САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

    704
    Президенти МО - пешвои МО!

    Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Баробари фаро расидани бомдоди озодию истиқлол дар Тоҷикистон монанди дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, дар соҳаи илму маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти давраи гузариш Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Роҳбари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ илму маорифро соҳаи муҳимтарину афзалиятноки кишвар эълон намуда, зери назар ва пуштибонии махсуси худ қарор доданд. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Азбаски замони муосир замони дастовардҳои бузурги илмӣ-техникӣ ва кашфиётҳои навини хиради инсонӣ мебошад, бинобар ин роҳ ба сӯйи онҳо танҳо ва танҳо аз мактабу маориф ва низоми дурусту муосири таълим ибтидо мегирад. Аз ин рӯ, бо назардошти рушди рӯзафзуни илму маорифи арсаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ гардонидани низоми илму маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» се маротиба тағйироту иловаҳо ворид гардида, қонуни мазкур аз нав таҳия гардид. Ҳамзамон, барои тамоми зинаҳои таҳсилот низ қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки заминҳои ҳуқуқии мактабу маорифро мустаҳкам ва рушди ояндаи онро тақвият медиҳанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму маориф рушду густариш ёфта, байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои маориф ва илм, академияҳои улуми кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаю тафоҳумномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки тавассути ин ҳамкориҳо тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва мутахассисони соҳибунвон дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд. Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва ба мақсади танзими қабули шаҳрвандони кишвар барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис дода шуд. Ҳамчунин, дар заминаи чунин ҳамкориҳо ба Вазорати маориф ва илм муяссар гардид, ки дар таъсиси муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» муваффақ гардад. Мусаллам аст, ки маблағгузорӣ ба ин муассисаҳо ҳамасола беҳтар мегардад: агар дар соли 2000 ҳаҷми умумӣ 2,3 млн сомонӣ буд, он дар соли 2010 ба 22,0 млн сомонӣ расонида шуд.

    Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2011 ин нишондиҳанда 1 млрд 300 млн сомониро ташкил дод. Танҳо дар давоми солҳои 2012-2017 маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар афзуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 16% зиёд шудааст. Бунёди мактабҳои замонавӣ низ ба маротиб афзоиш ёфта, давоми солҳои 1992-2010 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 мактаб сохта ва ба истифода дода шуд. Шумораи литсейҳои президентӣ ва мактаб-интернатҳо, ки ҳамагӣ барои дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ ва дарёфту тарбияи наврасону ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод таъсис ёфтаанд, ба маротиб зиёд гардида, дар бузургтарин шаҳру навоҳии кишвар фаъолият доранд. Раванди бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ бо дастгирию ғамхории бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардида, рушди бесобиқа касб карда истодааст. Барои ба илму донишомӯзӣ фаро гирифтану соҳибкасб гардонидани ҷавонону наврасон ва инчунин, ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ намудану баробарвазн сохтани муассисаҳои таълимӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус» як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Дар баробари ин, барои таъмин кардани соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо мутахассисони ватанӣ ва қонеъ намудани талаботи бозори меҳнати ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи мактабҳои олӣ низ ба маротиба зиёд гардид. Ҳамчунин, бо тақвият ёфтани ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи илму маориф, дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе филиалҳои як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Россия, ба монанди ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии техникии «Донишкадаи энергетикии Москва» ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Москва» таъсис дода шуданд.

