Таърихи кафедра

Таърихи кафедраи астрономия.

Факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз солҳои 70-уми қарни гузашта мутахассисони соҳаи астрофизикаро тайёр менамояд. Дар ибтидо ихтисосмандони ин соҳа дар назди кафедраи физикаи назариявӣ ва оғоз аз солҳои 80-ум мустақилан дар кафедраи астрофизика тайёр карда мешуданд. Дар ин муддат шогирдони бешумори кафедра то ба дараҷаи устодӣ расида, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат ва фаъолият доранд. Мутаасифона, нимаи дуюми солҳои 80-ум кафедра барҳам дода шуд ва имконияти омода намудани ихтисосмандони ин соҳа дар Тоҷикистон аз байн рафт.

Тобистони соли 1998 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох боздид ба амал овард. Дар он муддат Расадхона комилан валангор буда, пурра корношоям буд. Роҳбарияти вақтинаи Академияи миллии Тоҷикистон ва Институти астрофизика нарасидани мутахассисонро баҳона намуданд. Қайд карда шуд, ки баъд аз пош хӯрдани Ҳокимияти шӯравӣ қисми зиёди мутахассисони соҳаи астрофизика ба давлатҳои дигар кӯч бастанд. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити истиқлолияти Тоҷикистон барои бо мутахассисин таъмин намудани Расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани тадқиқотҳои кайҳонӣ зарур аст, ки кафедраи астрономия дар базаи яке аз донишгоҳҳои олӣ кушода шавад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1999 №13/4-16,1-2 кафедраи астрономия бо ихтисоси ҳамном, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона дар назди факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Кафедраи астрономия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кафедрае мебошад, ки аз рӯи ихтисоси астрономия мутахассисони ҷавонро тайёр мекунад. Вазифаи асосии кафедра аз тайёр намудани мутахассисони соҳаи астрономия барои институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва баъзе соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ иборат аст.

Дар солҳои аввал ба ҳайати кафедра устодон П.Б. Бобоҷонов, Х.И. Ибодинов, О. Наимов, Д.А. Тағоева ва А.А. Раҳмонов, Ш. Каримов ба кор ҷалб шуданд ва баъдан сафи онҳоро шогирдони кафедра А.Ғ. Сафаров, Л.А. Одинаева, Ҷ.Қ. Исмоилов, Ҷ.Х. Ҳаитов, Ш.Б. Бобоев, Н.А. Лутфилоев, С.О. Мирзохонова, Ҷ.Ғ. Шарипов, Ф.Х. Ашуров, М.В. Маҳмадшоева, М.Ҳ. Зуҳуров, Т.З. Ҳусенова, Ш. Раҳимова пурра намуданд. Аз рӯзҳои таъсисёбии кафедра кормандони Институти астрофизикаи АМИТ П.Б. Бобоҷонов, Х.И. Ибодинов, М.И. Ғуломов, Н.Х. Миниқулов, Ф.А. Тупиева, Н.А. Коновалова, О. Алимов, М. Нарзиев дар солҳои гуногун барои хондани курсҳои махсус, роҳбарии рисолаҳои курсӣ, хатм, дипломӣ, магистрӣ ва гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АМИТ ба кафедра ҷалб шуданд. Раванди таълим. Солҳои аввал роҳбарии кафедраро академик П.Б.Бобоҷонов (1999-2001) ва баъдан профессор Х.И.Ибодинов (2001-2004, 2010-2012), дотсентон А.А. Раҳмонов (2004-2010, 2012-2017), У.М. Шоимов (2017-2019) давом доданд. Аз соли 2019 то ҳол вазифаи мудирии кафедра бар дӯши дотсент А.Ғ. Сафаров аст. Айни замон ҳамасолаи тариқи ММТ дар бахшҳои рӯзона ва фосилавии ихтисоси астрономия 10 нафарӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ва 15 нафарӣ донишҷӯ ба тариқи шартномавӣ қабул мешаванд. Аз соли 2009 то соли 2014 донишҷӯёни ихтисоси “Метеорология” дар назди кафедраи астрономия ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Барномаи таълимӣ ва нақшаҳои корӣ дар асоси Стандарти давлатии таълим ва барномаи таълимии ихтисоси астрономияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ба шароити имрӯза ва имкониятҳои Тоҷикистон тартиб ва таҳия шудааст. Дар таҳияи барномаҳои таълимӣ саҳми устодони кафедра Х.И. Ибодинов, А.А. Раҳмонов ва А.Ғ. Сафаров назаррас аст. Дар кафедраи астрономия донишҷӯёни ихтисоси ҳамноми кафедра дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи зинаи таҳсилоти бакалавр фаро гирифта шудаанд.

