Парчам яке аз муҳимтарин рамзест, ки ҳуввият, фарҳанг, таърих ва ваҳдати миллатро инъикос мекунад. Он на танҳо маҷмӯи рангу рамзҳо, балки заминаи амиқи арзишмандест, ки дар атрофи он ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ташаккул меёбад. Нақш ва арзишҳои парчамро барои як давлат метавон тавассути якчанд ҷанбаҳои асосӣ баррасӣ кард.1. Нишони ҳувияти миллӣ. Парчам ягонагии миллат буда, муаррифгари он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Рангҳо ва унсурҳои парчам аксар вақт бо рӯйдодҳои таърихӣ, хусусиятҳои ҷуғрофӣ ё анъанаҳои фарҳангӣ, ки асоси ҳувияти миллиро ташкил медиҳанд, алоқаманданд. Масалан, тоҷ ифодагари соҳибихтиёрӣ, шаъну шараф ва анъанаҳои давлатдории тоҷикон мебошад.2. Нақши муттаҳидкунанда. Парчам метавонад шаҳрвандонро новобаста аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ муттаҳид созад. Дар лаҳзаҳои душвор, аз қабили ҷангҳо, офатҳои табиӣ ё бӯҳронҳои сиёсӣ, парчам ба нишони ҳамбастагӣ табдил меёбад, ки одамонро барои дастгирии ҳамдигар ва бартараф кардани мушкилот якҷоя илҳом мебахшад.3. Ифодаи сохибихтиёри ва истиқлолият. Парчам нишонаи расмии соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти он мебошад. Барафрохтани парчам дар биноҳои ҳукуматӣ ё нишастҳои байналмилалӣ ба мақоми кишвар ҳамчун як ниҳоди мустақил дар равобити байналмилалӣ таъкид мекунад. Гузашта аз ин, забт кардан ё нобуд кардани парчам дар замони муноқишаҳои низомӣ аксар вақт ҳамчун кӯшиши паст задани соҳибихтиёрӣ ва шаъну эътибори миллат қабул карда мешавад.4. Сарчашмаи ифтихори миллӣ. Парчам ҳисси ифтихорро аз дастовардҳои кишвари худ, хоҳ пирӯзӣ дар мусобиқоти варзишӣ, хоҳ кашфиётҳои илмӣ ва хоҳ дастовардҳои фарҳангӣ бедор мекунад. Дар рафти чорабиниҳои байналмиллалӣ, аз қабили Бозиҳои олимпӣ, парчам рамзи шараф ва ифтихори тамоми миллат мегардад.5. Арзишҳо ва идеалҳо. Аксар вақт, рамзи парчам дорои идеалҳо ва арзишҳои калидӣ мебошад, ки давлатро роҳнамоӣ мекунанд. Масалан, ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз — нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. 6. Воситаи тарбияи ватандӯстӣ. Парчам дар барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ барои бедор кардани ҳисси муҳаббат ва эҳтиром ба Ватан дар шаҳрванд, бахусус ҷавонон, фаъолона истифода мешавад. Парчам танҳо як порчаи матоъ нест. Дар он вуҷуди миллат, гузашта, имрӯз ва ормонҳои ояндаи он мавҷуд аст. Нигоҳдорӣ ва эҳтироми он ҷузъи муҳими фарҳанги давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.РӮЗИ ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!
Ҳамроқулов Р.Б. н.и.ф-м., дотсенти кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон