Вобаста ба тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, донишомӯзиву хониши намунавӣ, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ имрӯз (28.10.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии навбатии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини Донишгоҳ бо донишҷӯёни факултетҳои фалсафа ва физика баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин вобаста ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиши илмҳои замонавӣ, рафтору гуфтори намунавӣ сухан намуда, таъкид доштанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон ин таҳсили аъло ва рафтори шоиста дар миёни ҷомеа мебошад.
Дар охир масъулин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканӣ, гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он сухан гуфтанд.