Аз оғози соли хониши 2019 дар назди кафедра таҳсили магистратура ба роҳ монда шуд. То имрӯз 8 магистр аз рӯи ихтисоси астрономия (01.03.04-таҳқиқоти сайёраҳо) магистратураро хатм намуданд. Дар кафедраи мазкур нақшаҳои корӣ ва барномаҳои таълимии намунавӣ оид ба ҳамаи ихтисосҳои амалкунанда барои солҳои 2012, 2018 ва 2022 мавҷудаст. Соатҳои кафедра бо назардошти магистрҳо дар тули панҷ соли охир дар ҳудуди аз 4200 то 5100 соатро дар бар мегирад. Дар кафедра аз рӯи беш аз 20 фанҳои таълимӣ (фанҳои умумикасбӣ, тахассусӣ, интихобӣ ва лабораторияҳои тахассусӣ) машғулиятҳо асосан барои донишҷӯёни ихтисоси 1-02050405 – астрономия, инчунин барои ихтисосҳои 1-31040103 – физика гурӯҳҳои русӣ ва тоҷикӣ, 1-33010300 – радиоэкология, 1-3102010209 – гидрометеорология ва иқлимшиносӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин устодони кафедра фанни таълимии “Консепсияи табатшиносии муосир”-ро барои донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои амаликунандаи факултетҳои механикаю математика, геология ва биология таълим медиҳанд. Кафедра дар даврони Истиқлолият дорои расадхона ва лабораторияҳои таълимӣ шуд ва онҳо бо телескопҳо ва асбобҳои айёнӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Дар назди кафедра озмоишгоҳҳои астрономияи умумӣ (Бинои таълимии №16, синфхонаи 527), астрофизика (Бинои таълимии №16, синфхонаи 520), расадхонаи таълимии кафедраи астрофномия (Бинои таълимии №16, қабати шашум, аз се ҳуҷра иборат аст) фаъолият доранд. Озмоишгоҳи таълимии “Астрономияи умумӣ” барои донишҷуёни курсҳои поёнӣ (1 ва 2) ва донишҷӯёни ихтисосҳои дигари факултети физика сафарбар карда шудааст. Озмоишгоҳ бо тахтаи электронӣ, видеопроэктор, асбобҳои астрономӣ, аз қабилӣ кураҳои осмонӣ, харитаҳои осмонӣ, моделҳои сайёраҳо, модели Системаи офтобӣ, теодолит, нивелир, телескопи АТ-1, секстант, глобусҳои сайёраҳо, глобуси кураи осмонӣ муҷаҳҳаз аст. Озмоишгоҳи “Астрофизика” барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ аз фанҳои тахассусӣ ва лабораторияҳои тахассусӣ сафарбар карда шудааст. Дар озмоишгоҳ видеопроэктор ба асбобҳои гуногуни астрофизикӣ муҷаҳҳаз аст. Бархе аз асбобҳо соли 2010 харидорӣ шудаанд. Аз ҷумла дар озмоишгоҳ ду телескоп (Менискӣ ва экспедитсионӣ), спектрографҳо, микрофотометрҳо, теодолит, люксометр, барометр, филтрҳои ранга барои мушоҳидаи Офтоб ва сайёраҳо, асбоби нимноқили барқӣ (FLI PROLINE) бо компютер, ки дар телескоп пайваст мешавад, мавҷуд аст. Расадхонаи таълимии кафедра бо телескопи муосири навъи алт-азимутии MEADE LX200-ACF муҷаҳҳаз аст. Расадхона аз се синфхона иборат буда, дар яке аз онҳо худи телескоп гузошта шудааст. Дар синфхонаи дигар утоқи мушоҳидачиён мавҷуд аст, ки дар онҷо компютерҳо барои мушоҳида ва идораи телескоп насб шудааст. Дар расадхона ба ҷузъ телескопи MEADE LX200-ACF, асбоби нимноқили барқии SBIG ST7 ва спектрографи рақамии муосир мавҷуд аст. Асбоби нимноқили барқии SBIG ST7 имконият медиҳад, ки телескоп бо компютер пайваст гашта, навори гирифташуда мустақиман дар монитори компютер пайдо гардад. Аксҳои гирифташуда бо барномаҳои муосири астрономӣ (таълимӣ ва илмӣ) коркард карда шуда, натиҷаҳои онро дар раванди таълим, ҳангоми хондани фанҳои тахассусӣ, интихобӣ ва лабораторияҳои тахассусӣ ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Телескопи MEADE LX200-ACF имконияти мушоҳидаи зоҳирӣ (чашмдид), фотографӣ ва спектриро дорад. Ин олоти астрономиро дар ҷараёни таълим васеъ истифода мербаранд, махсусан аз курсҳои тахассусӣ ва ҳангоми таҷрибаомӯзии таълимӣ то 14 корҳои амалӣ-мушоҳидавӣ ва лабораторӣ гузаронида мешавад. Самти илмӣ. Корҳои илмии кафедра аз рӯи самти “Ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ” аз рӯи масъалаи “Кометаҳо” аз солҳои таъсисёбӣ ба роҳ монда шудааст. Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2021-2025 “Таҳқиқи таъсири хурӯҷи Офтоб бар равандҳои дар кометаҳо гузаранда” ба нақша гирифта шуда, корҳо идома доранд. Аз соли 2020 барои гузаронидани мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ расадхонаи таълимии кафедраи астрономия омода карда шудааст ва васеъ истифода мешавад. Телескопи асосии расадхона MEADE 16 LX200-ACF буда, масофаи конуниаш ба 4064 мм ва қутри оинааш 406,4 мм аст. Ба воситаи он объектҳои кайҳонии қадри ситоравиашон то 15,5m мушоҳида карда мешавад. Телескоп дорои зиҷҳои махсуси астрономӣ буда, беш аз 27 ҳазор объектҳои осмониро дарбар мегирад. Бартарии ин телескоп боз дар он аст, ки мушоҳид метавонад объектҳои заруриро ба хотираи телескоп дохил намояд. Ба сифати қабулкунаки рӯшноӣ асбобҳои нимноқилии барқии SBIG ST8-XE ва FLI PROLINE истифода мешавад. Онҳо имкон медиҳад, ки объектҳои тира дар фосилаи кӯтоҳи вақт аккосӣ ва бо воситаи барномаҳои махсуси астрономӣ коркард карда шаванд. Корҳои илмии кафедра дар бахшҳои зерин идома ёфта истодаанд:

• Омӯзиши афтиш ва лаппиши дурахшонӣ, таҳаввули параметрҳои фотометрии кометаҳои кӯтоҳдавр ва алоқамандии равандҳои фаъоли дар ҳастаи онҳо гузаранда аз хурӯҷи Офтоб;

• Таҳқиқи шароити ташаккули синхрона-синдинама дар думҳои чангин ва фаъолнокии ҳастаи кометаҳо;

• Таҳқиқи шароити бархӯрди ҳастаи кометаҳои фаъоли интихобшуда бо селҳои метеории маъмул.

