ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

36

Имрӯз (06.03.2025) дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Декани факултет Қодирзода З.А. занонону бонувони факултетро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

Дар баромади худ декани факултет қайд намуд, ки аслан сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.

Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

Дар охири чорабини аз ҷониби садорати факултет бонувон ва донишҷӯдухтарони факултети физика бо сипосномаву туҳфа қадрдонӣ гардиданд.