ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ФИЗИКАИ МУОСИР

6

Имрӯз дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф (солҳои 2020-2040)» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Ҳолат ва дурнамои рушди физикаи муосир» баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, унвонҷӯён ва докторантон аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои мубрами рушди физикаи муосир мавриди муҳокима қарор гирифта, маърӯзаҳои илмӣ дар самтҳои афзалиятнок пешниҳод гардиданд.

Аз ҷумла, дар конференсия масъалаҳо оид ба физикаи плазма ва разрядҳои газӣ, омӯзиши муҳитҳои мураккаб ва магнитӣ, физикаи гармӣ ва равандҳои интиқол, инчунин,моделсозии математикӣ ва рақамии равандҳои физикӣ баррасӣ шуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки илми физика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди босубот қарор дошта, натиҷаҳои бадастомада барои мутобиқсозии таҳқиқот ба талаботи илми ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Иштирокчиён дурнамои рушди минбаъдаи соҳа ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст таъкид карда шуд, ки конференсияи байналмилалии мазкур барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, табодули таҷриба, таҳкими робитаҳои илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар соҳаҳои физика ва муҳандисӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.