    Имрӯзҳо ба низом ва усулҳои байналмилалии таълим гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар сатҳи баланд омода кардани мутахассисон тақозои замон аст. Зеро раванди ҷаҳонишавии бозори умумии интеллектуалӣ ва меҳнат дар назди мутахассисони оянда талабот ва меъёрҳои дақиқу ҷиддӣ пеш мегузорад. Ҳамин аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ на танҳо ба низоми байналмилалии таълим, балки ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд ва ҳатто, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Раванди ислоҳоткунонии низоми илму маорифи ҷумҳурӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилот ҷараён дошта, ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намудани таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳо вазифаи муҳимми соҳаи мазкур маҳсуб меёбад. Дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ технологияи муосири таълим ҷорӣ гардида, аксар мактабҳои олӣ аз услуби идоракунии электронӣ истифода мебаранд ва волидон имкон доранд, ки аз раванди таҳсил, давомот ва пешрафти фарзандони худ маълумоти заруриро пайдо намоянд. Ҳамчунин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри тақвият додани донишҳои назариявию амалӣ ва анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки як аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад, заминаю шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Ислоҳоти тадриҷӣ ва давра ба давраи маорифи миллӣ ва тамоми зинаҳои таҳсилот ва дар ин асос ҳалли мушкилоти мавҷуда самти стратегии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Далели равшани ғамхории ҳамешагӣ ва собитқадамонаи Пешвои миллат нисбат ба кормандони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф дар он аст, ки ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ва стипендияи донишҷӯён зиёд карда мешавад… Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бо фароҳам омадани фазои мусоид барои ташаккули соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан илм аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қонуну қарорҳое қабул гардидаанд, сиёсати миллӣ баҳри инкишофи ҳамаҷонибаи илм муайян мекунанд ва инчунин, дастгирии неруи илмию рушди тадқиқоти илмӣ нишон медиҳанд: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ» (1998); «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002); қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ» (1996); «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ» (1997); «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1997); «Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии ташкилотҳои илмӣ» (2000); «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008» (2003) ва «Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004) ва ғайраҳо. Бинобар рушди илм ва дигаргун шудани талаботу муносиботи илмӣ аксари қарору қонунҳои қабулгардида, ки ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ набуданд, таҷдиди назар карда шуда, бо тағйиру иловаҳои нав таҳия ва тасдиқ гардиданд. Масалан, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника» дар соли 2015 бо тарҳи нав ва тағйиру иловаҳои ҷадид барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки баъдан қабул карда шуд. Қонун бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ, илмӣ-техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тақвияти дастгирии давлатии илм, афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон, бартараф кардани баъзе зуҳуроти номатлуб, аз қабили асардуздӣ, харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ ва фароҳам овардани заминаи меъёрию ҳуқуқии мусоид ҷиҳати рушди соҳаи илм таҳия ва тасдиқ гардид.

    Аз қабули ин қонуну қарорҳо бармало маълум аст, ки баҳри рушди илм ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, пешрафти онро давра ба тавра тақвият бахшиданд ва ба истеҳсолот пайвастани илмро муайян карданд. Дақиқан, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба ҳифз ва дастгирии неруи илмӣ, ислоҳоти илм ва ба ҳалли масъалаҳои муҳимми кишвар нигаронидани илм равона гардид. Раванди ислоҳоти илм айни ҳол идома дошта, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мунтазам ба фаъолият дар шароити нав мутобиқ шуда истодаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгириву таҳкими неруи илмиро барои пешрафти бомуваффақияти кишвар бо роҳи рушди устувор яке аз самтҳои стратегӣ медонанд. Ҳамин аст, ки маблағгузорӣ ба соҳаи илм ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳамасола зиёд гардида, танҳо дар соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 327 лоиҳаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ маблағгузорӣ карда шуданд. Аз ин миқдор лоиҳаҳо, 95 лоиҳа дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60 лоиҳа дар Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 лоиҳа дар Академияи илмҳои тиб, 102 лоиҳа дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 52 лоиҳа дар пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ мавриди омӯзишу тадқиқот қарор доранд. Аз 327 лоиҳа 117 лоиҳа (34,2%) ба тадқиқотҳои бунёдӣ ва 158 лоиҳа (46,1%) ба тадқиқотҳои амалӣ ва 52 лоиҳа (15,2%) ба тадқиқотҳои бунёдӣ-амалӣ мансубанд. Бинобар таваҷҷуҳи хосса доштану эътимоди зиёд доштани Пешвои муаззами миллат ба насли ҷавон, махсусан ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқат барои дастгирӣ ва ҳавасмандии олимони ҷавон ҳанӯз соли 1998 Ҷоизаи Исмоли Сомониро таъсис доданд. Ин ҷоиза ба мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии ҷумҳурӣ ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон таъсис ёфта, ҳамасола ба 12 нафар олимони ҷавоне, ки соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, тақдим мегардад. Ҳамин аст, ки то имрӯз беш аз 200 нафар олимони ҷавон ба дарёфти ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардида, корҳои илмию тадқиқотии онҳо фарогири масъалаҳои гуногуни илмӣ, техникӣ, саноатӣ, истеҳсолӣ, хоҷагидорӣ ва ҳаётию маънавии ҷомеа мебошанд.

    Ҳамин тавр, илму маориф дар саргаҳи сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани Сарвари давлат бармало ба назар мерасад. Зеро Президенти кишвар таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбаст ва расидан ба ҳадафҳои бузурги оянда муаррифӣ намудаанд.

    Номвар ҚУРБОН, номзади илмҳои техникӣ, устоди факултети физикаи ДМТ