“РОҒУН” – МАНБАИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ ВА ТОЗАГИИ МУҲИТ

167

Тоҷикистон дорои захираи бузурги об ва пойгоҳи асосии пиряхҳои Осиёи марказӣ ба ҳисоб рафта, бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалак кашида ва боду ҳавои мусоид дар дунё шуҳрат пайдо намудааст. Мувофиқи нишондодҳои солҳои охир аз рӯи захираҳои обӣ ва энергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол менамояд, зеро захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон хеле бой буда, 527 миллиард кВст/сол арзёбӣ карда мешавад. Муттаасифона, айни ҳол танҳо 5-6% он амалӣ шудаасту халос, барои пурра амалӣ намудани он ҳоло корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ истиқлолияти гидроэнергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор додааст, бинобар ин мо сокинони кишвар дар амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат бояд саҳмгузор бошем. Аз тарафи дигар тавлиди ҳар чӣ қадар зиёди неруи барқ боиси таъмини тамоми соҳаҳо бо энергияи сабз, тозагии муҳити зист ва атмосфера мегардад. Яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ ин НБО-и «Роғун» аст. Чандин сол боз мо таввасути ахбори омма дар бораи сохтмони беназири аср-НБО-и «Роғун» маълумот пайдо мекардем. Лекин баъд аз наздик шинос шудан бо сохтмони НБО-и «Роғун» таассуроти инсон тамоман дигар мешавад. Барои ман ҳамчун як шарванд боиси ифихор аст, ки мардуми тоҷик ба сохтмони чунин иншоотҳои азим қодир аст. Аввал ин, ки сохтмони чунин иншооти бузург заҳмати шабонарӯзиро талаб менамояд. Дуюм он, ки сохтан ва ба кор даровардани НБО-и «Роғун» ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аст. Сеюм, баъди пурра ба анҷом расидани НБО-и «Роғун» истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон пурра таъмин мегардад. Ба тамоми мутахассисону сохтмончиёни НБО-и «Роғун» аҳсану офарин, ки дар бунёди чунин иншооти азими аср саҳми худро гузошта истодаанд. Дар ин ҷода ҷаҳду талош ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, ки бунёдгари асосии ин иншоот мебошад. Дар фарҷом ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки ҳар яки мо бояд саҳми босазои худро дар чунин ободкориҳо гузорем, саҳми мо устодон ин тарбияи мутахассисони босалоҳияти ба талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ба ҳисоб меравад.

Ақдодов Д.М. – устоди факултети физкаи ДМТ