ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

3

Санаи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми Олии қонунгузори мамлакат Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тарақиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияю барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаистодааст.

Роҳбари давлат дар масъалаи вазъи сиёсии хориҷии кишвар, инчунин, бо назардошти таъсири дигари омилҳои беруна факту далелҳои зиёдро барраси намуда зикр карданд, ки барои пешгири кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақти андеша намуда, рушди устувори иқтисодиёти миллиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Пешвои миллат ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум арзёби намуданд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар соли 2025 дар самти ташакули иқтисоди сабз ва рақамикуниҳои хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои мушахас андешида шавад, инчунин, истифодаи технологияҳои муосир, пайванди илм бо истеҳсолот ва ихтироъкорию навоварӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар баробари ин бо мақсади вусъатбахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 -ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон (IT-технология) ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Илова ба ин, таъсис додан ва таъсис додани факултету кафедраҳои марбут ба ихтисосҳои зарурӣ ва барномасоз дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои рушди иқтисоди рақамӣ яке аз масъалаҳои калиди ҳисобидан мумкин аст, чунки аксари масъалаҳои ҳаёти рӯзмарраи инсон ва ҷомеъа айни замон бе истифодаи технологияи иттилоотӣ ғайри имкон аст.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида ба он этибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани рушди маориф ва илм дар таълиму тарбияи насли ҷавон, инчунин, дар масъалаи таёр намудани кадрҳои баландихтисос ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш доданд, ки аз якуми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф 30% ва маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои маориф 20% зиёд карда шаванд. Солҳои охир баланд бардоштани музди маоши ба хусус соҳаи маориф ин ҳама дастгирию ғамхориҳои маорифпарваронаи бе воситаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки сол то сол давлат ва Ҳукумати кишвар барои насли наврасу ҷавон садҳо иншоотҳои таҳсилоти таълимиро омода намуда истодаанд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеъа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт ва ояндаи давлат ва кишвар аз онхо вобастаги дорад.

Дар воқеъ Паёми солонаи Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Маҳмудов Изатулло н.и.ф.-м., дотсенти кафедраимошинҳои ҳисоббарор, системаҳо вашабакаҳои факултети физикаи ДМТ