
Имрӯз [24.04.2025] дар маҷлисгоҳи факултети физикаи Донишгоҳи миллӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар робита ба масъалаҳои муосири омӯзиши физикаи плазма ва физикаи моеъҳо баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд. Дар ҷараёни семинар устодон дар робита ба мавзуъҳои марбут ба хосиятҳои физикии плазма, моделсозии раванди динамикӣ дар моеъҳо, инчунин истифодаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи илм ва технология суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар семинар ба таҳлилу баррасии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқи ҷавон таваҷҷуҳ намуда, аз корномаи олимони соҳа, ки дар самти физикаи плазма ва физикаи моеъҳо корҳои арзишманди илмӣ анҷом додаанд, ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки яке аз олимони намоёни соҳа профессори кафедраи физикаи назариявӣ Комилзода Қосим Комил мебошад, ки имрӯзҳо 80-умин баҳори умрро тай доранд. Устод Комилзода Қосим Комил дастпарвари кафедраи физикаи назариявӣ буда, фаъолияти меҳнатиашро дар кафедраи физикаи назариявӣ оғоз карда, дар вазифаи ассистент (1967), муаллими калон (1975), дотсент (1983), мудири кафедраи физикаи назариявӣ (1987), муовини декани факултаи физика оид ба таълим (1999, 2001), декани факултаи физика (2001-2007) ва (2009-2011) кор кардааст. Аз соли 2011 инҷониб дар вазифаи профессори кафедраи физикаи назариявии ДМТ кор мекунад. Корҳои илмӣ-тадқиқотии ӯ ба омӯзиши физикаи плазма ва физикаи моеъҳо бахшида шудаанд. Муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои илмӣ, методӣ, дастурҳои методию таълимӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ аз физика барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Айни ҳол ба корҳои илмии донишҷӯён, магистрон ва унвонҷӯён роҳбарӣ мекунад. Узви Шурои диссертатсионии КОА ФР ва раиси Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти ҶТ аз рӯйи ихтисоси физика мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии баргузории чунин семинарҳо рушди тафаккури илмӣ, густариши ҳамкориҳо миёни муҳаққиқон, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди олимони соҳа мебошад.
