ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БЕЛАРУС БА ДМТ

7

Аз санаи 19.11.2025 ҳайати меҳмонон аз Институти ба номи А.Д. Сахарови Донишгоҳи давлатии Беларус (ДДБ) ба ДМТ ташриф оварданд. Ба ҳайат Алексейчик Елена Валериевна – сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Тонконогов Борис Александрович – декани факултети мониторинги муҳити зист ва Чернецкая Алла Георгиевна – мудири кафедраи биологияи умумӣ ва генетикаи ДДБ шомил ҳастанд.

Дар чорчӯбаи сафари корӣ, ки аз 19 то 22 ноябр идома меёбад, меҳмонон бо роҳбарияти воҳидҳои сохтории Донишгоҳ ва устодони факултетҳои марбута (муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷамзода Ф.К., декани факултети муштараки ДМТ бо МТОК Белорус Озиназода С. ва декани факултети физика Қодирзода З.) мулоқот анҷом дода, аз озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмии факултети физика боздид намуданд. Онҳо бо фаъолияти илмӣ, имкониятҳои техникиву лабораторӣ ва самтҳои асосии тадқиқотии кафедраҳо аз наздик шинос гардиданд. Инчунин, бо донишҷӯён мулоқоти судманд анҷом доданд.

Ин ташриф ва ҳамкориҳои дар ҳоли рушд имкониятҳои навро барои тавсеаи робитаҳои академӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими иқтидори илмии устодону донишҷӯён фароҳам оварда, заминаи устувор барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар оянда мегузорад.