Ширкати устодони кафедра дар конфронсу симпозиумҳои дараҷаҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ самаранок аст. Кафедра дар якҷоягӣ бо Институти астрофизика якчанд конфронсҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро гузаронд, пайваста бо олимони барҷастаи хориҷи дуру наздик семинарҳои илмӣ ташкил намуда истодааст. Аз ҷумла ноиби Президенди Комиссияи 46-уми Иттифоқи байналмилалии астрономӣ, профессори Донишгоҳи Зеландияи Нав Ҷон Ҳерншав, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина, профессори Донишгоҳи давлатии Украина ба номи Шевченко, мудири Расадхонаи Лесникӣ Чурюмов Клим Иванович, профессори Донишгоҳи давлатии ба номи Баумани Федератсияи Россия Юрий Обрубов, мудири кафедраи механикаи осмонии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федеретсияи Россия Константин Холшевников, мудири Шубаи Ҷирмҳои хурди Системаи офтобии Саррасадхонаи астрономии Академияи миллии илмҳои Украина, профессор Николай Кисилёв, профессори Донишгоҳи политехникии Самараи Федератсияи Россия Анатолий Заусаев, Директори Расадхонаи астрономии Париж Гиём Дубос, мудири Шуъбаи сайёраҳо ва ҷирмҳои хурди Системаи офтобии Расадхонаи астрофизикии Шамохаи ба номи Насриддини Тусӣи Академи миллии илмҳои Озорбойҷон, профессори Донишгоҳи давлатии Боку Атаӣ Адолат Абулфат-оглӣ ва ғайраҳо маърӯзаҳои илмӣ намудаанд. Донишҷӯёни ихтисоси астрономия аз курсҳои 2 – 3 ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд ва пайваста дар конференсияи илмии донишгоҳ маърӯзаҳои илмӣ ироа мекунанд. Соли 2010 кори илмии донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси астрономия Ашӯров Фирӯз дар мавзӯи «Бо усули фотометрӣ муайян намудани андозаи пораядроҳои кометаи С/2005 А1 (LINEAR)» ва дар соли 2012 донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси метеорология дар мавзӯи “Пешгӯи тағйирёбии иқлими Тоҷикистон аз рӯи моделҳои Had CM2 ва UK-TR ва муқоисаи он бо солҳои 1991-2002” дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» сазовори ҷоизаи аввал гардид. Соли 2012 Раҷаббеков Интизор дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносови дар ш. Душанбе буда, бо маърузаи илмӣ дар мавзӯи “Таҳқиқи думи аномалии кометаи С/1995 О1” баромад намуда, сазовори ҷойӣ дуюм ва ифтихорнома шуд. Донишҷӯи ихтисоси астрономия Ризои Баҳромзод се сол паиҳам дар олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ сазовори ҷойӣ аввал шуда, соли 2013 дорандаи Шоҳҷоизаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Оғоз аз соли 2014 то соли 2020 дар Раёсати Академияи миллии илмҳо олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишгоҳҳои олии Тоҷикистон баргузор мегардид. Донишҷӯёни ихтисоси астрономия дар ин олимпиада сазовори ҷойи аввал ва Ҷоми Академия мешуданд. Аз ҷумла Хуҷаназаров Ҳабибҷон соли 2014, Давлатов Умарҷон солҳои 2015 ва 2017, Файзов Шеравган соли 2016, Гадоев Сорбон соли 2018, Мавлонов Бузургмеҳр соли 2019, Нормаҳмедов Нормаҳмад соли 2020, Шарипов Диловар соли 2020 соҳиби ҷойи аввал, диплом ва Ҷоми Академия гаштанд. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Астрономи ҷавон» амал менамояд ва аъзоёни он дар конфронсҳои донишгоҳию берун аз он маърӯзаҳои илмӣ намуда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Аз соли таъсисёбӣ роҳбарии маҳфилро устодон Х.И. Ибодинов, А.Ғ. Сафаров ва Ш.С. Бобоев ба ӯҳда доштанд. Ба шарафи Соли байналмиллии астрономия дар сатҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили байнидонишгоҳии «Табиатшинос»-ро бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултетҳои табиагшиносӣ гузарониданд, ки он дар ҷамъбасти сол маҳфили беҳтарин дар донишгоҳ ҳисобида шуд. Соли 2011 бахшида ба «50-солагии парвози аввалин Инсон ба Кайҳон», соли 2012 бахшида ба «Хавфи объектҳои кайҳонӣ ба Замин», соли 2013 бахшида ба «50-солагии парвозии аввалин зан ба Кайҳон» дар факултет маҳфилҳои кушоди кафедра гузаронида шудааст. Устодон ва кормандони кафедра солҳои 2017-2019 дар якҷойгӣ бо кормандони Институти астрофизика дар Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох бахшида ба “Рӯзи астероид”маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Кафедраи астрономия ҳамасола бахшида чашнҳои касбии байналмилалӣ 12-уми апрел “Рӯзи Кайҳоннавардон”, 30 июн “Рӯзи астероид” ва 4-10 октябр “Ҳафтаи байналмилалии Кайҳон” семинарҳои илмӣ бо иштироки кормандон ва ходимони илмии Институтҳои таҳқиқотии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳҳои олӣ, дӯстдорон ва ҳаводорони астрономия ташкил карда мешавад. Ҳамкориҳо. Кафедраи астрономия аз солҳои аввали таъсисёбӣ ҳамкориҳо бо Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик вусъат бахшида, устодони кафедра Х.И. Ибодинов, А.А. Раҳмонов ва А.Ғ. Сафаров мақолаҳои энсиклопедиро дар соҳаи астрономия пайваста пешниҳод мекунанд. Дар доираи ҳамкорӣ аввалин “Донишномаи астрономӣ” барои ба чоп таҳия шудан фиристода шуд. Аз рӯзҳои аввали таъсиёбии кафедраи астрономия Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти астрофизикаи АМИТ баста шуд. Дар ин муддат матн ва муҳтавои Созишнома тағйир ёфта, самти ҳамкориҳо низ дигаргун шудааст. Натиҷаи ҷараёни ҳамкориҳо буд, ки беш аз 60% кормандони илмии имрӯзаи Институти астрофизикаи АМИТ хатмкунандагони кафедраи астрономияро ташкил медиҳанд, ки айни ҳол дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд. Дар доираи ҳамкориҳо бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рӯшди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо кормандони Институти астрофизикаи АМИТ (Алимов О. -н.и.ф.м., сарходи илмӣ, роҳбари гурӯҳи Ионосфера, Нарзиев М.-н.и.ф.м., ходими калони илмии шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравӣ, Коновалова Н.А.-н.и.ф.м., сарходи илмии шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравӣ) ва Институти физикаю техникаи ба номи Умарови АМИТ (Шоёқубов Ш.Ш.-н.и.ф.м., сарходими илмии маркази омӯзиши манбаъҳои барқароршавандаи энергия, Ризои Баҳромзод-ходими калони илмии шуъбаи нурҳои кайҳонӣ) бахшида ба рӯзи Кайҳоннавардон (ҳамасола 12 апрел) ва ҷашни ҳафтаи байналмилалии Кайҳон (ҳамасола 4 октябр) бо иштироки васеъи устодон, кормандон, магистрҳои факултети физика ва донишҷуёни кафедраи астрономия ҳамасола семинари илмӣ-амалӣ гузаронида мешавад. Ҳамкориҳои илмӣ бо як қатор донишгоҳҳои олӣ ва илмӣ – таҳқиқотӣ идома доранд. Аз ҷумла бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон, Институти астрофизикаи АМИТ, Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови АМИТ, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Расадхонаи астрофизикии Шамохаи АМИ Озорбойҷон, Донишгоҳи давлатии Боку, Саррасадхонаи астрономии АМИ Украина ва ғ. мебошад.

