Пешвои миллат, Президент ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Дар замони имрӯза, ҷамъияти муосири тоҷик ба туфайли навсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дигаргуниҳои арзишноки системавиро аз cap мегузаронад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, ва фарҳанг, ҷалби бештари аҳолии кишварҳоро ба ҷараёнҳои пуршиддати муҳоҷирати оммавии хусусиятҳои гуногундошта ҷалб намуда, боиси печида шудани робитаҳои мушаххас дар тамоми қишрҳои ҷомеа мегардад. Ин омилҳо дар сатҳи муайян, муносибатҳои байни миллатҳоро халалдор намуда ба низоъҳои байнимилл, оварда мерасонад ва дар заминаи онҳо гурӯҳҳои мухталифи мухолиф пайдо шуда, тавассути ифротгаро, ва терроризм натиҷаҳои дилхоҳро ба даст меоранд. Барои дар ҷомеаи имрӯза муқовимат намудан ба ифротгаро, ва терроризм донистан ва дарки моҳияти ҷиноии ин падидаҳо зарур аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ба ягон дину мазҳаб умумият надорад, танҳо бо истифода аз мафҳуми ислом ба хотири амалисозии ҳадафҳои нопоку ғаразноки сиёс, анҷом дода мешаванд. Барои омода намудани чунин шахсони худкуш бо номи «ҷиҳод» ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда, ҳисси бадбин,, нафрат ва аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили онҳо ҷой мекунанд. Ҳатто то дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама муҳим ҳаёти арзишнок, худ гузашт намуда, даст ба чунин рафтори зишти ғайри инсон, мезананд. Чашм ва дили онҳо бо суханони нафратангези ин гуруҳҳои вайронкор бо ин роҳ кур гашта, фикри нафарони бегуноҳро намекунанд ва ба ин амали бад даст зада, худро зинда ба зинда нест мекунанд. Бори аввал ин амали зишти инсон, тақрибан 42 сол пеш дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) анҷом дода шуд, ки дар он 27 нафар бегуноҳон ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмдор шуданд. Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст. Дур гаштани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле диққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳил рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳақ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридгор. Ҷавонони имрӯзаи тоҷикро зарур аст, ки шукронаи ин давлати ободу зебо намуда дар пойдор мондани оромии кишвар саҳмгузор бошанд. Ва танҳо бо меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи худ, мо метавонем муҳаббат ва садоқати худро ба Ватан нишон дода, баҳри ояндаи нек шабу рӯз талош намоем. Дар ин роҳ тамоми устодону олимон ва равшанфикрони ҷумҳуриро лозим аст, ки баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони ватандусту донишманд маҳорат ва таҷрибаи хешро истифода намоянд, то барои шомил шудани ҷавонони мамлакат ба чунин гурӯҳҳои ифрот, монеа эҷод намоянд.
Ассистенти кафедраи астрономияи факултети физика Бобоев Ш.С..