ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

237

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, кӯшиш менамояд, ки барои шаҳрвандон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам орад. Аз ин рӯ, фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ барои расидан ба ин ҳадафи бузург нигаронида шудааст. Яке монеаҳои асосӣ дар самти таъмини шароити зиндагии арзанда барои сокинон зуҳуроти коррупсия ба ҳисоб меравад. Мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин вазифаи давлат ва мақомоти он ба ҳисоб рафта, таҳкими истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ низ аз ин фаъолият вобаста мебошанд. Ба имзо расидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар соли 2003 ва таъсиси Ассотсиатсияи байналмилалии ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ натиҷаи дарки амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари ҷиддии оқибатҳои коррупсия мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва рушди ташаббусҳои зиддикоррупсионӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ яке аз аввалин кишварҳои узв буд, ки Конвенсияи СММ-ро бар зидди коррупсия ба тасвиб расонд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, дар ин радиф барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин муддат ду маротиба санади барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Манбаъ ва сарчашмаи асосии ҳамаи ин санадҳои зиддикоррупсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 ба ҳисоб мерафт, ки бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» санаи 7 августи соли 2020, №1714 аз эътибор соқит дониста шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия муқаррар намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъият аз таҳдидҳо, ки аз зуҳури коррупсия бармеоянд, нигаронида шудааст. Аз ҷумла дар моддаи 1 Қонуни мазкур коррупсия чунин муайян шудааст: «Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ». Бо мақсади таҳияву татбиқи тадбирҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо қабул гардиданд. Аз ҷумла: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, инчунин бо дарназардошти зарурати таъхирнопазирии таҳияи усулҳои нави пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати такмили минбаъдаи қонунгузории зиддикоррупсионӣ чораҳо меандешад. Тавре ишора гардид дар ин самт қонуну барномаҳои соҳавӣ қабул шудааст. Фаъолияти самарабахши мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдори давлатӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандон тавассути пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар амалҳое, ки барои коррупсия шароит фароҳам меоранд, таъмин карда мешавад.Моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» субъектҳои муқовимат ба коррупсияро ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст:1. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда;2. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд.Моддаи 8 Қонун бошад, субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунандаро чунин муайян намудааст: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Яъне ҳамаи инҳо субъектҳои муқовимат ба коррупсия мебошанд. Мутобиқи моддаи 10 Қонуни болозикр субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, инҳо мебошанд: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бонки миллии Тоҷикистон; мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати; мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; мақомоти дигари давлатӣ; субъектҳои хоҷагидор; ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ; намояндагиҳои созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд; шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ. Ҳар ду гуруҳи субъектҳои муқовимат ба коррупсия дорои ваколатҳои муайян мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Дар маҷмуъ, мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси татбиқи ҳамаҷонибаи тадбирҳое сурат мегирад, ки ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия комилан мувофиқанд. Ин тадбирҳо асосан инҳоянд:- омӯзиши криминологии ҷиноятҳои коррупсионӣ бо мақсади муайян намудани сабабҳои ба вуҷуд омадани коррупсия, арзёбии онҳо ва пешгӯии рушди вазъият ҷиҳати сари вақт андешидани чораҳои муассир оид ба пешгирии коррупсия;- банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия;-таҳия ва татбиқи тадбирҳои иқтисодии мубориза бо коррупсия бо рафъи заминаҳои мавҷудияти он.Низоми чораҳои миллии зиддикоррупсионӣ чунин самтҳоро фаро мегирад:- банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба мубориза бо коррупсия;– муқаррар намудани маҳдудиятҳо, инчунин талаботи махсус, ки ба таъмини назорати молиявии шахсони мансабдори давлатӣ бо мақсади пешгирии зуҳуроти коррупсия ва ошкор намудани онҳо нигаронида шудаанд;– таъмини танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо, назорати давлатию ҷамъиятӣ аз болои ин фаъолият;- такмили низоми мақомоти давлатӣ, кори кадрӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамоянд;– барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии поймолшудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, рафъи оқибатҳои зараровари ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои ҷиноятҳои коррупсионӣ ва коррупсия шароит фароҳам меоранд;- муқаррар намудани мамнуиятҳои ҳуқуқӣ бо мақсади фарқ кардани уҳдадориҳои хизматӣ (меҳнатӣ) аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигари ғайрирасмии шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдори давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда муайян намудани кафолатҳо ва ҷубронпулиҳои марбут ба маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;- пешгирии маблағгузорӣ ё дигар шаклҳои таъминоти моддии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо аз манбаъҳои манънамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;- гузаронидани тадқиқоти криминологии ҷиноятҳои коррупсионӣ бо мақсади баҳодиҳӣ ва пешгӯии онҳо, муайян намудани замина ва сабабҳои ба амал омадани коррупсия, андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати пешгирии онҳо;- роҳандозӣ намудани тадбирҳои маҷмуии мубориза бо коррупсия ва фароҳам овардани заминаҳои иқтисодӣ барои рафъи сабабҳои он. Низоми тадбирҳои мубориза бо коррупсия ба принсипҳое асос ёфтааст, ки онҳо аз ҷониби давлат ва ҷомеа пазируфта шудаанд ва самаранокии муқовимат бо кирдорҳои коррупсиониро таъмин менамоянд. Дар муқовимат бо коррупсия муносибати маҷмуӣ лозим аст. Аз ҷумла андешидани маҷмуи тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад: муқаррар намудани меъёрҳои шаффофи болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ, таъсиси механизмҳои ба инобат гирифтани манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми қабули қарорҳо дар сатҳи ҳукумат, ба таври қатъӣ ҷудо кардани фаъолияти хидматӣ ва тиҷоратӣ, назорати ҷамъиятӣ аз болои даромад ва хароҷоти шахсони мансабдор, ҷорӣ намудани принсипҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ, таҳияи расмиёти шаффофи харид ва ғайра. Рафъи коррупсия бо роҳи дар тафаккури аҳолӣ бедор кардани эҳсоси таҳаммулнопазирӣ нисбат ба рафтори коррупсионӣ, гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаррар намудани талаботи махсус нисбати шахсони ба мансабҳои давлатӣ таъиншаванда, ҷорӣ намудани тартиби аз кор озод намудани шахсони дар амалҳои коррупсионӣ дастдошта ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, имконпазир мегардад. Тадбирҳои зикргардида аз ҷумлаи роҳҳои маъмултарини мубориза бо коррупсия мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудани онҳо пайваста саъю талош менамояд.

НОРМАТОВ ЗАФАР – Мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