Саҳми Пешвои миллат дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва саноатикунонии кишвар

436

Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосиро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Эмомалӣ РаҳмонДар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимони кишвар 18 марти соли 2020 дар Қасри Борбад, қайд намуданд, ки бузургтарин намояндагони таъриху адаб илмро пояи ифтихор, огоҳӣ аз ҳастӣ, сарчашмаи асосии рушди ҷомеа ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳо номидаанд.Сарвари давлат зимни вохӯриҳо, суханронӣ дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ҳамеша аз саҳми арзандаи олимону мутафаккирони оламшумули халқи тоҷик, мероси ғании бостонии эҷодӣ, адабӣ ва таърихии миллати мутамаддини тоҷик ёдовар гардида, мавқеъ ва нақши онҳоро дар баробари олимони бузургтарини ҷаҳон дар як сатҳ қарор медиҳанд.Моњияти илм дар љомеа ва низоми давлатдорї ба пешрафту шукуфоии тамоми соњањои њаёт мусоидат намуда, дар ташаккули шахсият, бозёфтњо ва ихтироъњо ва истиќрори навоварї наќши асосї дорад. Маҳз инкишофи илм ва гул-гулшукуфии он дар ҷамъият ба ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, ташаккули инсоният ва ҷамъият мусоидат мекунад.Оғоз аз соли 2000 то имрӯз соҳаи илму маориф дар сиёсати давлат яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб шуда, дар кишвар ислоҳоти ҷиддие дар ин самт оғоз гардидааст. Дар ин давра доир ба ислоҳот дар ин соҳаҳо як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, барои ҳалли мушкилоти соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Азҷумла қабули «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008» аввалин қадами ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ буда, инчунин барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба корҳои илмию техникӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.Қарорҳои Ҳукумати кишвар дар бораи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника барои солҳои 2007-2015», «Дар бораи қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва татбиқи барномаю лоињањои техникї» ва як ќатор њуљљатњои дигар, ки њар кадоми онњо ба рушди соњаи алоњидаи илму маорифи кишвар мусоидат намуданд. Қабули барномаҳо низ бо назардошти талаботи замон ва аҳамияти бузурги илм дар таъмини пешрафти кишвар ба роҳ монда шудааст.Барои боз ҳам беҳбуд бахшидани савияи илмӣ ва таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” эълон гардид ва озмуни “Илм-фурӯғи маърифат» ҳамасола барои амалӣ намудани ин иқдом баргузор мегардад. Маќсади асосии ин иќдомњо ташаккули љањонбинии илмии љомеа, рушди тафаккури техникї, мустањкам намудани алоќаи илм бо истењсолот ва албатта, љалби љавонон ба ихтироъу навоварї мебошад. Дар робита ба ин таъсиси шабакаи телевизионии «Илм ва табиат», ки бо супориши бевоситаи Пешвои миллат таъсис ва роҳандозӣ шудааст бо итминон метавон изҳор дошт, ки дар тарғиби илму навоварӣ, дастовардҳои таълимӣ, таблиғи табиати нотакрори Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин дар татбиқи барномаи « Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040», саҳми арзанда хоҳад гузошт.Дар робита ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори онҳо муассисаҳои таълимӣ мавҷуданд, супориш доданд, ки нақша чорабиниҳоро оид ба ин масъала ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Бешубҳа, ин дастуру фармонҳо гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба суи ихтироъкорию навоварӣ, пешбурди илму техникаи нав дилпурона қадам мегузорад. Зеро дар замони муосир эҳтиёҷ ба неруи равонӣ ва сармояи инсонӣ беш аз ҳарвақта масъалаи мубрам ба шумор рафта ба нишондодҳои пешрафт ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири калон мерасонад.Тавре ки Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиё ва олимону маорифпарварони кишвар таъкид доштанд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад…. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».Ҳамзамон дар мулоқоти хеш Сарвари давлат масъалаи татбиқи тадқиқотҳои илмї дар истеҳсолот ва саноатро мавриди барраси қарор дода аз мушкилот ва шикастани қолабҳои монеашаванда дар рушди илму маориф ҳарф заданд.Вобаста ба ин, айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳоро доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ, вусъат бахшида истодааст.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба далели аҳамияти саноат дар рушди хоҷагии халқ дар марҳалаи муосир масъалаи саноатикунонии иқтисодиётро дар мадди аввал мегузоранд. Қобили зикр аст, ки дар соҳаи саноати кишвар Стратегияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2022, Барномаи рушди саноати абрешим ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012-2020 ва Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, амалӣ мегарданд. Барномаҳои мазкур ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъмини рақобатпазирии он, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои аз истеҳсолкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулот гузаштани иқтисодиёти кишвар замина мегузорад.Ҳамин тавр, дар солҳои охир бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ, афзудани ҳаҷми истеҳсолот, амали намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат қадамҳои устувор гузошта шуданд.

Раҳматов Б.А., номзади илмҳои физика ва математика, ассистенти кафедраи электроникаи физикии ДМТ