РӮЗИ ПАРЧАМ

3861

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлололияти Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ рузи парчами давлати ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатӣ имрӯз боарзиштарин муқадасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки парчами мо рамзи ҳуввияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд. Имрӯз он нишонаҳое, ки дар парчами мо дида мешавад ифшогари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Мо дар ин руз зери сояи Парчии миллӣ пирузии кишвари хеш мебинем. Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Ниёкони мо ҳамчунин ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд. Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст; – Рӯи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; – Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; – Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар; Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Президенти мамлакат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи телевизионӣ аз 24- ноябри соли 2010 ба шарафи Парчами Тоҷикистон моҳияти рангҳои онро чунин маънидод намуда буданд: “Рангҳои парчами миллии мо роҳи тайкардаи таърихии халқи Тоҷикистон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Ранги сурх- рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- ранги хушбахтӣ, орзу ормон ва умед, ранги сабз- рамзи гулгулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлолияти Тоҷикистон мебошад”. Парчами давлатии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад. Зеро тавре аз оинаи нилгун пайваста мебинем дар мусобиқаҳои мухталифи ҷоми ҷаҳонӣ Парчами миллии ин ё он варзишгари ғолиб баъди ғолиб омаданаш бо навохтани суруди миллии он кишвар вобаста ба ҷои ишғолкардааш бо тантанаи махсус боло бардошта мешавад. Варзишгар аз дидани парчами миллии кишвари худ бисёр хурсанд мешавад ва ҳатто аз ғолибияти кишвари худ ашки шодӣ дар он лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташ мерезад. Мисоли дигар мухлисон дӯстдорони миллати худ парчами миллии кишвари худро дар вақти мусобиқаҳои ҷоми ҷаҳонӣ бахусус дар вақти бозии футбол дар варзишгоҳҳо ҳамакаса дошта пайваста онро алвонҷ медиҳанд. Мисоли сеюм боксчиёни касбӣ бошад вақти ба набард ҳозир шуданашон парчами давлатии кишвари худро бар китфашон партофта, ба мусобиқа ҳозир мешаванд ва баъди ғалаба онро бо эҳтироми махсус бӯса ҳам мекунанду ба чашмонашон мемоланд. Аммо оё инро тамоми мардуми мо дарк карда метавонанд. Ин саволест, ки барои тамоми мардуми тоҷик равона карда шудааст. Пас дар ин соҳа бояд нафақат муаллимони макотиби миёнаву олӣ, балки зарур аст аз боғчаву кӯдакистонҳо ва ҳатто падару модарони ҷавон ҳам бояд дар парваридани муҳаббат ба парчами миллӣ ба фарзандонамон бояд кори зиёдеро дар ин ҷода анҷом бидиҳанд. Парчами ҳар як кишвар метавонад тамоми ҳастии давлатдориашро дар ин муқаддасоташ нишон диҳад. Инчунин дар Низомномаи парчами давлатии Тоҷикистон омадааст, ки ашхоси қасдан ба парчами миллии кишвар зарар расонида бояд ба ҷавобгари кашида шавад. Дар кишварҳои дигари пешрафтаи ҷаҳон чунин ҷавобгариҳо барои ноэҳтиромӣ ба парчам вуҷуд доранду ҷинояткорон беамон ҷазо дода мешаванд. Бигзор Парчами Тоҷикистони соҳиистиқлол доимо дар фазои ороми кишвари маҳбубамон парафшонӣ намояд. Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиккистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи парчами миллӣ чунин иброз доштаанд: “Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми тоҷикистон мебошад”. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшонӣ мекунад. Дарозии он 60 метр ва бараш бошад, 30 метрро дар бар мегирад. Айни замон парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтарин парчам мебошад.

Як нишони Ватан парчам аст,

Шаъну шони Ватан парчам аст.

Қудрати лашкар аз парчам аст,

Шавкати кишвар аз парчам аст.

Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон парчаме сохта буданд, ки беш аз 1500 метр тӯл, 7 метр паҳно ва 1200 килуграм вазн дошт. Он замон мақомот хостори он шуда буданд, ки ин парчам ба китоби реукрдҳои Гиннес ба унвони бузургтарин парчам шомил шавад.



Ҳадаф аз ин кор афзоиши эҳсосоти меҳанпарастона ва эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллати тоҷик хонда шудааст.

Орзумандам, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

Бигзор Парчами кишвари маҳбубамон мисли дигар идораву муассисаҳо дар болои бинои нигини Тоҷикистон, охи маърифати тоҷикон, Донишгоҳи азизамон доимо партафшон бошад.

Ёров Мустафо донишҷӯи курси якуми ихтисоси 33010300 Радиоэкологияи факултети физика ДМТ