Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва дурнамои ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Бинобарин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар сиёсати пешгирифтаи худ дар ҷои аввал гузоштааст ва ин нуқтаро дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ борҳо ироа намудаанд. Дар қиёс бо дигар соҳаҳо дар соҳаи маориф ҳарсол аз буҷаи давлат маблағҳои зиёдтар ҷудо карда мешавад ва ин боис мегардад то дар минтақаҳои гуногуни кишварамон мактабҳои наву замонавӣ ва бо тамоми таҷҳизотҳои пешқадам муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шаванд. Пешвои миллат дар вохуриҳояшон бо кормандони соҳаи маориф барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дастурҳои муфид дода барои назорат намудан дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва илмҳои ба талаботи ҷаҳони имрӯза ҷавобгӯ таъкидҳо менамоянд. Дар вобастаги ба ин аз ҷониби Пешвои миллат барои васеъ намудани тафаккури техникии насли наврас ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва дар амал тадбиқ намудани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид. Чуноне ки Пешвои миллат дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда буданд “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем”.
Илм ва навгониҳои дар илм ба вуҷуд омада таъсири худро ба иқтисодиёт, саноат, фарҳанг, технология ва дигар соҳаҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ хоҳанд расонд. Дастовардҳои илмии муосир ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо ва сиёсати ҷаҳони имрӯз, инчунин тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири пуршиддати худро расонида истодааст. Аз инҷо зарурати омӯзиш, таҳким ва густариши маърифати илмӣ пеш меояд ва шаҳрвандони мо бояд аққалан принсипҳо ва усулҳои асосии илмии консепсияҳои табиатшиносиро донанд. Зеро танҳо инсони бомаърифат, фарҳанги ва огоҳ аз илмҳои муосири замонавӣ метавонад ҳамқадами тамаддуни ҷаҳони муосир бошад. Бинобарин моро зарур аст то аз таҷрибаҳои давлатҳои аз ҷиҳати технологияҳои муосир пешқадам ба мисли Ҷопон, ИМА, Олмон, Кореяи ҷанубӣ, Сингапур, Чин, Русия ва ғ., ки пешсафони асли дар соҳаи нанотехнология ва наноэлектроника ба шумор мераванд омӯзем ва барои ҳамқадам гаштан бо ин абарқудратҳо саъю кушиши ҷидди намоем.
Дар амал тадбиқ намудани ин иқдоми дурнамо ба таҳким ва рушди воқеии иқтисодиёти кишвар ва ҷаҳонбинии илмии ҳар як шаҳрванди кишварамон боис хоҳад гашт. Барои ноил шудан ба ин дастовардҳо мо бояд омӯзиши ибтидои табиатшиносиро аз боғчаҳои кудакон оғоз намуда дар тамоми зинаҳои минбаъдаи таҳсилот омузиши консепсияи табиатшиносиро ҷори намоем. Дар баробари ин бояд тамоми муассисаҳои таълимӣ ва олиро бо лавозимот ва технологияҳои муосир таъмин намоем то дар давоми таҳсил хонандагон ва донишҷуён донишҳои назариявӣ омухтаи худро дар амал тадбиқ намуда тавонанд. Чуноне ки Ф Милетский мефармояд: “Илм ду пой дорад – назария ва амалия. Ва агар яке аз ин пойҳо набошад, пас ин илм ланг аст”. Дар ҳолати дастрас будани ин имкониятҳои муосири технологӣ ба наврасон ва ҷавонон, ки неруҳои умедбахши миллат мебошанд, супориши Пешвои миллат иҷро, рушди бемайлони кишвар ва ғолибияти тафакури техникӣ бар тафаккури хурофотӣ таъмин хоҳад гашт, ки ин ҳама омили асосии пешрафти давлату миллат мегардад.
Эълон гардидани “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафакури техникӣ мусаллаҳро таъмин хоҳад намуд ва ин боис мегардад то алайҳи ҳама гуна буҳронҳои ҷаҳони муосир рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошем. Чуноне ки Фирдавсии бузург мефармояд:
Тавоно бувад ҳарки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Б.А. Раҳматов, н.и.ф-м., ассистенти кафедраи электроникаи физики