Устодон ва донишҷуёни кафедра пайваста бо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, доир ба масъалаҳои астрономӣ дар барномаҳои гуногуни Шабакаи аввали Тоҷикистон (барномаҳои илмӣ-оммавии тарғиботӣ “Асолат”, “Асрори Кайҳон”), Шабакаи телевизионии Сафина (барномаи илмӣ тарғиботии “Қатрае аз илм”, барномаи зеҳнии “Интеллект-шоу”), Шабакаи телевизионии Синамо (барномаи таърихӣ-фарҳангӣ “Дар оинаи таърих”, барнома – озмуни интеллектуалии “Мизони хирад”), Илм ва табиат (барномаи телевиззионии “Чор унсур”) ширкат варзида, пайваста маърӯзаҳо мекунанд. Инчунин вобаста ба ҷашнҳои давлатӣ, таҷлили ҷашни Наврӯз, дастоварҳои Истиқлолият, Соли нави мелодӣ оид ба масъалаҳои астрономӣ барномаҳо таҳия намудаанд, ки аз шабакаҳои телевизионии зикршуда пайваста пахш мегарданд. Бахшида ба омодагии донишҷӯён ва магистрони ихтисоси астрономия барои ширкат дар озмӯни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” устододон ва донишҷуёни кафедра пайваста бо кормандони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҳамкориҳо дошта доимо гузоришҳо омода менамоянд.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - 5-1024x683.jpg
OLYMPUS DIGITAL CAMERA

НОМГӮИ МАҚОЛАҲОИ ИЛМӢ, ЭНСИКЛОПЕДӢ, ИЛМӢ-ОММАВӢ, ТАРҒИБОТӢ ВА ФИШУРДАИ МАЪРӮЗАҲОИ ИЛМИИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН ВА МАГИСТРҲОИ КАФЕДРАИ АСТРОНОМИЯИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

1. Safarov A.G., Ayubov D.K. Determination of the correlation coefficient of photometric parameters of selected short-periodic comets of the Jupiter family and Solar activity // Advances in Astronomy and Space Physics. 2022. V. 12, P. 3-7.

2. Safarov A.G., Asoev H.G. Relation of brightness variations of short-period Comets 28P/Neujmin 1, 53P/Van Biesbroeck, 63P/Wild 1 with the activity of the Sun // Astronomical Journal of Azerbaijan. – 2022. Vol. 17, No 1, P. 12-17.

3. Сафаров А.Г., Гулиев А.С. Столкновения ядер комет с метеорными потоками // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2022. № 2. С. 174-184.

4. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К. Определение коэффициента корреляции фотометрических параметров избранных комет семейства Юпитера с солнечной активностью // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2022. № 2. С. 185-195.

