Маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои рушду пешравии ин соҳа саҳми тамоми ҷомеа нақши калон мебозад. Маҳз маориф аст, ки стандартҳои маълумотиро кафолатдиҳанда ва таълиму тарбияро ба низом медарорад. Стандартҳои таҳсилот имконият медиҳад, ки мустақилияти муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи самтҳо баланд бардошта шавад ва ҳоло бардошта шуда истодаанд. Солҳои охир барномаҳои нав дар соҳаи маориф қабул гардида истодааст, аз он ҷумла ҷорӣ намудани низоми ягонаи идоракунии маориф, пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаҳои интернетӣ, баланд бардоштани дараҷаи маълумоти хонандагон дар самти ҳуқуқи инсон, тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон ва аз қабили инҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Маълумоти “Барномаи компютерикунонии мактабҳои олӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ шуда истодааст. Имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар дигаргуниҳо, пешравиҳои намоён мушоҳида шуда истодааст. Дар солҳои шумораи мактабҳои замонавӣ, гимназияҳо, литсейҳо ва мактабҳои хусусӣ бешу бештар гардида истодаанд. Ҳоло теъдоди таълимгоҳҳои касбӣ дар кишвар зиёд шуда истодааст. Имрӯз дар макотиби олӣ ва таълимгоҳҳои касбӣ донишҷӯёни зиёде соҳиби ихтисос шуда истодаанд. Дар ҷумҳурии мо шумораи хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, роҳбарони ин муассисаҳо дар назди Вазорати маориф ва илм, маълумотномаҳо оиди хубтару пурқувват гардонидани сифати таълиму тарбия пешниҳод менамоянд. Самтҳои асосии маориф ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими сиёсати давлат, пеш аз ҳама, аз истифодаи самараноки иқтидорҳои илмӣ ва таҷдиди заминаи модию техникии муассисаҳои илмӣ, густариши раванди ҳамгироии илми ватанӣ ва вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалии илмию техникӣ иборат хоҳад буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худашон 9-уми сентябри соли 2001 бахшида ба 10 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешниҳод дошт: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти худро дар назди омӯзгорон ва толибилмон хуб эҳсос мекунад, яъне ғамхорӣ ба соҳаи маориф маънои ғамхорӣ ба ояндаи миллат ва давлатро дорад. Бинобар ин, бояд пуштибонии давлат аз системаи маориф пайваста афзуда, барои беҳтар гардонидани шароити кории муаллимон ва рӯзгори онҳо мусоидат намояд. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳаи маориф батаври бунёдӣ, баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Маориф дар маркази сиёсати давлат қарор дорад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он чи ки дар бораи маориф гуфтавуу пешгӯӣ намуданд, амалӣ гашта истодааст. Имрӯзҳо мо мебинему вп мутолиа менамоем, Пешвои Муаззами миллат ба кадом ноҳия ва минтақае сафари корӣ намояд, ҳатман аз мактабу маорифи он минтақаҳо назар менамоянд. Муассисаҳои нав ба нав кушода, бо хонандагон во мехӯранд, ки ин яке аз ғамхориҳои беназири ӯ нисбат ба маориф мебошад.
Латипова Сарвиноз, Файзиева Малоҳатхон ва Мирзохонова Ситора- омузгорони факултети физикаи ДМТ