Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 августи соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, банда низ иштирок варзидам ва боиси ифтихор ва сарфарозаст, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои дастовардҳо дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон сарфароз гардидам. Ман миннтдогии худамро ба Пешвои муаззами миллат мерасонам, ки мо ҷавононро ҳамеша дастгирӣ ва қадрдонӣ менамоянд. Дар давоми 22-соли охир дар факултети физикаи ДМТ маротибаи нахустин аст, ки кормандони факултет ба чунин ҷоизаи сатҳи баланди давлатӣ мушарраф мегарданд. Бояд қайд намуд, ки ин гуна ҷоизаро аз дастпарварони факултети физика соли 1998 академикҳо Ҳикмат Муминов ва соли 1999 Фарҳод Раҳимӣ ба даст оварда буданд.Хамасола, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ тариқи озмун ташкил карда мешавад. Барои таъмини шаффофият дар кори озмуни ҷоизасупорӣ комиссия дар ҳайати масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони варзида, намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шудааст. Шумораи ҷоизаи мазкур 12 (дувоздаҳ) адад буда, дар озмун довталабони то 35-сола, ки дифои рисолаи илмиашон на кам аз як сол аст, метавонанд иштирок намоянд.Дар озмун барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон мебошад. Пешвои муаззами миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Мо – ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, барои рушду нумӯи кишвари азизамон тадбирҳои судманд меандешем.
Қодирзода З.А.- н.и.ф.-м., дотсент, декани факултети физикаи ДМТ