“РОҒУН” – КОХИ НУР

309

Инсоният дар тули ҳаёти хеш ҳамеша ба навгониҳову навовариҳои илмию техникӣ руҷӯъ мекунад. Аз ин рӯ чӣ тавре ки яке аз олимони рус Юрий Кубасов мегӯяд: “пешравии илмӣ-техникӣ шояд муҳимтарин падидаи тақдири инсоният дар таърихи замони муосир бошад. Чанд аср муқаддам ҷаҳон ба давраи пешрафти илмию техникӣ дохил шуда, аз ҳамон вақт то имрӯз ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт. Барои расондани тамоми навовариҳое, ки илм ва техника ба ҳаёти инсоният овардааст, эпитет намерасанд. Пешравии онҳо боиси дар Замин ба вуҷуд овардани тамаддуни моддии ҳозиразамон гардид, ки бо динамизми ниҳоят бузург хос аст — суръати кашфиётхои илмӣ ва қарорҳои нави техникӣ чунон бузург аст, ки одамон баъзан барои азхуд кардани навоварӣ вақти кифоя надоранд.”

Бинобар ҳамин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ватани ҷавону нисбатан навбунёди мо фурсатро аз даст надода, аз захираҳои заминҳои бои худ васеъ истифода карда истодааст. Дар ин замина, яке аз бузургтарин лоиҳаҳо, сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун, ки дар дарёи Вахш ва зинаи болоии каскади Вахш мебошад, сохта шуда истодааст.

Пас аз анҷоми лоиҳа, сарбанди НБО Роғун, ки бо маводҳои сохтмони чун шағалзамин, омехтаи шағалу рег, регсанг ва маводи гилхоку сангреза сохта шудааст бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регу шағалӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. НБО Роғун дорои 6 агрегат буда, ҳар як агрегати он бо иқтидори 600 МВт сохта мешавад. Иқтидори нерӯгоҳ бошад ба 3600 МВт мерасад ва бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Агрегати №6-и НБО Роғун 16 ноябри соли 2018 аввалин шуда, бо иқтидори муваққатии 120 МВт ба кор андохта шуд. Агрегати дуюм (Агрегати №5) ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон 9 сентябри соли 2019 ба кор даромад. Айни замон, ба рафти корҳои сохтмонӣ нигоҳ накарда ду агрегати НБО Роғун бо иқтидорҳои муваққатӣ кор ва ба Тоҷикистон ҷараёни электрикӣ таъмин карда истодаанд.

Дар сохтмони ин иншооти муҳими кишварамон корхонаҳои бузурги байналмиллалӣ аз кишварҳои пешрафти Аврупо ва Осиё ҷалб шудаанд. Вале, бояд қайд кард, ки саҳми корхонаҳои ватанӣ низ аз ҳориҷиён дида кам нест. Масалан, дар сохтмони агрегатҳо ҶСК “ТоҷикСГЭМ” саҳми арзандае гузаштааст ва дар оянда метавонад барои хизматрасониҳои нерӯгоҳҳо дар тамоми кишварамон кадрҳои заруриро таъмин намояд. Чӣ ҳоҷат ба пешгӯӣ, ки айни замон ин ширкат дар НБО Норак ва нерӯгоҳҳои берун аз кишварамон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ба азнавбарқароркунӣ ва сохтмони агрегатҳо машғул аст. Ё дар мисоли дигар метавон ҶСК “ТГЭМ”-ро овард, ки яке аз пешрафтатарин ширкати ҷумҳуриамон дар соҳаи гидроэнергетика мебошад. Ин корхона дар сохтмони сарбанду нақбҳо ва хатҳои электрикии НБО Роғун ва инчунин васлу насби ноқилҳо ва стансияҳои электрикӣ дар тамоми кишварамон нақши бузург дорад. Инчунин дар сохтмони ин нерӯгоҳ ширкатҳои бузурги ватании ҶСП “ЗТМ”, ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” ва дигар ширкатҳои хурд кору фаъолият мекунанд.

Ҳоло дар сохтмон тақрибан 14 ҳазор нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ дар ду вахта (15 рӯз) ва бастаҳои кории шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Шумораи мошину механизмҳо қариб, ки ба 3 500 адад расидааст. Дар оянда, ки сохтмони ин лоиҳа давом дорад, шумораи коргарону техникаҳо ба шумор меафзоянд. Ин ҳам яке аз дастовардҳост, ки шаҳрвандони кишварамон соҳиби ҷойҳои корӣ дар дохили ватанамон мешаванд.

Бо сохтани ин кохи нур, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад истиқлолияти энергетикии худро, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва нишондоди аслӣ барои пешрафти иқтисодиёт маҳсуб меёбад таъмин намояд ва инчунин нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар доираи лоиҳаи CASA-1000 интиқол намояд. Аз ин рӯ, мо ҷавонони имрӯза бояд ҳарчӣ бештару зиёдтар саҳми худро барои зудтару беҳтар ба анҷом расидани ин лоиҳаи таърихсози ватанамон равона созем.

Муродов Суҳайли Искандаршоевич,Докторанти PhD-и факултети физикаи ДМТ