СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОИРАИ СТРАТЕГИЯҲОИ ДАВЛАТӢ

36

Тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Стартегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 20230» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» семинари илмӣ-назариявӣ дар факултети физикаи ДМТ баргузор гардид.

Сухани муқаддимавиро декани факултет, н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад.

Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Баъдан дар кори семинар устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Баҳодур дар мавзуи «Коррупсия ва омилҳои содиршавии он» ва дотсенти кафедраи диншиносии факултети фалсафа Қаландарзода Мустафо дар мавзуи «Омилҳои ифроти гардидани ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ» суханронӣ намуданд.