5. Сафаров А.Ғ., Раҳимов Б. Истифодаи дастовардҳои астрономҳои тоҷик дар раванди таълим. Омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда // Материалы международной научно-методической конференции на тему «Роль естественно-математических наук и методики их преподавания в процессе ускорения индустриализации страны», посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественно-математических и точных дисциплин в области наук и образования (2020-2040 гг.)», а также четвертая цель национальной стратегии-ускорение индустриализации страны. Душанбе. 2022. С. 143-146.

6. Сафаров А.Ғ., Раҳимов Б. Истифодаи дурусти истилоҳоти астрономӣ дар илму маориф // Маводи конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши илмҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар” бахшида ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, инчунин ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноаткунонии босуръати кишвар. Душанбе. 2022. С. 29-32.

7. Сафаров А.Г., Хикматуллоев С.Дж. Движения пылевых частиц в атмосфере кометы C/2019 Y4 ATLAS // Сборник материалов Республиканской научно-практической конференции «Современные проблемы естествознания в науке и образовательном процессе», посвященная двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук. 27 мая 2022 года. Душанбе. 2022. С. 112-115.

8. Сафаров А.Ғ., Раҳимов Б. Ҳалли масъалаҳои эҷодӣ аз астрономия // Сборник материалов Республиканской научно-практической конференции «Современные проблемы естествознания в науке и образовательном процессе», посвященная двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук. 27 мая 2022 года. Душанбе. 2022. С.122-124.

9. Safarov A.G., Ayubov D.K. Relationship of photometric parameters of selected short-periodic comets of the Jupiter Family with Sun activity // Astronomical Journal of Azerbaijan. 2021. Vol. 16, No 1, P.

10. Safarov A.G., Asoev H.G. Relation of brightness variations of short-period comets 28P/Neujmin 1, 53P/Van Biesbroeck, 63P/Wild 1 with the activity of the Sun // Astronomical Journal of Azerbaijan. 2021. Vol. 16, No 1, P.

11. Observations and orbits of comets and objects. Minor Planet Electronic Circ., No. 2021-L04. 2021. 1225 p.

12. Safarov A.G. On the velocity of ejection of dust particles from the tail of comets // Метеоры и небесные объекты, погода и космос: от данных и технологий к наследию и развитию» IV Международная конференция-семинар Кащеева 2021, Харьков, Украина, 30–31 марта 2021 г.

13. А.G. Safarov, Ayubov D.K. Determination of the correlation coefficient of photometric parameters of selected short-periodic Jupiter family comets of the and solar activity // Book of Abstracts, 27th Young Scientists’ Conference on Astronomy and Space Physics, Kyiv, Ukraine, April 26–30, 2021.

14. A.G. Safarov, Sh.S.Boboev, M.H.Zuhurov. Study of comet dust tail synchrones C/2020 F3” // Book of Abstracts, 27th Young Scientists’ Conference on Astronomy and Space Physics, Kyiv, Ukraine, April 26–30, 2021.

