СЕМИНАРИ ИЛМӢ – ҶУМҲУРИЯВИИ “СОХТОР, ХОСИЯТҲОИ ЭЛЕКТРИКӢ ВА ОПТИКИИ ПАРДАҲОИ ТЕЛЛУРИДИ КАДМИЙ”

157

Санаи 19.10.2023 тибқи нақша чорабиниҳои Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва лоиҳаи илмии “Коркарди элементҳои офтобӣ дар асоси теллуриди кадмии поликристалли”, ки дар пояи кафедраи Электроникаи физикии факултети физикаи ДМТ амал мекунад, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040” семинари илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сохтор, хосиятҳои электрикӣ ва оптикии пардаҳои теллуриди кадмий», баргузор гардид.Маърӯзачиён: д.и.ф.-м., профессор Султонов Н., н.и.ф.-м., дотсент Акобирова А.Т., н.и.ф.-м., Раҳматов Б.А. ва н.и.т., Наимов У.Р. бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Бояд қайд намуд, ки рӯшноии Офтоб манбаи маъмултарини энергия дар рӯи замин аст. Дар айни замон барои ба энергияи электрикӣ табдил додани энергияи офтоб дастгоҳҳое, ки ба эффекти фотоэлектрикӣ асос ёфтаанд, васеъ истифода бурда мешаванд. Микдори умумии энергияи офтобие, ки дар як ҳафта ба сатҳи Замин мерасад, аз энергияи тамоми захираҳои ҷаҳонии нефту газ, ангишт ва уран зиёд аст. Табдилдиҳии бевоситаи шуоъҳои офтоб бо ёрии фотоэлементҳо барои ҳосил намудани қувваи электрики (пойгоҳҳои электрикии офтобӣ) ё иҷрои дигар корҳои самаранок саривақти мебошанд. Бо ҳамин мақсад корҳое, ки кормандони лоиҳаи “Коркарди элементҳои офтобӣ дар асоси теллуриди кадмии поликристалӣ” иҷро карда истодаанд, ниҳоят актуалӣ мебошанд.Энергияи офтоб манбаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, имкон медиҳад, ки он дар миқёси афзоянда бидуни таъсири манфӣ ба муҳити зист истифода шавад. Теллуриди кадмий яке аз маводҳои ояндадор барои истеҳсоли батареяҳои офтобии хеле самаранок ва арзон ба шумор меравад. Ин нимноқил зариби фурубарии оптикии баландро дар диапазони намоён доро мебошад ва васеъгии зонаи мамнуъи он тақрибан ба 1,5 эВ баробар аст. Ба шарофати ин, пардаи CdTe – и ғафсиаш ҳамагӣ якчанд микрон ~ 90% афканишоти офтобро фуру мебарад. Дар айни замон, технологияҳои гуногуни аз ҷиҳати саноатӣ самараноки истеҳсоли пардаҳои CdTe мавҷуд аст. Ҳамаи ин усулҳо имкон медиҳанд, ки пардаҳои масоҳаташ калонро ба даст оварем.Кормандони лоиҳаи “Коркарди элементҳои офтобӣ дар асоси теллуриди кадмийи поликристалӣ” пардаҳои теллуриди кадмийро барои элементҳои офтобии самаранокиаш баланд бо усули ваакумӣ дар ҳаҷми квазисарбаст дар болои таҳлавҳаҳои теллуриди кадмий, кремний, арсениди галлий, шишаи ITO, сапфир, лейкосапфир ва полиимид ҳосил намуда хосиятҳои электрофизикӣ, сохторӣ ва оптикии онро меомузанд. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи иҷрошавандаи «Коркарди элементҳои офтобӣ дар асоси теллурди кадмии поликристалли» ба ҳалли вазифаҳои Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика», «Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ (ҚҶТ от 22.07.2013, №998)» мусоидат хоҳад кард.Дар кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи ДМТ, ки натиҷаҳо барои иҷрои лоиҳа гирифта мешаванд, корҳо оид ба омӯзиши хосиятҳои пардаҳои теллурди кадмий барои сохтани элеметҳои офтобӣ идома доранд.Натиҷаҳои тадқиқот оид ба мавзӯи «Коркарди элементҳои офтобӣ дар асоси пардаҳои поликристаллии теллуриди кадмий» дар соли ҷори 2-мақолаи илмӣ (аз ҷумла 1 Scopus, 1 мақола дар Паёми донишгоҳи давлатии Алтай (Русия), 2- маърӯза дар маводҳои конференсияҳои байналмиллалӣ ва 4 маърӯза дар маводи конференсияҳои ҷумҳуриявиро дар бар мегирад.