Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатӣ ва нишондиҳандаи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Он таърихи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва мақоми ҳар як кишварро таҷассум мекунад. Ҳар миллат дар парчами худ орзую омол, фарҳанг ва арзишҳои миллиашро инъикос менамояд.Маънои рамзии парчам. Парчам на танҳо як порчаи матоъ, балки рамзи ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландӣ мебошад. Он дар майдони ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ин миллат соҳиби тамаддун, таърих ва ҳувияти худ мебошад. Рангҳо, шаклҳо ва тарзи тарҳрезии парчамҳо маъноҳои гуногуне доранд. Масалан, дар парчами Тоҷикистони азизи мо се ранг мавҷуд аст:1. Ранги сурх – рамзи мубориза, ҷоннисорӣ ва истиқлолият.2. Ранги сафед – рамзи покӣ, сулҳ ва озодӣ.3. Ранги сабз – рамзи сарсабзӣ, ободонӣ ва табиати зебои кишвар. Нақши парчам дар зиндагии мардум-Парчам дар ҳама соҳаҳои ҳаёт мавқеи махсус дорад. Он дар маросимҳои расмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ барафрошта шуда, рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллатро таҷассум мекунад. Дар майдонҳои варзиш, ҳангоми пирӯзии варзишгарон, парчами миллӣ барафрохта шуда, эҳсоси ифтихор ва муҳаббатро ба ватан бедор мекунад. Дар кишвари маҳбуби мо ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванд рамзи ваҳдат ва иттиҳоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Парчами давлатӣ ба мо таъкид мекунад, ки истиқлолият ва якдилии худро ҳифз кунем ва барои рушду шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебоша Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» навишта шудааст, ки парчам ин пӯпаки абрешимиест, ки ба нӯги байрақ мебастанд.Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд. Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли парчам, нишон, суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ ва ғайра. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.
Балаҷонзода Сулаймон – докторанти Ph.D-и кафедраи физикаи назарявии факултети физикаи ДМТ.