(Ба муносибати 90-солагии устод Ином Бобоҷонов)23 феврали соли 2025 яке аз асосгузорони кафедраи физикаи ҳастаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ином Бобоҷонов ба синни мубораки 90 медароянд. Мо инҷо танҳо лаҳзаҳои зиндагиномаи устодро меорем, ки бевосита ба кафедраи физика ҳаста мутаалиқ аст.Соли 1960 дар таркиби кафедраи физикаи эксперименталии факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ихтисоси физикаи ҳаста таъсис ёфта, соли хониши 1962 ба кафедраи мустақили физикаи ҳаста ҷудо мешавад. Бояд қайд кард, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама кор мувофиқи нақшаҳои мушаххас ва аз рӯи зарурат анҷом дода мешуд. Пас саволе ба миён меояд, ки кушодани кафедраи нав чӣ зарурат дошт? Ба назари мо масъалаҳои зерин сабабгори таъсиси кафедраи физикаи ҳаста гардиданд:- тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи физикаи атому ҳаста, ки яке аз самтҳои бо суръати баланд пешравандаи физика буд. Бо сабаби нарасидани мутахассисон дар ин соҳа ба курсҳои физикаи атому ҳаста соатҳои нокифоя ҷудо карда мешуд.- пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ давлатҳои абарқудрад ба сохтани силоҳҳои қатли ом, аз ҷумла, силоҳи ҳастаӣ ва гармоҳастаӣ шурӯъ намуданд. Барои ин захираҳои калони табии дорои унсури химиявии уран дошта ва мутахассисон зарур буданд. Дар Тоҷикистони шимолӣ, дар сарҳади се давлати ҳамсоя конҳои калони дорои уран кашф шуда буданд. Ғайр аз ин, барои бо тезӣ ва бо саҳеҳияти калон муайян кардани таркиби ҷинсҳои кӯҳии конҳои нав усулҳои навтарини физикаи ҳаста корбаст мешуданд. Чунончӣ, усулҳои фаъолгардонии нейтронӣ, гамма квантӣ ва рентгенометрӣ аз қабили онҳоянд. Дар тамоми минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ҷустуҷӯҳои геологӣ босуръат давом доштанд, ки мутахассисон ва таҳлили таркиби модда бо ёрии усулҳои физикаи ҳаста зарур буданд.- аз солҳои 20-уми садаи гузашта дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯхтани хосиятҳои нурҳои кайҳони оғоз ёфт. Бояд қайд намоем, ки таркиби нурҳои кайҳонӣ мураккаб мебошад. Аз ҳама муҳим он аст, ки дар таркиби ин нурҳо зарраҳое мавҷуданд, ки дорои энергияҳои ниҳоят баланданд. Дастрас гардонидани чунин зарраҳои фавқулэнергия дар шароити лабораторӣ кори ниҳоят вазнин ва гаронмоя мебошад. Хатто тавони давлатҳои абарқудрат дар танҳоӣ барои анҷоми ин кор кофӣ нест. Чунончӣ, барои сохтани коллайдери калони адронӣ дар Европа ҳамдастии даҳҳо давлатҳо зарурат пайдо кард. Масъалаи омӯхтани ҳамтаъсироти зарраҳои баландэнергия бо ҳастаҳои гуногун ба кашфиётҳои аҷоиби соҳаи физикаи муосир меорад. Баъдтар маълум гардид, ки барои тадќиќи нурҳои кайҳонӣ мавзеъи махсус лозим аст, ки аз шаҳоҳо дур ва дар минтақаҳои баландкӯҳ ҷойгир бошанд. Кӯҳҳои Помир барои сурат гирифтани ин тадќиќот беҳтарин мавзеъ ҳисоб мешуд. Барои ин дар Тоҷикистон мутахассисони таҳҷоии озмоишгоҳҳо лозим буданд.Баҳори соли 1958 ба Душанбе ба факултети физикаю математика профессор Чердинсев В.В. – мудири «Пажӯҳишгоҳи муаммоҳои равандҳои ҳастаӣ дар қишри Замин»-и Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба сафари хидматӣ меояд. Дар сӯҳбати байни Чердинсев В.В. ва декани факултет Нарзуллоев Б.