату гармӣ ва нуру равшанӣ аслан вуҷуд надоранд. Маҳз ҳамин оташ аст, ки бо сӯзиши хеш қалбҳоро мунаввар месозад. соҳаҳои ҷомеа фаъолият дориву пирӯзӣ насибат гардид!Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чуҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан – модар фармудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.» Бо ин рӯзи баҳори ҳамаи модарону хоҳаронро ва умуман бонувони азизи тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда, барои ҳамаи Шумо азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорам. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша шукуфон бошад!Идатон муборак , модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Раиси занони факултети физикаи ДМТ Иматшоева Нилуфар

Бюрои итиффоқи касабаи устодон ва кормандони факултети физикаи ДМТ н.и.ф.м Файзиева Малоҳатхон