Семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол»

153

Санаи 07.06.2023, дар асоси дастур ва фармоиши ректори ДМТ аз 06.06.2023, таҳти №125-09 ва тибқи банди 6, 10-и нақшаи чорабинихои Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рузи Вахдати миллӣ” дар толори Шурои олимони факултети физикаи ДМТ семинари илмӣ-назариявӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибиистиқлол» доир гардид. Дар семинари мазкур Солеҳов Д.Қ., профессори кафедраи физикаи назариявӣ, Имомов Н.Р, муовини декан оид ба тарбия, Шарипов Ҷ., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ, маърузакунанда аз факултети таърих Шарофуддинов С.С., муовини декан оид ба тарбия, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ ва дигар устодону донишҷӯёни факултети физика иштирок доштанд. Шарофуддинов С.С. (маърузакунанда) дар семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу субот дар Точикистони соҳибистиқлол» маъруза намуда қайд намуданд, ки “Имсол аз қабул ва ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» дар Тоҷикистон 26 сол гузашт. Ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон яке аз асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз хамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шахрвандӣ хотима бахшид ва барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард”