«РОҒУН» – МИНБАРИ ИФТИХОР ВА АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ!

305

Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба рушди соҳаи энергетика, бахусус энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне гидроэнергетика ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Тавре маълум аст, бе истиқлолияти энергетикӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ шароит фароҳам овардан ғайриимкон аст. Маҳз ҳамин нуктаро ба инобат гирифта, давлату ҳукумати кишвар истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои бузургтарини стратегии худ эълон доштааст. Ва ҳамагон хуб огоҳӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 27 соли истиқололият, дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошт ва ба яке аз намунаҳои олии он чанде баъд тамоми ҷаҳон шоҳид хоҳад гардид. Ин намуна ва самара сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун мебошад, ки заминаи бунёди он ҳанӯз аз солҳои собиқ Ҳукумати Шӯравӣ оғоз ёфта буд. Вале бо сабабҳои зиёду монеаҳои мухталиф ҷараёни сохтмонии он хеле тӯл кашид ва аз ин рӯ, НБО-и Роғун дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ифтихори миллии халқи шарифи Тоҷикистон табдил ёфт. Чунки пас аз пош хӯрдани собиқ ИҶШС яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид ва мусаллам аст, солҳои дароз ин мушкилот аз ҳисоби харидории неруи барқ аз мамолики ҳамсоя ҳалли худро меёфт. Дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиёди барқро ба кишварҳои ҳамсоя дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт. Бинобар ин, НБО-и Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии кишвар ва бузургтарин неругоҳи барқии обии Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, ҷараёни сохтмони ин иншоот, чун лоиҳаи сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо аз тарафи гидроэнергетику гидрологҳо, климатологу экологҳо, геологу сйсмологҳо ва мутахассисони соҳавӣ, балки аз ҷониби ҷомеашиносону хабарнигорон ва дипломату сиёсатшиносон низ мавриди пажӯҳиш қарор гирифта, аз ҳамаи санҷишҳо ба пуррагӣ баромад. Ҳарчанд мутахассисону коршиносони ба ном байналмилалӣ кушиш ба харҷ медоданд, ки бунёди ин иншооти муҳимро хатар ва зараре бар унвон карда, ҷараёни корҳои сохтмонии онро манъ намоянд. Вале ин сангпартоиҳо ба тарафи давлату ҳукумат ва бад кардани номи меҳани мо дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ сади роҳи якдилию ҳамдастӣ, матонату устуворӣ ва садоқату ҷасорати мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гирифта натавонист. Зеро миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи тамаддунофару фарҳангпарвар машҳур буда, фарзонагони он танҳо барои пешрафти меҳани хеш, балки барои рушди тамоми минтақа саҳми назаррас гузоштаанд. Дар солҳои пасазистиқлолӣ алорағми ҳама нобасомонӣ, мушкилот ва монеаҳо халқи шарифи Тоҷикистон, бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НОБ-и Роғунро аз сар гирифт. То ба ҷидду ҷаҳд оғоз намудани корҳои сохтмонии ин иншооти муҳим мардуми меҳнатдӯсти мо як қатор иншоотҳои муҳташам, аз ҷумла неругоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», нақбҳои «Озодӣ», «Хатлон», «Истиқлол», «Шаҳристон» ва даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаю ҳазорҳо километр роҳҳоро бунёд карда, дар ин самт таҷрибаи ғанӣ андӯхт. Зеро бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000, таҷдиди НОБ-и «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон» бо зеристгоҳҳои барқии «Лолазор» ва «Хатлон», хати интиқоли барқи баландшиддати 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе (иқтидори 100 МВт), идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе (бо тавоноии 300 МВт), аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Бояд қайд кард, ки корҳои таҳқиқотии бунёди НБО-и Роғун ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта роҳбарии В.