РУШДИ ИЛМҲОИ ФИЗИКАИ НАЗАРИЯВӢ

9

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 ҳамоиши илмиву назариявӣ оид ба рӯйнамоии китоби профессор Солиҳзода Давлат Қувват “Асосҳои электродинамикаи плазма” ва монографияи профессорон Комилзода К.К. ва Зарифзода А.К. «Кинетическая теория явлений переноса и упругих свойств магнитных жидкостей» бо иштироки олимону муҳаққиқон баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш декани факултети физика Қодирзода З. суханронӣ намуда, афзуд, ки бо эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ аз пештара бештар гардидааст. Рушди илмҳои дақиқу техникӣ ва дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ, заминаи саноатикунонии босуръат, инчунин, нишондиҳанда ва баёнгари сатҳи баланди иқтисоди миллӣ мебошанд.

Дар робита ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” омода ва нашр намудани китобҳои дарсӣ аз фанҳои табиатшиносӣ ба забони давлатӣ тақозои замон аст. Аз ин лиҳоз муаллиф тасмим гирифтанд, ки чунин китоби дарсиро бо номи “Асосҳои электродинамикаи плазма” омода намояд, ки ба бистсолаи мазкур рост меояд.

Мазмуни асосии китобро, моделҳои умумии плазма – модели якзаррагӣ, моделҳои якмоеъгӣ ва думоеъгӣ, модели кинетикӣ ташкил медиҳанд. Дар китоб ҳали масъалаҳо барои мустаҳкам намудани қисми назариявӣ оварда шудааст. Усулҳои математикӣ, ки дар таълифи китоб истифода гардидаанд барои аз худ намудани қисмҳои дигари физикаи назариявӣ низ мусоидат менамоянд.

Дар китоби дарсии мазкур маълумоти муфассал оид ба масъалаҳои электродинамикаи хаттӣ ва ғайрихатии плазма оварда шудааст. Китоб мутобиқи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии равияи табии ва техникӣ навишта шудааст ва ба донишҷӯён, магистрон, унвонҷуён ва мутахассисони соҳа тавсия мешавад.

Муаллифи китоби дарсӣ д.и.ф-м., профессор Солиҳзода Давлат Қуват Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2010) буда, бо Ифтихорномаҳои ДМТ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» (2017) сазовор гаштааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгарони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” дар соли 2023 мебошад.

Инчунин, монограяияи профессорон Комилзода Қ.К ва Зарифзода А.Қ. ба масъалаҳои мубрами назарияи кинетикии ҳодисаҳои интиқол ва хосиятҳои чандирии моеъҳои магнитии бахшида шуда, барои магистрон, докторантон ва кормандони илмӣ тавсия карда мешавад.