СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ – ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

15

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлол давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.Эмомалӣ РаҳмонБо хиради азалии мардуми шарифи Тоҷикистон ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат, алалхусус талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, кишвари мо ба марҳилаи комилан нави рушд ворид шуд. Давраи пасазистиқлолӣ аз роҳбарияти ҷавони кишвар тақозо менамуд, ки ба пешрафти тамоми самтҳо аҳамият диҳанд, зеро давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар зинаи ибтидоии рушд қарор дошт. Новбаста аз мушкилоту душвориҳои мавҷуда Пешвои муаззами миллат пайваста ҷаҳду талош менамуданд, то дар баробари бунёдкорию созандагиҳо дар дохили кишвар, миллату меҳани моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Маҳз аз баракати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо ба бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим оғоз намуда, дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид, балки ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори масоили ҳалталаби ҷаҳонӣ шинохта шуд.Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастовард ва волотарин неъмат дар таърихи давлатдории миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳифзи он қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи инсонии ҳар як фарди тоҷикистонӣ аст. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад. Дар баробар ин, Тоҷикистон пас аз ба даст даровардани истиқлоли давлатӣ дар самти сиёсати хориҷӣ роҳи сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта узви фаъоли созмону ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра гардида, бо субъектҳои фаъоли байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар тӯли ин солҳо ҷойгоҳ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ хеле истеҳком ёфт, зеро барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодию сиёсӣ ва буҳронҳои экологӣ, аз қабили хатарҳои фаромиллии ҷаҳони имрӯза пайваста саҳмгузорӣ менамояд. Сарваи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли қазияи Афғонистон, пешгирии терроризму экстремизм, ҳалли мушкилоти норасоии об, буҳронҳои экологӣ, тағйирёбии иқлими глобалӣ, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масоили аҳамияти ҷаҳонидошта ташаббусҳои нав ба навро пешниҳод менамоянд, ки он аз ҷониби СММ пазируфта шудааст. Маҳз бо назардошти ин нукта, Пешвои муаззами миллат зимни суханронии хеш дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ барои солҳои 2025-2034, ки 8 июни 2025 дар Фаронса доир гардид, зикр намуданд: «Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд».Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид муносибати мутақобилан судманд дорад, зеро созмони мазкур василаи нодире барои ҷустуҷӯи муштараки тавозуни манфиатҳо ва ягона мақоми ҷаҳонист, ки салоҳияти қабули қарорҳои қонунии вобаста ба амалиёти дастаҷамъӣ оид ба ҳифзи сулҳ ва низоми байналмилалиро тавассути афзоиши самараноки масъулияти Шурои амнияти СММ дорад. Тоҷикистон ҳамчун як кишвари фаъол дар арсаи байналмилалӣ, махсусан дар масоили марбут ба ҳифзи захираҳои об ва муҳити зист, ташаббусҳои зиёде пешниҳод кардааст, ки аксарияти онҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии ин созмон пуштибонӣ ёфтаанд. Бо ҳамкориву мусоидати Созмони Милали Мутаҳид ва ниҳодҳои мухталифи он ҳоло теъдоди зиёди лоиҳаҳо дар кишвар мавриди татбиқ қарор доранд ва мо равобити худро бо онҳо дар оянда низ тавсеа ва густариш хоҳем дод.Тавъам ба ин Перзеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паеёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021) дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалӣ зикр намуданд, ки «Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид». Яке аз платформаҳои хеле муҳимми ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистон бо кишварҳои қораи Осиё «Муколамаи ҳамкории Осиё» мебошад, ки ниҳоди мазкур ҳанӯз соли 2002 таъсис ёфта, 35 кишвари ин қитъаро муттаҳид менамояд. Ҳамзамон, Тоҷикистон аз соли 2018 то соли 2020 Раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро бар уҳда дошт, ки дар доираи он соли 2019 дар шаҳри Душанбе форуми муҳимми байналмилалие баргузор гардид ва албатта, чорабинии мазкур барои боз ҳам муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ниҳоди байналмилалиест, ки кишварҳои қитъаи Осиёро муттаҳид намуда, ҳадафи он таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба хотири таъмини субот ва амният дар минтақа мебошад.Падидаи муҳимми дигар ва самараи бармалои соҳибистиқлолии кишвар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Алалхусус, дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат ташаббусҳои Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (соли 2025) ва Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (солҳои 2025-2034) пешниҳод гардиданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуданд ва доир ба онҳо Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳои махсус қабул намуд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи хешро муайян менамояд.Аз ин ҷо равшан мегардад, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои халқи шарифи тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеоянд. Дар таҳкими истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело назаррас мебошад. Бинобар ин, ба қадри истиқлолу озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи шарифи тоҷикро ҳифз намудан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кардан ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Ином НОРМАТОВ,мудири кафедраи метеорология ва климатологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон