Тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Косепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» семинари илмӣ-назариявӣ дар факултети физикаи ДМТ баргузор гардид.
Сухани муқаддимавиро декани факултет, н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, иброз дошт, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Баъдан дар кори семинар устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷионяти ва муқовимат бо корупсия Мизоаҳмадов Фирдавс Аҳмадович суханронӣ намуданд.