Тибқи созишномаи байни ДМТ ва Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 1-31020102 – метеорология ва климатология, барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанни “Усулҳои статистикӣ дар гидрометеорология” ба Агентии обуҳавошиносӣ сафарбар гардиданд. Барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи Агентӣ ба донишҷӯён таълим дода шуд. Дар рафти гузаронидани дарсҳои амалӣ оид ба тарзи мушоҳида ва коркарди маълумотҳои мушоҳидашуда маълумот манзур гардид. Дарси мазкур аз ҷониби дотсенти кафедраи метеорология ва климатология факултети физика Муминов А.О., ва мутахассисони Агентӣ гузаронида шуд.Пайваста гузаронидани чунин дарсҳо мавҷуд будани назария дар амалияро баёнгар мебошад.