15. Safarov A.G. On the Velocity of Ejection of Dust Particles from the tail of Comets // Abstract Book Mechanical and Aerospace Engineering, Mart 29, 2021. P.27. 16. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К. Связь фотометрических параметров избранных короткопериодических комет семейства юпитера с активностью Солнца // Сборник тезисов международной конференции «Современные направления исследований физики и динамики тел Солнечной системы», ШАО НАН Азербайджана, 4-5 октября 2021 г. С.21. 17. Асоев Х.Г., Сафаров А.Г. Связь фотометрических параметров короткопериодических комет 28P/Neujmin 1, 53P/Van Biesbroeck, 63P/Wild 1 с активностью Солнца // Сборник тезисов международной конференции «Современные направления исследований физики и динамики тел Солнечной системы», ШАО НАН Азербайджана, 4-5 октября 2021 г. С.19. 18. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К. Исследование скоростей выброса пылевых частиц аномального хвоста из ядер короткопериодических комет // Сборник тезисов международной конференции «Современные направления исследований физики и динамики тел Солнечной системы», ШАО НАН Азербайджана, 4-5 октября 2021 г. С.20. 19. Сафаров А.Г., Хикматуллоев С.Дж., Бобоев Ш.С. Движение заряженных пылевых частиц в атмосфере кометы С/2020 F3 (Neowise) // Сборник тезисов международной конференции «Современные направления исследований физики и динамики тел Солнечной системы», ШАО НАН Азербайджана, 4-5 октября 2021 г. С. 22. 20. Сафаров А.Г., Бобоев Ш.С. Определение эффективного ускорение пылевых частиц хвоста комет С/1962 С1 и С/1995 О1 // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2021. № 4, С. 195-207. 21. Сафаров А.Г., Бобоев Ш.С., Зухуров М.Х. Исследования условий образования пылевого и аномального хвостов кометы С/1961 С1 Секи-Лайнс // Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Вопросы повышения качество образования в средних и высших учебных заведениях Республики Таджикистан». Душанбе, ТНУ, 5 мая 2021 г. С. 258-263. 22. Сафаров А.Г., Бобоев Ш.С. Исследования пылевого хвоста кометы С/1995 О1 // Материалы республиканской научно-практической конференции на тему «Вопросы повышения качество образования в средних и высших учебных заведениях Республики Таджикистан». Душанбе, ТНУ, 5 мая 2021 г. С. 98-105. 23. Сафаров А.Г., Бобоев Ш.С., Хикматуллоев С.Дж. Определение эффективного ускорения пылевых частиц в хвосте кометы С/2020 F3 (NEOWISE) // сборник материалов научно-практической конференции на тему “Актуальные проблемы точных наук и информационных технологий” посвященной 30-летию независимости Республики Таджикистан и 25-летию Российско-таджикского (Славянского) университета 28 мая 2021 г. Душанбе, С. 172-180. 24. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К., Сироҷиддинов И.Ш. Фаъолнокии ҳастаи кометаи кӯтоҳдаври 19Р/Борреллӣ // Муҳаққиқи ҷавон, ДМТ, 2021, №2, С. 193-203. 25. Гадоев С.П., Шарипова Н.Т., Сироҷиддинов И.Ш. Бархӯрди пораҳои ҳастаи кометаи Шумекейрҳо-Левӣ 9 ба сатҳи Муштарӣ // Муҳаққиқи ҷавон, ДМТ, 2021, №4, С. 293-297. 26. Сафаров А.Ғ. Наврӯз аз нигоҳи астрономия // Маорифи Тоҷикистон, 2021, №3, С.11-13. 27. Сафаров А.Ғ. Фатҳи Кайҳон (бахшида ба 60-умин солгарди аввалин парвози Инсон ба Кайҳон) // Ба қуллаҳои дониш, 5 майи соли 2021, №9 (1493), С. 4. 28. Сафаров А.Ғ., Сироҷиддинов И.Ш., Худойназарова И. Ахтари илми кайҳоншиносӣ дар само ситора шуд // Файзи Зарафшон, 15 май соли 2021, №25-26 (6051-52), С. 7. 29. Safarov A.G., Ayubov D.K. The evolution of the photometric parameters of short periodic comet 2P/Encke and Solar activity // Astronomical Journal of Azerbaijan. 2020. Vol. 15, No 2, P. 172-174. 30. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К. Эволюция фотометрических параметров короткопериодических комет 2Р/Энке и 7Р/Понса-Виннеке и солнечная активность // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2020. № 2, С. 149-157. 31. Сафаров А.Г., Хикматуллоев С.Дж. Движение заряженных пылевых частиц в атмосферах комет // Материалы республиканской научно-практической конференции «Актуальные вопросы естественных наук и технологий» посвященной двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук. Душанбе, 28 октября 2020 года. Душанбе, 2020, С. 243-345. 32. Сафаров А.Ғ. Истилоҳои астрономӣ: бартарият ва норасоӣ // Материалы Республиканской научно-практической конференции, посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и образования» на тему «Современные проблемы физики конденсированное состояние и ядерная физика» Душанбе, 19 февраля 2020 года. Душанбе, 2020, С. 357-360. 33. Safarov A.G., Boboev Sh.S. Determination of the effective acceleration of dust particles in the tail of comets C/2007 N3 (Lulin), C/2011 L4 (PANSTARRS), C/2013 US 10 (Catalina), C/2014 Q2 (Lovejoy), C/2019 Y4 (ATLAS) and C/2020 F3 (NEOWISE) // Book of Abstracts, International Churyumov readings “CAMMAC-2020”, Vinnytsia, Ukraine, November 17 – November 19, 2020, P. 44-45. 34. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К. Определение коэффициента корреляции избранных короткопериодических комет семейства Юпитера и Солнечная активность // Book of Abstracts, International Churyumov readings “CAMMAC-2020”, Vinnytsia, Ukraine, November 17 – November 19, 2020, P. 71-74. 35. A.G. Safarov, Kh. I. Ibadinov. Conditions for the formation of anomalous tail of comet // Open Astronomy, 2019, V. 28, P.131-144. 36. Сафаров А.Г., Ибадинов Х.И. Механизмы образования аномального хвоста комет // Вестник Таджикского национального университета, серия естественных наук. 2019, №2/3 с. 149-154. 37. Сафаров А.