СУЛҲУ ВАҲДАТ РУШДИ ДАВЛАТ АСТ!

218

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

27 июни соли 1997, яъне 26 сол пеш ин санаи ҷашнӣ, ки пас аз музокироти дуҷонибаи сулҳ миёни ҷонибҳои даргир миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик бо имзои санади ниҳоии “Созишномаи умумии сулҳ” анҷом ёфт. Пас аз имзои Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ ҳанӯз ҳам лозим буд, ки муқаррароти он амалӣ шавад. Маҳз ба шарофати талошҳои Сарвари давлат ин муқаррарот на танҳо амалӣ гаштанд, балки сол то сол сулҳу ваҳдат дар шуури ҷомеа мустаҳкам гардид. Дар чунин шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне афзояндаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида шудани равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чуни баён намудааст «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.

Таърих борҳо собит кардааст, ки сулҳу дӯстӣ, амнияту субот, ваҳдату ваҳдати миллат асоси рушди давлат, пешрафти иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардум аст, ки хушбахтона, таҳти сарварӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, мардуми шарифи тоҷик ба ин дастовардҳои бузурги сиёсӣ ноил гардиданд. Дастовард ба ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории мо дар баробари Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин дастовардҳост, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад, аз ҷумла ҳамдигарро пурра карда, роҳи рушду пешрафтро ҳамвор мекунад.

Танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ метавонад ин ва дигар мушкилотеро, ки дар назди ҷомеаи мо истодаанд, бартараф намояд, зеро маҳз ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои бузурги истиқлолияти давлатӣ гарави асосии рушди Ватани азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,

Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

Муовини декан оид батаълими факултети физика Авази Мирзо