“РОҒУН” АХТАРИ ҲАМЕША ТОБОН ХОҲАД БУД

208

Воқеан вақте, ки мо устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 18.08.2023 вориди иншооти бузурги Неругоҳи барқи обии “Роғун” гардидем, худро дар як шаҳри калони воқеъ дар қалби кӯҳ тасаввур кардем. Нақбҳои ин нергугоҳ 75 километрро ташкил дода, гайр аз ин тамоми иншооти асосии неругоҳ аз ҷумла толори агрегатҳоҳо, толори трансформаторҳо, толори дарвозаҳо, бинои 7 – ошёнаи идораи Неругоҳ ва ғайра дар зери замин қарор хоҳанд дошт, ки диққатҷалбкунанда буданд.Бояд қайд намуд, ки дар шароити муосир захираҳои обу энергетикӣ омили муҳими рушди давлат маҳсуб мешаванд, зеро об асоси иктисодиёти хар як давлат буда, вазъи иктисодию иҷтимоии шаҳрвандонро муайян мекунад.Таҷдид ва эҳёи нерӯгоҳи “Роғун” яке аз қарорҳои тақдирсозе буд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату хирадмандии бузург ва такя ба самимият ва иродаи халқи тоҷик пеш гирифта шуд.Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввал ҳадафу ниятҳои неки ояндаи давлат ва зиндагии шоистаи мардумро равшан баён намуда, тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо барои бунёди неругоҳи барқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат барои мутахассисон ва коргарони он сафарбар намуд..Неругоҳи барқи обии “Роғун” бузургтарин ва муҳимтарин иншооти обӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ин далел, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки Роғун зиндагии Тоҷикистон аст. Ифтитоҳи неругоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки садҳо гектар замин дар ин минтақа обёрӣ шавад ва пас аз он имкони Тоҷикистон дар тавлид ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.Иқтидори истеҳсолии Роғун 3600 МВт буда, сарбанди обанбораш бояд 335 метр бардошта шавад.. Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан НБО Роғун метавонад ҳамасола 13,5 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол намояд. Мо баъди тамошои НБО “Роғун” ба чунин хулоса омадем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат мебошад.Равшании нури «Роғун» неъмати дарёи Вахш,Мо ба кори кашфи «Роғун» устувор бояд шавем.Давлате дар Осиё пуриқтидор бояд шавем,Давлате дар Осиё пурифтихор бояд шавем.

Қодирзода З.А. – декани факултети физикаи ДМТ