САҲМИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКАИ ДМТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

222

Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андухтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон.

Забони тоҷикӣ дар қатори забонҳои куҳантарини олам қарор дошта, бо воситаи он шоирону нависандагон ва олимону мутафаккирони саршиноси миллати тамаддунофари мо асарҳои безаволи худро иншо намудаанд. Дар ин миён қайд кардани ашъори шуҳратёри Рӯдакӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти шаҳдбори Хайём, ғазалҳои пурҳикмати Саъдиву Мавлонову Ҳофизу Ҷомӣ мувофиқи мақсад мебошад, ки боиси рушду такомул ва пойдории забони тоҷикӣ гаштаанд. Бо забони тоҷикӣ на танҳо асарҳои адабӣ, балки асарҳои пурқиммати илмӣ низ офарида шудаанд.

Дар ибтидои асри XX, дар давраи табартақсим барои аз байн рафтани забони тоҷикӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекард: аз як тараф авҷ гирифтани пантуркизм ва аз тарафи дигар тағйири алифбову мақоми давлати гирифтани забони русӣ.

Бо саъю кушиши фарзандони барӯманди тоҷик, хусусан устод Айнӣ раванди нобудшавӣ то дараҷае пешгирӣ карда шуд. Асари устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро метавон аввалин асари илмии бо забони тоҷикӣ нашршуда дар аввалҳои садаи XX шуморид. Бештари асарҳои адабии дар асри гузашта иншоёфта бо забони тоҷикианд. Аммо, забони таълифи асарҳои илмӣ, мақолаҳо ва воситаҳои дарсӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ забони русӣ ба шумор мерафт. Албатта, дар таълифи китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ кушишҳо буданд, лекин ба қадри кофӣ не. Зикри китобҳои дарсии “Физика”-и Б.Б. Буховсев, Г.Я. Мякишевро дар тарҷумаи устодон С. Қодирӣ ва Ҳ. Саъдуллозода номбар кардан аз манфиат холӣ нест, зеро ин ашхос нахустнафароне буданд, ки дар таълифи китобҳои дарсии соҳаи илмҳои дақиқ машғул шуданд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди бо забони тоҷикӣ таълиф намудани асарҳои илмӣ ва воситаҳои таълимӣ авҷ гирифт. Устодони кафедраи физикаи ҳаста С. Қодирӣ, Я. Ш. Самарқандӣ, Б. Махсудов, О. Аббосов, А. Нарзиев дар ин раванд бетараф намонда саҳми арзандаи хешро дар рушди забони илмии тоҷикӣ гузоштанд.

Бояд қайд кард, ки барои тарҷума ва таълифи китоб бо забони тоҷикӣ зарурати муроҷиат ба луғатҳо ва фарҳангҳо пеш омад. Аммо, дар луғатномаҳо ёфтани тарҷумаи истилоҳоти физикӣ душвор буда баъзан тарҷумаи ғалати онҳоро дарёфт кардан мумкин аст. Барои рафъи мушкилии пешомада устодон С. Қодирӣ ва Я. Ш. Самарқандӣ фарҳанги истилоҳоти физикиро рӯи чоп оварданд. Китоби “Фарҳанги физикии русӣ ба тоҷикӣ”-и Я. Ш. Самарқандӣ яке аз беҳтарин фарҳанг дар ин самт ба ҳисоб рафта фарогири зиёда аз 40 ҳазор истилоҳ ва мафҳумҳои физикӣ мебошад. Китоби “Фарҳанги истилоҳоти физикӣ”-и С. Қодирӣ дар ду ҷилд интишор ёфтааст ва доир ба ҳар як мафҳуму фаҳмишҳои физикӣ дар шакли энсиклопедия маълумот дода шудааст. Баъди таҳияи фарҳанги истилоҳоти физикӣ роҳи таълиф намудани китобҳои дарсӣ дар ин самт осон гардид. Дар тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатӣ устодони кафедра номгӯи зиёди воситаҳои таълимӣ ба монанди “Бунёди физикаи ҳастаи атом”- С. Қодирӣ, “Физикаи атом”, “Физикаи ҳаста ва зарраҳои бунёдӣ (қ. 1-3)”- Я. Ш. Самарқандӣ, “Оптикаи квантӣ”, “Лазерҳо. Лазерҳо дар тиб”- Б.И. Махсудов, “Физикаи нейтрон”- О. Аббосов ва Б.И. Махсудов, “Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ”, “Амнияти радиатсионӣ”-А. Нарзиев ва ғ. бо забони тоҷикӣ ба нашр расонида шуданд. Ба ғайр аз китобҳои номбурда устодони кафедра инчунин барои дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ васитаҳои таълимию методиро ба чоп расонидаанд, ки ҳамаи онҳо бо забони ноби тоҷикӣ таълиф шудаанд. Инчунин аз тарафи Я. Ш. Самарқандӣ “Фарҳанги номвожаҳои форсӣ-тоҷикӣ” таълиф шудааст, ки барои ба кудакони нав тавлидёфта номҳои зебои тоҷикӣ гузоштан кӯмаки арзандае анҷом медиҳад.

Дар рушди забони илмии тоҷикӣ саҳми дигар устодони факултети физика Т.Б. Бобоев, Б. Нарзиев, Н. Муродуллоев, Ҳ.О. Абдуллоев, Қ. Комилов, Д. Солиҳзода, Ҳ. Саъдуллозода, Ҳ.М. Абдуллоев, Ф.Истамов, Д. Ақдодов ва дигарон бениҳоят калон аст.

Махсудов Б.И. – д.и.ф.м., профессор, мудири кафедраи физикаи ҳаста.

Яров М.Т. – докторанти PhD-и кафедраи физикаи ҳаста.