ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАКМИЛБАХШИ РУШДИ СОҲАИ ИҚЛИМШИНОСӢ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

206

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт.Санаи 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Дар ин бора дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш. Душанбе.Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.Баҳри амалӣ намудани ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кафедраи метеорология ва климатология корҳои илмӣ дар самтҳои Глятсиология, Гидрология, Гидрохимия, Метеорология ва Агрометеорология босурат ҷараён дошта баҳри тарбияи мутахассисони баландпоя аъзоёни кафедра фаъолияти пурсамар доранд. Аз натиҷаҳои фаъолияти илмӣ панҷ нафар аъзоёни кафедра рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд: муалимони калон П.И. Норматов (2016) ва Муминов А.О (2020) дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия, муаллими калон Ҷ.Г. Шарипов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2017) ва муалимони калон С.О. Мирзохонова ва Қурбонов Н.Б. дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ (2019) рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Дар баробари ин, бо роҳбарии устодони кафедра донишҷӯёни ихтисоси гидрометеорология ва климатология бо корҳои илмию тадқиқотии хеш на танҳо дар озмуну конфронсҳои донишгоҳию ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ ширкат меварзанд. Соли 2017 донишҷӯёни кафедра Нормаҳмедова З.О. ва Одинаев Қ.Н. дар Озмуни ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ – «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардиданд. Донишҷӯи кафедра Машрабов А.А. соли 2018 дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамчунин, соли 2017 донишҷӯ Восидов Ф.Қ. дар баробари дигар донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар экспедитсияи илмии донишҷӯён, ки дар пиряхҳои ҷанубии Қирғизистон доир гардид, иштирок намуд. Соли 2018 донишҷӯи кафедра Шарифова Т.А. бо кори илмиаш дар мавзӯи «Инновационный подход решения проблемы загрязнения рек с проблемами техники изотопной гидрологии» дар озмуни беҳтарин корҳои иноватсионӣ байни донишҷӯён иштирок карда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ҳамчунин, соли хониши 2018-2019 се донишҷӯи кафедра Раҷабов Ҳакимҷон, Машрабов Алиҷон ва Нормаҳмедова Зарнигор мавзӯи рисолаҳои дипломии худро, ки (роҳбаронашон Норматов И.Ш. ва Қурбонов Н.Б.), дар озмуни байналмилалии илмию тадқиқотии донишҷӯён таҳти унвони «Тадқиқоти донишҷӯён дар идоракунии устувори захираҳои табиии Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуда, ғолиб омаданд ва ба дарёфти гранте бо маблағи 1500$ мушарраф гардиданд. Илова бар ин, дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён – «Метеорологи ҷавон» амал менамояд, ки роҳбарии онро ассистент Н.Б. Қурбонов ба ӯҳда дорад. Аллакай, моҳи октябри соли 2019 чанде аз аъзои маҳфили «Метеорологи ҷавон», донишҷӯёни курси дуюм Мираков А., Алиев А. ва Мирзоалиев Ш. дар аксияҳои пиряхҳо дар мавзӯъҳои «Пиряхҳои Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим» (11.10.2019, Сафорати Ҷумҳурии федеролии Олмон дар Душанбе) ва «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» (25.10.2019, Маркази омӯзиши пиряхҳои назди АМИТ) иштирок ва маърӯзаҳои пурмуҳтамое намуданд.Кафедраи метеорология ва климатология бо марказҳои бонуфузи илмии хориҷа, ба монанди Донишгоҳи Колорадо (ш. Боулдер, ИМА), Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия (ш. Санкт-Петербург), Институти масъалаҳои оби АИ ФР (ш. Москва), Институти географияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон (ш. Алмато), Донишгоҳҳои Қазоқистону Олмон ҳамкориҳои илмӣ дорад. Бо ташаббуси бевоситаи кафедраи метеорология ва климатология ва дар ҳамкорӣ бо Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ду конфронси байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Таъсири тағйирёбии иқлим ба компонентаҳои экосистема» (17-18 майи соли 2017) ва «Идоранамоии хатарҳои алоқаманд ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» (26-27 сентябри соли 2018) гузаронида шуд. Дар солҳои 2014-2017 кафедра иҷрокунандаи лоиҳаи байналхалқии Маркази байналмилалии илмӣ ва технологӣ (МНТЦ) дар самти коркарди технологияи истеҳсоли маводи энергияи барқароршаванда буд. Ҳамин тавр, кафедра дар давоми фаъолияти худ беш аз 250 нафар мутахассисонро омода намудааст, ки аксари онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Мудири кафедраи метеорология ва климатология,

профессор Норматов И.Ш

Муаллими калони кафедраи метеорология ва климатология

Муминов А.О.