ОМӮЗГОР – ЧАРОҒЕСТ ДАР ЗУЛМАТИ ҲАЁТ

995

Бахшида ба Рӯзи омӯзгор – якшанбеи аввали моҳи октябр

Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Воқеъан омӯзгор, муаллим ин тарбиятгар, ҳидоятгар ва мушкилкушои инсон аст. Омӯзгор чароғи равшанест, ки дар зулматҳои роҳи ҳаёт равшанӣ намуда, моро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Маҳз омӯзгор аст, ки инсонро бо донишу хирадаш аз доираи ҷаҳолат, нодонӣ ва хурофот мераҳонад. Ӯ инсонро илму дониш, касбу ҳунар омӯзонида, дар баробари волидайн ӯро ба камол мерасонад. Яке аз бузургони адабиёти мо Саъдии Шерозӣ дар эҷодиёти худ “Бустон” омӯзгорро ситоиш намуда, ҳаққи онро ҳатто аз ҳаққи падар болотар медонад ва мефармояд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В – аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Бе шак Саъдии бузург дуруст фармудааст, ки ҳаққи устод, омӯзгор муаллим аз ҳаққи падар бештар асту аз он пештар, зеро агар падар моро аз ҳаёт баҳра диҳаду моро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намояд, пас омӯзгор моро аз наҷот баҳра медиҳад. Аз наҷот баҳра додани омӯзгор ба он маъност, ки он бо хирад ва донишу заковати хеш моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз мушкилиҳои ҳаёту зиндагӣ моро наҷот медиҳад.

Омӯзгор ба шогирд чун манбаъи ҳамаи хушбахтиҳо, комёбиҳо, муваффақиятҳо ва сарфарозиҳо буда, ба зиндагии шоста ноил шудани он нақши аввалиндараҷа мегузорад. Натиҷаи кори омӯзгор ба зиндагӣ нуру сафо бахшида, касро ба зиндагӣ дилгарм мекунад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло хонандагон ва донишҷӯёнро зарур аст, ки ба қадри омӯзгоронашон бирасанд ва ба онҳо эҳтиром қоил бошанд. Панду насиҳатҳои онҳоро бипазиранду сахтгириашонро нисбат ба донишомӯзиашон чун кинаю адвот қабул накунанд. Зеро ҳар як эроде, ки омӯзгор ба шогирдон мегирад на ба зарари онҳо, балки ба фоидаи онҳост. Гуфаи омӯзгор ба шогирд агарчанде талху сахт ояд ҳам, он бояд сабур бошад, зеро ягон омӯзгор бадбахтии шогирдро интизор нест.

Мутаасифона баъзе шогирдон инро баъдтар дарк карда, баъдан пушаймон мешаванд, ки дигар суд надорад. Шоире дар ин бора мефармояд:

Гар туро талх ояд ҳарфи лаби омӯзгор,

Баъд ширин мешавад дар талхиҳои рӯзгор.

Хулоса, омӯзгор барои худшинос, худогоҳ миллатдӯст ва ватандӯст шудани насли наврас нақши муҳим мегузорад ва пешравии давлат дар ҳама соҳаҳо ба ӯ вобастагӣ дорад.

Устоди кафедраи астрономияифакултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Асоев Ҳусейн Ғиёсович