ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНАМ!

337

Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчам таърихи чандинҳазорсола дорад. Ин рамзи муқаддаси давлатӣ дар марҳалаҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз санаи 24 августи соли 1990 заминаҳои ҳуқуқии худро дар Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон пайдо намуда буд. Аз ҷумла дар моддаи 18 Эъломияи истиқлолияти давлатӣ муқарар шудааст, ки Нишони миллӣ, Парчам ва Суруди миллӣ рамзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Дар ҳамин асос Шурои Олии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 “Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард.

Ҳамин тавр вобаста ба ҳар як рамзи давлатӣ бо Қабули қонун низомномаҳои алоҳида қабул гардиданд. Аз ҷумла 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Баъдан бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 3 муқаррар гардид, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ мебошад. Баъд аз қабули Конститутсия зарурияти қабули ҳамаи қонунҳо бо тарҳи нав мутобиқ ба давлати соҳибистиқлол ва ягона ба миён омад. Дар ин раванд санаи 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он танзими ҳуқуқии ҳарсеи рамзҳои давлатии мо Нишон, Парчам ва Суруди миллиро муайян кард. Бо ҳамин Қонун тартибу ҷои парафшонии Парчаи давлатӣ, уҳдадории ҳар як шахс ҷиҳати эҳтиром ба он, ҷавобгар низ барои вайрон кардани қонуни мазкур муқаррар гардид.

Ҳамасола дар арафаи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми корхонаю муассисаҳо бахшида ба гиромидошти Парчам, ки ифодагари соҳибдавлатии мардуми тоҷикро муаррифӣ мекунад, бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Кафедраи астрономия низ як ҷузъи навини давраи Истиқлолият буда, маҳз бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1999 №13/4-16,1-2 кафедраи астрономия бо ихтисоси ҳамном, дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона дар назди факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсис ёфтани кафедраи астрономия дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Чунки тобистони соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох боздид ба амал овард. Дар он муддат Расадхона комилан валангор буда, пурра корношоям буд. Роҳбарияти вақтинаи Академияи миллии Тоҷикистон ва Институти астрофизика нарасидани мутахассисонро баҳона намуданд. Қайд карда шуд, ки баъд аз пош хӯрдани Ҳокимияти шӯравӣ қисми зиёди мутахассисони соҳаи астрофизика ба давлатҳои дигар кӯч бастанд. Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити истиқлолияти Тоҷикистон барои бо мутахассисин таъмин намудани Расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани тадқиқотҳои кайҳонӣ зарур аст, ки кафедраи астрономия дар базаи яке аз донишгоҳҳои олӣ кушода шавад. Кафедраи астрономия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кафедрае мебошад, ки аз рӯи ихтисоси астрономия мутахассисони ҷавонро тайёр мекунад. Вазифаи асосии кафедра аз тайёр намудани мутахассисони соҳаи астрономия барои институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва баъзе соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ иборат аст.

Ифтихори миллии мо Парчам аст!

Рамзи сулҳу давлати мо Парчам аст!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Абдулҷалол Сафаров, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон