ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МУАЙЯН ШУДАНД

434

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуд. Аввалин маротиба дар донишгоҳ дар партави эълон шудани  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 давоми ду рӯз (29-30.03.2022) олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ Ибни Сино доир гардид.

Санаи 29-уми март дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён маросими ифтитоҳи олимпиадаи мазкур бо иштироки меҳмонон, аз ҷумла муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ва ректорони  муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмонон ва иштирокчиёнро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки  эълон шудани  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат боиси густариш ёфтани  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мегардад. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Гуфта шуд, ки дар партави ин ташаббуси беназир Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун донишгоҳи рақами яки ҷумҳурӣ ва маркази неруманди маърифат тасмим гирифт, ки олимпиадаи байналмилалиро аз фанни физика миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ монад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни суханронии хеш афзуд, ки «Имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ саноатикунонии босуръат ва гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ–индустриалӣ ба индустриалӣ–аграрӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намудааст, ки пеш аз ҳама, барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт ва  ташкили ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад. Татбиқи ҳадафи мазкур ба рушду пешрафти илмҳои дақиқ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ алоқамандии зич дорад. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ««Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».

Бо назардошти ҷойгоҳи волои илмҳои дақиқ ва нақши калидии он дар дастёбӣ ба дастовардҳову ихтирооти мухталиф, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки бо итминони комил ин ташаббус дар рушду пешрафти илмҳои дақиқ саҳми назаррас мегузорад.

Ҳамзамон бо ин, эълони ин бистсола дар эҳёсозии назарияву андешаҳои дар асоси илмҳои табииву дақиқ ва риёзӣ бунёдёфтаи нобиғаҳои гузаштаи миллати тоҷик саҳм хоҳад гузошт. Зеро мероси ниёгони мо танҳо бо осори адабӣ-бадеӣ ва ё фалсафӣ – назариявӣ маҳдуд намегардад, балки аз нобиғаҳои ин миллат дар илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ меросе ба ёдгор мондааст, ки  саҳми назарраси он дар пешрафти илми башарӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Аз ҷумла, фарзанди баруманду шинохтаи тоҷик Аб аорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуд. Аввалин маротиба дар донишгоҳ дар партави эълон шудани  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 давоми ду рӯз (29-30.03.2022) олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино, ки ин олимпиада ба бузургдошти ӯ бахшида шудааст, бузургтарин энсиклопедисти ҳама давру замон буда, дар баробари осори фалсафӣ, ахлоқӣ, адабӣ боз асарҳои зиёди риёзивию табиӣ ва тиббӣ ба мерос гузоштааст».

Сипас муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. дар робита ба ҷараёни олимпиада маълумот дода, изҳор дошт, ки дар донишгоҳ тамоми шароит барои баргузории олимпиадаи мазкур фароҳам оварда шудааст. Ба иттилои иштирокчиёни олимпиада расонида шуд, ки дар раванди баргузории олимпиада раёсати илм ва инноватсия ва факултети физикаи донишгоҳ  омодаи хизматрасонӣ мебошанд.

Баъд аз маросими ифтитоҳи олимпиада дар факултети физика иштирокчиён, ки беш аз 60 нафарро дар бар мегирифтанд, ба панҷ синфхона тақсим шуданд. Дар олимпиада дар баробари донишҷӯёни тоҷик, инчунин, донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Аз ҷониби масъулини олимпиада масъалаҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, вақти ҳалии масъалаҳо чор соат муайян гардид.

Нимаи дуюми рӯз, пас аз анҷоми олимпиада, иштирокчиён аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.

Санаи 30-юми март ғолибони олимпиадаи мазкур муайян гардид. Дар ҷамъбаст ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. ғолибонро табрик намуда, ба донишҷӯёни зерин диплом, медал ва мукофотпулӣ супорид.

Ҷойи аввал:

  1. Абдуллоҷон Юсупов – донишҷӯйи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе;

2. Қурбонзода Муҳсин – донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Ҷойи дуюм:

1. Ҷамшеди Рустам – донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

2. Умедҷон Тураев – донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ. 

Ҷойи сеюм:

  1. Ҷобири Қурбоналӣ – донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон;
  2. Матробиён Насим – донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон;
  3. Назриддинзода Саидҷон – донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ;
  4. Мирзомуратов Нусрат – донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон.

Ёдрас мешавем, ки ба иштирокчиёни фаъол дипломҳо ва китобҳои тозанашри устодони риштаи физикаи донишгоҳ тақдим гардид.