1. Эмомалӣ Раҳмон:«Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад.»
2. Максим Горкий:«Бе Офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе Зан ишқ нест, бе Модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст.»
3. Оноре де Балзак:«Қалби Модар ба андозае густурда ва фарох аст, ки ҳамеша метавонед бахшиш ва гузаштро дар он ёбед.»
4. Иқболи Лоҳурӣ:«Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.»
5. Ҳервед:«Зан кӯдаке аст, ки бо андак меҳрубонӣ хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.»
6. Вилям Шекспир:«Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир мекунад, меҳрубонии ӯст, на симои зебояш.»
7. Шиллер:«Агар ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақоми баланд расидааст, яқинан зани покдомане ӯро ҳамроҳӣ кардааст.»
8. Ралф Уолдо Эмерсон:«Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.»