Ғ. Ио // Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2019. Ҷ. 8. С. 620. 38. Сафаров А.Ғ. Иқлил // Энсиклопедияи миллии тоҷик. – 2019. Ҷ. 8. С. 331-332. 39. Сафаров А.Г., Бобоев Ш.С., Зухуров М.Х. Определение эффективного ускорения пылевых частиц пылевого хвоста короткопериодической кометы 21Р/Джакобини-Циннер. Вестник ТНУ, серия естественных наук. 2019, №3, с. 122-126. 40. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К. Эволюция фотометрических параметров кометы 7Р/Понса-Виннеке и солнечная активность // Материалы республиканская научно-практическая конференция на тему «Математическое и компьютерное моделирование физических процессов», 25 октября 2019 г. Душанбе. 2019. С. 178-183. 41. Сафаров А.Ғ. Бобоев Ш.С. Истифодаи телескопии 16 MEADE LX200-ACF дар раванди таълим // Материалы республиканская научно-практическая конференция на тему «Математическое и компьютерное моделирование физических процессов», 25 октября 2019 г. Душанбе. 2019. С. 183-189. 42. Сафаров А.Ғ., Шоимов У.М., Маҳмадбегов Р.С. Рушди астрономия // Ба қуллаҳои дониш, №7 (1453), 30-юми апрели соли 2019, с. 4. 43. Сафаров А.Г., Ибадинов Х.И., Бобоев Ш.С., Аюбов Д.К. Определение эффективного ускорения пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1 // Известия главной астрономической обсерватории в Пулкове, Санкт Петербург, 2018, №225, с. 213-216. 44. Сафаров А.Г., Ибодинов Х.И., Бобоев Ш.С., Аюбов Д.К. Определение эффективного ускорение пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1. Тезисы докладов Всероссийская астрометрическая конференция «Пулково-2018», 1-5 октября 2018 года. Санкт Петербург. 2018. с. 40. 45. Buriev A.M., Khamroev U. Kh., Abdulloev A.A., Asoyev H.G., Ayubov D.K., Safarov A.G. Observation of comet C/2017 M5 (TOTAS) and asteroids (3552) Don Quixote – Minor Planet Circular. 110641, 25 September 2018. 46. Сафаров А.Ғ., Буриев А.М., Ибадинов Х.И. Активные процессы в кометных ядрах // Материалы Республиканской научно-теоретической конференции профессорского-преподавтельского состава и сотрудников ТНУ, посвященной “Годам развития села, туризма и народных ремёсел (2019-2021 гг.)” и “400-летию Миробида Сайидо Насафи” (20-27 апреля 2019 года). Душанбе. 2019. Т.1. с. 67. 47. Сафаров А.Ғ., Аюбов Д.Қ. Омӯзиши афтиши дурахшонии кометаҳои кӯтоҳдаври 2P/Encke и 7P/Pons-Winneke // Материалы Республиканской научно-теоретической конференции профессорского-преподавтельского состава и сотрудников ТНУ, посвященной “Годам развития села, туризма и народных ремёсел (2019-2021 гг.)” и “400-летию Миробида Сайидо Насафи” (20-27 апреля 2019 года). Душанбе. 2019. Т.1. с. 67-68. 48. Сафаров А.Г., Бобоев Ш.С., Зухуров М. Исследование пылевого хвоста кометы С/2011 L4 PanSTARRS // Материалы Республиканской научно-теоретической конференции профессорского-преподавтельского состава и сотрудников ТНУ, посвященной “Годам развития села, туризма и народных ремёсел (2019-2021 гг.)” и “400-летию Миробида Сайидо Насафи” (20-27 апреля 2019 года). Душанбе. 2019. Т.1. с. 69. 49. Сафаров А.Г., Ибадинов Х.И. Механизмы образования аномального хвоста комет // Тезисы XI международной конференции «Околоземная астрономия и космическая наследия – 2019», 30 сентября-4октября, 2019 г., Казань, 2019, с. 37-38. 50. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К. Эволюция фотометрических параметров короткопериодической кометы 7Р/Понс-Виннеке и Солнечная активность // Тезисы XI международной конференции «Околоземная астрономия и космическая наследия – 2019», 30 сентября-4октября, 2019 г., Казань, 2019, с. 36-37. 51. A. Safarov. Relationship between the formation of the anomalous tail of comets with meteoroid swarms // 42-Assembly Cospar, Scientific Assembly Abstract. July 14-22, 2018, Pasedana, California, USA. B1.1-0060-18. P. 264. 52. Сафаров А.Г. Ибодов // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 7, 2018, с. 465. 53. Сафаров А.Г. Изи шиҳоб // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 7, 2018, с. 565. 54. Сафаров А.Г. Иклили Ҷанубӣ // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 7, 2018, с. 586. 55. Сафаров А.Г. Иклили Шимолӣ // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 7, 2018, с. 586. 56. Сафаров А.Г. Иқди Сурайё // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 7, 2018, с. 611. 57. Сафаров А.Г., Ибадинов Х.И., Бобоев Ш.С., Аюбов Д.К. Определение эффективного ускорение пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1 // Материалы международной конференции «Актуальные проблемы современной физики» посвященной 80-летию памяти Заслуженного деятеля науки и техники Таджикистана, доктора физико-математических наук, профессора Нарзиева Бозора Нарзиевича. 18 апреля 2018 г. – Душанбе. – 2018. – С. 231-233. 58. Сафаров А.Г., Ибадинов Х.И., Буриев А.М. Образования аномального хвоста с делением ядер комет // Материалы международной конференции «Актуальные проблемы современной физики» посвященной 80-летию памяти Заслуженного деятеля науки и техники Таджикистана, доктора физико-математических наук, профессора Нарзиева Бозора 18 апреля 2018 г. – Душанбе. – 2018. – С. 59. Сафаров А.Ғ., Шоимов У.М., Маҳмадбегов Р.С. Рӯзи кайҳоннавардон // Ба қуллаҳои дониш, 30-юми апрели соли 2018, №9, С. 6. 60. Сафаров А.Г., Ибодинов Х.И., Бобоев Ш.С., Аюбов Д.К. Определение эффективного ускорение пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1 // Тезисы докладов Всероссийская астрометрическая конференция «Пулково-2018», 1-5 октября 2018 года. Санкт Петербург. 2018. С. 40. 61. Сафаров А.Г., Ибадинов Х.И., Бобоев Ш.С., Аюбов Д.