А. Горбунов оғоз ёфта буд. Зимни корҳои тадқиқотӣ маълум гардид, ки мавқеи бунёдшавандаи он дар шарқ ва шимолу ғарб бо қаторкӯҳҳои Қаротегину Дарвоз иҳота карда шудааст. Вале корҳои лоиҳакашии иншооти муҳташам танҳо соли 1960 оғоз гардид, чунки солҳои 70-80-ум асри гузашта бо назардошти афзоиши талабот ба нерӯи барқ, зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ зарурати сохтани иншооти нави обии барқӣ ба миён омад. Бинобар ин, лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун дар шуъбаи осиёимарказии Донишкадаи «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд дар аввали солҳои 70-ум таҳия карда шуда, лоиҳаи мазкурро соли 1974 Кумитаи давлатии сохтмонии ИҶШС тасдиқ гардид. Вале пошхӯрии ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба итмом расонида шавад. Бинобар сабабе, ки НБО-и Роғун на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти минтақавӣ низ дорад, бо вуҷуди мушкилиҳо ва монеаҳо корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург баъд аз чанд соли қатъ боз ҳусни оғоз пайдо карданд. Зеро баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбор ҷамъ мегардад, барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Ҳамзамон, пас аз пур шудани обанбор сатҳи об метавонад, микроиқлими маҳалро тағйир дода, ба бойю рангин шудани экосистемаи маҳал меорад ва деградатсияи пиряхҳои болообро боз медорад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисоди кишвар такон бахшад. Ҳамчунин, энергияи истеҳсолкардашавандаи НБО-и Роғун на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, балки имкон медиҳад, ки як қисм нерӯи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад. Аз ин рӯ, бунёди НБО-и Роғун армони миллати сарбаланду тамаддунсоз тоҷик буда, на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати минтақа, дар маҷмуъ як гӯшаи сайёра аст. НБО-и Роғун дар силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 агрегат иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и Роғун бо тавоноии 3600 мегаватт (беш аз 17 млрд кВт/соат) калонтарин неругоҳи барқии обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам баробари се реактори ҳастаӣ ва нисбат ба иқтидори НБО-и Норак якуним баробар зиёд мебошад. Сарбанди нерӯгоҳ бошад, бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Қайд кардан ба маврид аст, дарёи Вахш 524 км дарозӣ ва 39100 км2 ҳавзаи обҷамъкунӣ дошта, аз ҷиҳати захираи гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар ҷои дуввум қарор дорад. Захираи гидроэнергетикии он ба 45 млрд. кВт/ст баробар буда, захираи гидроэнергетикии шохобҳои он – Обихингоб то ба 17,6 млрд кВт/ст ва Сурхоб то ба 14,7 млрд кВт/ст мерасад. Силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш бузургтарин комплекси гидроэнергетикии ҷумҳурӣ буда, ҳамаи неругоҳҳои он дар поёноби дарё бунёд гардидаанд. Ин силсиланеругоҳҳо аз ҳафт неругоҳи амалкунанда ва ду неругоҳе, ки дар марҳилаи сохтмонӣ қарор доранд, иборат мебошад. Барои ба кор даровардани се НБО-и зинаи поёнии ин силсиланеругоҳҳо каналҳои бузург ба истифод дода шудаанд. Дар шароити ҳозира иқтидори силсиланеругоҳҳои Вахш ба 4570 МВт баробар буда, коркарди солонаи неруи барқ наздики 19 млрд кВт/соат мебошад ва дар вақти пурра ба кор даромадани тамоми неругоҳҳои он тавононӣ ба 9222,5 МВт баробар гардида, коркарди солонаи нерӯи барқ то ба 37 млрд кВт/ст мерасад. Дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, НБО-и Норак соли 1972, НБО-и Бойғозӣ соли1986, НБО-и Сангтӯда-1 соли 2008 ва НБО-и Сангтӯда-2 соли 2014 сохта ба истифода дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун идома дошта, НБО-и Шӯроб, ки 12 км поёнтар аз сарбанди Роғун ва 110 км шарқтар аз Душанбе воқеъ гардидааст, дар ҳолати коркард қарор дорад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги гидрологӣ, аз ҷумла пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои маъданӣ ва зеризаминӣ буда, саҳми релефи он дар ташаккули обҳои дохилии ҳавзаи баҳри Арал хеле калон аст. Аз 115,6 км3 – и обҳои ҷории ҳудуди Осиёи Марказӣ 93,33 км3 ё 80,7%-и он дар кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон тавлид меёбанд. Аз ин миқдор 55,4% ё 64 км3 обҳои ҳавзаи баҳри Арал дар ҳудуди Тоҷикистон тавлид мешаванд, ки 62,9 км3 (80,17%) ба ҳавзаи дарёи Аму ва 1,1 км3 (3%) ба ҳавзаи дарёи Сир рост меояд. Дар Тоҷикистон 985 дарёҳое мавҷуданд, ки зиёда аз 10 км дарозӣ доранд ва ба ҳиссаи дарёҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташаккул ёбанда 54 км3, ба ҳиссаи кӯлҳо 46 км3 (аз ин миқдор 20 км3 оби ширин) ва ба ҳиссаи обҳои зеризаминӣ беш аз 6 км3 об рост меояд. Иқтидори солонаи гидроэнергетикии дарёҳои Тоҷикистон ба 527 млрд кВт/соат мерасад. Умуман ҳамаи дарёҳое, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд (бо назардошти дарёҳои сарҳадӣ), соле 72 км3 обро ташкил медиҳанд ва ин ба сари ҳар нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ соле ба 12 ҳаз. м3 мерасад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ яке аз ҷойҳои аввалро соҳиб аст. Минтақаи Осиёи Марказӣ аз захираҳои табиию энергетикӣ ниҳоят бой буда, агар Туркманистон аз рӯйи захираи газ дар дунё ҷойи сеюмро гирад, Ӯзбекистон дар ин миқёс аз рӯйи кофтани тилло ҷойи чорумро ишғол менамояд ва Қазоқистон дар ҷаҳон бо захираҳои карбогидрат ва ва минералии бой шинохта шудааст. Мақоми Тоҷикистон бошад, дар миёни давлатҳои ҷаҳон аз рӯи захираи гидроэнергетикӣ муайян карда мешавад, он ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, барои давлатҳои болооби ҳавзаи баҳри Арал – Тоҷикистон ва Қирғизистон потенсиали энергетикии дарёҳо муҳим буда, барои кишварҳои поёноб – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон потенсиали мелиоративнию ирригатсионӣ муҳимтар аст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин масъала, замоне, ки тарҳи бунёди НБО-и Роғун таҳия гардид, масоили обёрӣ дар кишварҳои поёноб пурра ба назар гирифта шуда буд. Ҳанӯз соли 1990 дар ҳисоботи Институти «Союзгипроводхлопок»-и Тошканд гуфта шудааст, ки бунёди Роғун имконият медиҳад камбудии норасоии об дар ҳавзаи Амударё бартараф гардад. Ин ба манфиати на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҳавзаи баҳри Арал аст. Зеро бунёди НБО-и Роғун танзими бисёрсолаи маҷрои обро дар тамоми ҳавзаи дарёи Аму таъмин мекунад ва зиёда аз ин, имконият ва кафолат медиҳад, ки беш аз 3 млн га замин дар солҳои камобиву хушксолӣ обёрӣ шаванд. Ин обанбор ба кишварҳои зероб ҳам барои обёрии заминҳои мавҷуда ва ҳам барои шодоб кардани заминҳои навкорам шароит муҳайё месозад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо бунёди Роғун аҳамияти бештари иқтисодӣ пайдо мекунад, зеро заминаи мустаҳкаме барои бунёди саноат, сохмони корхонаҳои саноатӣ, яъне таъмини ҷойи кор ба ҳазорон нафар мегардад ва неруи барқе, ки аз он истеҳсол мешавад, барои рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти аҳолӣ ва беҳбудии вазъи иқтисодии минтақа мусоидат мекунад. Ба замми ин Роғун манбаи бузурги истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мегардад, ки аз назари истифодаи боэътимоди захираҳои табиат дар оянда хеле муҳим аст, хусусан, дар шароите, ки истихроҷи нафту газ дар ин соҳа нисбат ба барқ зарарнок буда, наметавонад беохир давом кунад. Бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳонӣ ба бунёди Роғун ҷалб карда шуд. Бонки умумиҷаҳонӣ эсспертҳои (мумайизон) номдорро аз Фаронса, Италия, Олмон, Швейтсария, Австралия ва дигар давлатҳо даъват кард ва онҳо санҷишҳои техникиву экологӣ гузаронида, муайян карданд, ки сохтмони Роғун бехатар буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок аст. Дар хулоса ва ҷамъбасти асосноки омодашуда аз ҷониби ширкатҳои аврупоӣ кафолат дода мешавад, ки НБО-и Роғун метавонад ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба минтақа беш аз 115 сол хидмат кунад. Ҳамин тавр, бояд гуфт, ки Роғун ба арсаи шуҷоату ҷоннисориҳо, ба мактаби худшиносиву камолот, ба минбари баланди ифтихор ва ба набарди пирӯзиҳои миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо табдил ёфт. Бунёди ин иншооти муҳиму тақдирсоз мақсади наҷиби на фақат созандагони он аст, балки ормони баланди тамоми миллати тоҷикистонӣ аст, зеро бунёди НБО-и Роғун бунёди худи мо, миллати мо, меҳани мо, ояндаи тобони мо ва исботи қавии ҳастии бегазанди халқи шарифи Тоҷикистон аст.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - image-14.png

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ф.м, академики АИ ҶТ, профессор Раҳимӣ Фарҳод Қодир

н.и.т., ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи ДМТ Қурбонов Номвар Бойназарович