ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ХАТАР БА ОРОМИВУ СУБОТ

186

Пешвои миллат, Президент ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи терроризму экстремизм, ки доғи рӯз мебошанд, дар ҳар баромадҳояшон борҳо таъкид намудаанд. Аз ҷумла: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст», «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст” ва набояд фирефтаи он гашт».Воқеан ҳам имрўзҳо яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноилшудан истифодабаранд. Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Ҳодисањои нангину марговари террористии мамолики Шарқи исломӣ ва ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон водор месозанд, ки имрӯз аҳли хирад, донишмандону мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон роҳҳою усулҳои пешгирии чунин амалиётҳои номатлубу дунёбезоронаро ҳар чӣ зудтар дарёфт намоянд. Баръакси ҳол, терроризму экстеремизм, шубҳае нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад сироят кунад. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё, мутафаккирону донишмадон фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукумрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳанд монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии халқи Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад. Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар њамеша ором ва ҳифз гардад, зеро имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Файзиева Малоҳат Раҳимҷонован.и.ф.м., дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи ДМТ