К. Определение эффективного ускорение пылевых частиц синхроны хвоста кометы С/2006 Р1 // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи мили Тоҷикистон». Душанбе. 2018. С. 64. 62. Сафаров А.Г., Ибадинов Х.И., Буриев А.М. Образования аномального хвоста с делением ядер комет // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ» ва «70-солагии Донишгоҳи мили Тоҷикистон». Душанбе. 2018. С. 65. 63. Сафаров А.Г. Забти зузанаб // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 6, 2017, с. 574. 64. Сафаров А.Г. Забти ситора // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 6, 2017, с. 574. 65. Сафаров А.Г. Забти ҷозибавӣ // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 6, 2017, с. 575. 66. Сафаров А.Г. Заволи зузанаб // Энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷилди 6, 2017, с. 590. 67. Ибадинов Х.И. Сафаров А.Г. Связь метеороидных ройев с образованием аномального хвоста комет // Вестник ТНУ, серия естественных наук, Душанбе, № 1/2, 2017, с. 111-115. 68. Раҳмонов А.А., Ибодинов Х.И., Сафаров А.Ғ. Таҳаввули ҳастаи кометаҳо дар асоси натиҷаҳои моделсозӣ, лабораторӣ ва тадқиқоти кайҳонӣ // Паёми ДМТ, бахши илмҳои табиӣ, 2017, №1/3, с. 69. Сафаров А.Г. Условия образования аномального хвоста комет // Экологический вестник ЧЭС, 2017, №4, вып. 2, с. 124-134. ISSN 1729-5459. 70. Кохирова Г. И., Девяткин А. В., Хамроев У. Х., Буриев А. М., Баканас Е. С., Горшанов Д. Л., Абдуллоев С. Х., Юсупов М. З., Мулло-Абдолов А. Ш., Ибрагимов А.А., Сафаров А.Г. Наблюдения потенциально опасных астероида 2014JO25 Таджикистане // ДАН РТ, 2017, т.60, №10, с. 490-500. 71. Х.И. Ибадинов, А.Г. Сафаров. Условия образования аномального хвоста комет // программа и тезисы международной конференции «VI-Бредихинские чтения», 04-08 сентября 2017 г., Заволжск, Россия, с. 23. 72. Кохирова Г. И., Хамроев У. Х., Буриев А. М., Абдуллоев С. Х., Ибрагимов А. А., Сафаров А. Г., Мулло-Абдолов А. Ш., Юсупов М. Результаты наблюдений комет 41Р/Туттля-Джакобини-Кресака и C/2015 V2 (Джонсон) в Таджикистане // программа и тезисы международной конференции «VI-Бредихинские чтения», 04-08 сентября 2017 г., Заволжск, Россия, С. 33. 73. Ибадинов Х.И. Сафаров А.Г., Буриев А.М., Рахмонов А.А. Возможные метеороидные рои долгопериодических и новых комет // Радиотехника. 2016, Вып. 184, с. 46-49. 74. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К., Бобоев Ш.С. Аномальный хвост кометы С/2004 Q2 // Материалы второе республиканской научно-теоретической конференции посвященной 25-летиб государственной независимости республики Таджикистан 17-18 мая 2016 года. Душанбе, 2016, с. 248-249. 75. Ибадинов Х.И., Сафаров А.Г. Связь метеороидных ройев с образованием аномального хвоста комет // Материалы второе республиканской научно-теоретической конференции посвященной 25-летию государственной независимости республики Таджикистан 17-18 мая 2016 года. Душанбе, 2016, с. 246-248. 76. Ибадинов Х.И., Сафаров А.Г., Буриев А.М., Рахмонов А.А. Возможные метеородные рои долгопериодических и новых комет // семинар посвященного 96-летию со дня рождения профессора Бориса Леонидовича Кащеева «Радиометеоры, метеоры и межпланетная составляющая: вблизи и на расстоянии» Харков, Украина, 2016 год. 77. Buriev A.M., Safarov A.G. Observation of comet С/2013 US 10 Catalina // MPC 97571-22, February 2016. 78. Buriev A.M., Safarov A.G., Aybov D.K. Observation of comet С/2013 US 10 Catalina // MPC 98719-23 Mart 2016. 79. Сафаров А.Г., Аюбов Д.К., Бобоев Ш.С. Активность ядра кометы С/2004 Q2 // Материалы международной научной конференции «Роль молодых ученых в развитии науки, инноваций и технологий», посвященной «25-летию Государственной независимости Республики Таджикистан», Душанбе Президиум АН РТ, 19-20 мая 2016 г. Душанбе, с. 12-14. 80. Ибадинов Х.И., Асоев Х.Г., Сафаров А.Г., Буриев А.М. Эволюция короткопериодической кометы 8Р/Туттля // Материалы международной научной конференции «Роль молодых ученых в развитии науки, инноваций и технологий», посвященной «25-летию Государственной независимости Республики Таджикистан», Душанбе Президиум АН РТ, 19-20 мая 2016 г. Душанбе, с. 6-8. 81. Ибадинов Х.И., Асоев Х.Г., Сафаров А.Г., Буриев А.М. Эволюция короткопериодической кометы 28Р/Неуймина 1 // Материалы международной научной конференции «Роль молодых ученых в развитии науки, инноваций и технологий», посвященной «25-летию Государственной независимости Республики Таджикистан», Душанбе Президиум АН РТ, 19-20 мая 2016 г. Душанбе, с. 10-12. 82. Safarov A.G., Ibadinov Kh.I. Velocity of ejection of meteor particle from the nucleus of comets // 41st COSPAR Scientific Assembly 2016. Space Studies of the Earth-Moon System, Planets, and Small Bodies of the Solar System (B) Past, Present and Future of Small Body Science and Exploration (B0.4) 83. Ибадинов Х.И., Сафаров А.Г. Скорости выброса метеороидных частиц из ядра комет // Материалы республиканской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной «25-летию государственной независимости Республики Таджикистан», Душанбе, ТНУ, 2016, с. 55. 84. Ибадинов Х.И., Сафаров А.Г., Бобоев Ш.С., Аюбов Д.К. Определения эффективной ускорение пылевых частиц кометы С/1995 О1 // Материалы республиканской научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной «25-летию государственной независимости Республики Таджикистан», Душанбе, ТНУ, 2016, с. 55. 85. Ибадинов Х.И. Сафаров А.Г. Некоторые закономерности образования аномального хвоста комет // Известия АН РТ, От. физ.-мат., хим., геол. И техн. Наук, 2015, №4 (161), с. 47-56. 86. Ибадинов Х.И., Сафаров А.Г. Скорости выброса метеороидных частиц из ядер комет // ДАН РТ, 2015, Том, 58, № 11, с. 983-989.