Таърихи кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (КФҶС) соли 1955 бо ташаббуси Арбоби хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессор Нарзуллоев Б.Н. дар заминаи кафедраи физикаи эксперименталӣ ташкил шудаст. Баъдтар, соли 1965 дар заминаи КФҶС Лабораторияи проблемии физикаи мустаҳкамии полимерҳо, ки ҳоло номи Шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии физикаи муҳитҳои конденсиро (ШИТФМК) дорад, таъсис дода шуд. Дар ҳамҷоягӣ КФҶС ва ШИТФМК яке аз марказҳои пурқуввати илмӣ ва таълимии омӯзиши сохтор ва хосиятҳои физикии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо дар Ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра дар ҳамкорӣ бо ШИТФМК 14 доктори илм ва зиёда аз 56 номзадҳои илмро тайёр намудаст. Сарварии кафедраро солҳои гуногун профессорон Нарзуллоев Б.Н., Каримов С.Н., Қурбоналиев М.Қ. ва Тӯйчиев Ш.Т. ба ӯҳда доштанд. Ҳоло мудири кафедра профессор Абдуллоев Ҳ.М. мебошад. Дар кафедра профессор Тӯйчиев Ш.Т., дотсентон Рашидов Ҷ., Табаров С.Х., муаллимони калон н.и.ф.-м. Қодиров Р.Т., Юлдошев И., ассистент Шоимов Э.Ҷ. ва мудири лабораторияҳои таълимӣ Ҷӯраева М. ба корҳои илмию таълимӣ машғуланд.
Кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт кафедраи тахассусӣ буда, дар он ба донишҷӯёни курсҳои болоӣ, асосан донишҷӯёни курсҳои 3- 5 ихтисоси физика, аз курсҳои махсуси «Физикаи ҷимҳои сахт», « Физика ва химияи полимерҳо», «Таҳлили рентгении сохтори модда», «Физикаи маҳлул ва гудохтаи полимерҳо», «Усулҳои тадқиқи сохтор ва хосиятҳои ҷисмҳои сахт», «Физикаи мустаҳкамӣ ва вайроншавии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо» ва дигарҳо дарсҳо гуфта мешаванд. Илова бар ин дар кафедра курсҳои «Механика», «Физикаи молекулӣ», «Биофизика», «Гармофизика», «Радиотехника ва радиоэлектроника», «Электроника ва асосҳои физикии МЭҲ», «Таърихи физика», барои донишҷӯёни факултаи физика ва дигар факултаҳо таълим дода мешаванд. Яке аз самтҳои ҳатмии фаъолияти кафедра нашри китоб ва дастурҳои таълимӣ мебошад, ки ба он диққати махсус дода мешавад. Дар давоми фаъолияти кафедра аз ҷониби кормандони он зиёда аз 20 китоби таълимӣ, 10 монография ва наздики 50 дастурҳои методӣ таълиф карда шудааст, ки ба қалами профессорон Нарзуллоев Б.Н., Каримов С.Н, Ястребинский А.А., Тӯйчиев Ш.Т., Абдуллоев [.М., дотсентон Эрфан П.Ҳ., Низомиддинов С.Н., Рашидов Ҷ., Табаров С.Х., Ҳукматов А.И., Қодиров Р.Т., муаллими калон Юлдошев И. ва дигарон тааллуқ доранд. Кормандони кафедра бо марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Киев, Тошкант, Майнс, (Германия), Нагано (Япония) ҳамкории зичи илмӣ доранд. Соли 2012 дар заминаи кафедра ихтисоси нав- Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия (54010104) кушода шуда, дар он дотсент Соҳибов А.А. ва ассистент Ғаффоров Ф.А. ба сифати устодони штатӣ, доктори илмҳои техникӣ Ғаффоров А.А., дотсент Умирзоқов А.А., муаллими калон Ясинов Ш.М. ва ассистент Раҳматуллоев У. ҳамчун устодони ғайриштатӣ фаъолияти илмию омӯзгориро ба ҷо меоваранд. Фаъолияти илмии КФҶС шоёни диққати махсус аст. Корҳои илмии кафедра ба самти илмии «Физикаи муҳитҳои конденсӣ» тааллуқ дошта, мавзӯи «Физикаи мустаҳкамӣ ва пластикнокии ҷисмҳои сахт ва полимерҳо»-ро дар бар мегирад. Дар иҷрои нақшаҳои илмии кафедра саҳми профессорон Тӯйчиев Ш.Т., Абдуллоев Ҳ.М., дотсентон Рашидов Ҷ., Табаров С.Х. ва дигарон калон аст. Дар зарфи 5 соли охир аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои дохил ва хориҷи кишвар нашр гардидааст. Кормандони кафедра иштирокчии кулли конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Аз ҷониби онҳо зиёда аз 100 номгӯи фишурдаҳои маърӯзаҳо ба табъ расидаааст. Ихтироъкорӣ дар КФҶС байни шӯъбаҳои ДМТ сермаҳсултарин ба шумор меравад. Устодони кафедра дар ҳамкорӣ бо кормандони ШИТ ФМК дорои зиёда аз 20 номгӯи шаҳодатномаҳои ихтироъ ва 2 патенти ихтироъ мебошанд, ки ба соҳаҳои гуногуни илм ва техника мансубанд. Ин буд, ки фаъолияти ихтироъкории профессор Тӯйчиев Ш.Т. ва дотсент Рашидов Ҷ., дар ҷаласаи ҷамъбастии Маркази иттилооту патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2007 бо медали нуқра қадршиносӣ гардида, 28 майи соли 2008 профессор Тӯйчиев бо медали тиллои маркази патентии Авруосиёӣ мукофотонида шуд. Саҳми кафедра дар тайёр намудани кадрҳои унвондори илмӣ назаррас аст. Танҳо дар 5 соли охир аз рӯи мавзӯи илмии кафедра Маҳмудов И., Муҳаммад А.Т., Шоимов У., Аловиддинов А. рисолаҳои номзадӣ ва дотсент Рашидов Ҷ. Рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуда, ассистент Шоимов Э.Ҷ. дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошад. Дар кафедра маҳфили донишҷӯён доир ба «Физикаи полимерҳо» амал менамояд, ки дар он донишҷӯёни бахшҳои 3-5 оид ба соҳаҳои мухталифи тадқиқотҳои илмии худ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Дар даҳсолаи охир устодони КФҶС якҷоя бо ходимони илмии ШИТФМК ба тадқиқи васеи сохтор ва хосиятиҳои физикии системаҳои конденсии нанокарбондор, аз ҷумла маҳлулҳои нанокарбонҳо, полимерҳои нанокарбондор ва нанотехнология, ки диққати марказҳои калонтарини илмии ҷаҳониро ба худ ҷалб кардаанд, машғул мебошанд. Олимони кафедра ва шӯъба маҳз тавассути дастовардҳои худ дар ин самт ғолиби озмуни Маркази байналмиллии илмӣ – техникӣ шуданд ва имрӯзҳо иҷрои барномаи бурси ҳамин ташкилотро ба маблағи 450 000 $ дар мухлати се сол ба ӯҳда доранд.