Шурои методии факултети физика
Шурои илмӣ- методии факултети физика яке аз зерсохторҳои факултет ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар факултет мебошад.
Шуро вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
1. коркард ва таҷдиди назар кардани барномаҳо ва силлабусҳои факултет;
2. Ба нақша гирифтан ва нашр намудани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ;
3. Таҳлил ва мавриди истифода қарор додани саволҳои тестӣ барои гузаронидани рейтингҳои 1 ва 2.
4. Назорати сифати таҳсилот ва иштироки донишҷӯён ба дарс;
5. Таҳлили иштироки устодон ба дарсҳои ҳамдигар ва дарсҳои кушод;
6. Ташкили раванди дарсҳо бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим;
7. Назорати корҳои илмии кафедраҳо ва татбиқи он дар истеҳсолот;
8. Ташкил намудани конференсияҳо ва семинарҳои методӣ;
9. Назорати корҳои илмӣ ва методии кафедраҳо.
10. Назорати санҷиши дониши донишҷӯён.
11. Коркарди пешниҳодҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи омодакунии мутахассисон.
Рӯйхати аъзоёни Шӯрои илмӣ – методии факултети физика дар соли хониши 2022-2023
Раиси Шӯро 1. Истамов Ф.Х. – мудири кафедраи методикаи таълими физика, дотсент. Аъзоён
2. Рашидов Ҷ. –профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт
3. Исломов З. – дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопия.
4. Ғафуров О. – дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ.
5. Зарипов А.Қ. – дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ
6. Асомиддинов З. муаллими калони кафедраи Мошинҳои ҳисоббарор системаҳо ва шабакаҳо.
7. Сафаров А.Ғ. – мудири кафедраи астрономия
8. Латипова С. – муаллимаи калони кафедраи физикаи ҳаста