Н. масъалаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи физикаи ҳаста ба миён меояд. Қарор мешавад, ки дар байни Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ташкили корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи физикаи ҳаста ҳамкориҳо заруранд.Кор аз он ибтидо мегирад, ки хатмкардаи факултет Ином Бобоҷонов ба вазифаи лаборанти кафедраи физикаи эксперименталӣ ба кор таъин карда мешавад. Ӯ мебоист якчанд корҳои лабораториро аз физикаи ҳаста омода созад. Бобоҷонов И. ба шаҳри Алма-Ато ба ДДҚ ба сифати коромӯз барои иштирок кардан ба дарсҳои фанҳои тахассусӣ, фанҳои физикаи атому ҳаста, сохтани дастгоҳҳои озмоиши ва иштирок дар экспедитсия оид ба таҳқиқи равандҳои вайроншавии ҷуфтият дар реаксияи забти мю-мезон аз ҷониби ҳастаи атомҳои унсурҳои гуногун сафарбар гардид. Соли 1959 И.Бобоҷонов дар қатори мутахассисони қазоқ дар экспедитсия оид ба таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ, ки дар мавзеъи Чечектии ноҳияи Мурғоб, дар истгоҳи нурҳои кайҳонии баландкӯҳӣ барпо шуд, иштирок мекунад.Сипас, дар раёсати ДДТ бо иштироки профессор Чердинсев В.В. ба қароре меоянд, ки дар назди кафедраи физикаи эксперименталӣ (мудири кафедра Нарзуллоев Б.Н.), ихтисоси физикаи ҳаста кушода шавад ва баъдан ин ихтисос ба кафедра табдил ёбад. Соли таҳсили 1960-1961 дар назди кафедраи физикаи эксперименталӣ, бо ташаббуси Нарзуллоев Б.Н. ва Чердинсев В.В. ихтисоси физикаи ҳаста тасис дода мешавад. Бо таклифи Чердинсев В.В. номзади илмҳои физикаю математика аз ДДҚ Кашкаров Л.Л.-ро бо мақсади дар оянда таъин кардан ба вазифаи мудири кафедраи физикаи ҳаста даъват менамоянд. Баъдтар корманди ДДҚ Иваненко В.М., мутахассиси соҳаи электроника Рязанов Д.К. низ ба ин самт ҷалб карда мешаванд. Дарсгӯй аз физикаи атому ҳаста дар доираи физикаи умумӣ ва фанҳои тахассусӣ ба зиммаи ин мутахассисон вогузор шуда буд.Оғози соли 1960 дар ДДТ ва Шӯъбаи физикаю математикаи АИ ҶТ зери роҳбарии профессор Чердинсев В.В. дар мавзӯии «Тақиқи вайроншавии ҷуфтият ҳангоми забти мю-мезон аз ҷониби ҳастаҳои гуногун» корҳои илмӣ – таҳқиқотии муштарак оғоз меёбанд.Тобистони соли 1960 аввалин экспедитсияи Шӯъбаи физикаю математикаи АИ ҶТ, бо роҳбарии И. Бобоҷонов ва ДДТ зери сарварии Л.Л. Кашкаров дар мазеъи Чечектии Помир шурӯъ мешавад. Дар ин экспедитсия коромӯз Ғафуров В. ва донишҷӯён Азизқулов Н., Гарданшоев М. ва Шукуров Я. иштирок доштанд ва онҳо дар асоси натиҷаҳои ба даст омада рисолаҳои дипломӣ дифоъ намуданд.Соли хониши 1962-1963 кафедраи физикаи ҳаста таъсис меёбад ва аввалин мудири он Л.Л. Кашкаров интихоб мегардад.Бо боварии комил бояд гуфт, ки саркардагони кафедраи физикаи ҳаста Чердинсев В.В., Нарзуллоев Б.Н. ва Бобоҷонов И.Б. мебошанд.Дастовардҳои нодири илмии устод И. Бобоҷонов чандин маротиба аз ҷониби олимини ҷавони АМИТ матраҳ шудаанд ва боз рузҳои наздик матраҳ мешаванд.Устодон ва кормандони кафедраи физикаи ҳаста ва факултети физика устоди гиромиро бо ин ҷашни фархундаву зебо табрик намуда ба устод умри бобаракати боз ҳам тӯлониву пурғановатро орзӯманданд.
Мудири кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ, д.и.ф.-м., профессор Махсуд Барот Исломзода